Ҷазои ронандаи тоҷик барои нақзи намоишкоронаи қоидаҳо дар Тюмен - видео

109
Нозироти давлатии автомобилӣ дар шаҳри Тюмен шаҳрванди Тоҷикистонро барои нақзи намоишкоронаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима баста, хостори санҷиши ҳузури қонунияш дар Русия шудааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон барои идораи хатарноки мошин дар хиёбони марказии Тюмен дастгир шудааст, хабар дод котиботи Нозироти давлатии автомобилии вилоят.

Ба иттилои манбаъ, муҳоҷири 19-сола аз Тоҷикистон дар маркази Тюмен муқобили хатти ҳаракат мошинашро рондааст. Дар навор дида мешавад, ки мошини “Приора” бо шишаҳои сиёҳ ба қафо ҳаракат мекунаду сигнал медиҳад.

Дастгиршуда изҳор доштааст, ки қоидаро барои хушгузаронии вақт вайрон кардаасту ин лаҳзаро як дӯсташ ба навор гирифтааст. Баъдан навор дар шабакаҳо нашр гардида, баҳсбарангез шуд.

Ронандае, ки дар як дақиқа 15 маротиба қонуншиканӣ кард, боздошт шуд - аксу навор

Нозирони роҳ ронандаи ҷавонро барои вайрон кардаи қоида ба андозаи 2 ҳазор рубл ҷарима баста, ба идораи муҳоҷират дар мавриди санҷиши қонунӣ будани ҳузури ин шаҳрванд дар қаламрави Русия дархост фиристодаанд.

109
Барчаспҳо:
роҳ, Тюмен, қонун, Тоҷикистон
Маршрутное такси в Худжанде

Роҳкирои мусофирбарӣ дар шаҳрҳои Суғд баланд шуд - шарҳи мақомот

585
(Таҷдидшуда 12:05 06.03.2021)
Дар пайи гарон шудани қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ, нархи роҳкирои мусофирбарии дохилишаҳрӣ дар вилояти Суғд ба 1 сомониву 50 дирам баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. То ин вақт арзиши роҳкиро дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 1, 3 сомонӣ буд ва бар асоси нархномаи нав бештар аз 15% баланд шудааст.

Олимҷон Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби тағйир ёфтани нархи роҳкиро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, фармоиши вазорати нақлиёт "Оид ба тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ" ҳанӯз соли 2018 ба тасвиб расида буд, вале ширкатҳои мусофирбарӣ то ин вақт, тибқи нархномаи пештара, яъне бо 1 сомонию 30 дирам ба мардум хизмат мерасониданд.

Аммо баланд рафтани қиммати маводи сӯхт аз ҷумлаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба ин ҳол ба тағйир ёфтани нархи роҳкиро ногузир шуд.

"Шумори бештари мусофирбарҳо тавасути сӯзишвории дизелӣ фаъолият мекунанд. Ҳоло нархи як литр дизел аз 5, 8 сомонии соли қаблӣ ба 7, 5 - 8 сомонӣ ва қимати бензин аз 6 то 8 сомонӣ дакка хурдааст. Нархномаи қаблии роҳкиро, барои ронандаҳо хароҷотбор гардид ва аз ин лиҳоз тибқи иҷрои фармоиши вазорати нақлиёт ва дар мувофиқа ба ҳукумати вилоят арзиши роҳкирои дохилишаҳрӣ аз санаи 4 уми марти соли ҷорӣ 1, 5 сомонӣ муқаррар карда шуд", - гуфт Очилзода.

Ин масъули идораи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд ҳамчунин таъкид намуд, ки роҳкиро танҳо дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ тағйир ёфта, нарх дар хатсайрҳои байнишаҳриву байниноҳиявӣ бетағйир боқӣ мондааст.

Зимнан ба иттилои масъулин дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Истаравшан, шаҳракҳои Ғафуров, Шайдон, Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ ва Навкати ноҳияи Спитамен хатсайрҳои дохилишаҳрӣ амал мекунанд.

Дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоби микроавтобусҳо, автобусҳо амал мекунанд.

Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон

Масъулини идораи нақлиёт гуфтанд, ки нархи мусофирбарии дохилишаҳрӣ, барои автобусҳо бетағйир буда, 1 сомонӣ муқаррар шудааст.

585
Барчаспҳо:
Суғд, мусофирбарӣ, гароншавӣ

Тоҷикистон бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

3180
(Таҷдидшуда 16:45 05.03.2021)
Сар аз 5 март тоҷикистониён имкони сафар намудан ба як давлати дигар тариқи ҳавопайморо дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Гурҷистон марзи худро ба рӯи Тоҷикистон боз кард ва акнун тоҷикистониён бо пешниҳод кардани ташхиси манфии коронавирус метавонанд тариқи ҳавопаймо ба ин кишвар сафар кунанд, менависад сомонаи ҳукумати Гурҷистон.

Гуфта мешавад, ташхиси коронавирус 72 соат қабл аз парвоз самти Гурҷистон гирифта шавад ва натиҷаи он албатта бояд манфӣ бошад.

Сарвазири Гурҷистон, Иракли Гарибашвили фармон дод, то рӯйхати кишварҳоеро васеъ кунад, ки шаҳрвандонашон дар сурати доштани натиҷаи манфии санҷиши коронавирус ба ҷумҳурӣ биоянд.

Ба ин рӯйхат чор давлати Осиёи Марказӣ шомил шуданд.

Ба ҳамин минвол, равобити ҳавоӣ миёни Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон расман боз шуд.

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

Қаблан, Гурҷистон аз 1 март парвозҳои мустақимро бо Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус ва Русия аз сар гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки чанде пеш парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Қазоқистон низ аз сар гирифта шуд.

3180
Барчаспҳо:
парвоз, Гурҷистон, Тоҷикистон
День 7 марта

Ихтироъи дастгоҳи телефон: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:02 06.03.2021)
Рӯзи ҳафтуми март дар Албания – Рӯзи омӯзгор, дар Лаос – Рӯзи собиқадорон, дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа мебошад

Рӯзи 7 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.

Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк  алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.

Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.

Соли 2013  маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

Рӯзи 7 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри  Коломбо дастаи футболи  ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 март

  • Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.
  • Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.
  • Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

Рӯзи 7 март кӣ ба дунё омадааст

Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.

Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.

Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.

Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.

Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).

Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон