Русия марзашро ба роҳи оҳан кушод: бо кадом давлат?

3448
(Таҷдидшуда 19:06 03.02.2021)
Аз Русия акнун тариқи роҳи оҳан низ сафар кардан иҷозат шуд, аммо марз барои қаторҳои роҳи оҳан, танҳо бо як кишвар боз шуд

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Русия иртиботи роҳи оҳан бо Белорусро аз сар мегирад, хабар медиҳад вебгоҳи сарвазири Русия.

Қарори аз сар гирифтани роҳи оҳан ба Белорусро сарвазир Михаил Мишустин ба тасвиб расонд. Зимнан, кушода шудани роҳи оҳан ба Белорусро Ситоди фаврӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус низ тасдиқ намудааст.

Бар тибқи қарор мазкур, иртибот аз 8 феврал дар масири Минск - Маскав - Минск ва Маскав - Калининград, Калининград - Санкт-Петербург барқарор карда мешавад.

Илова бар ин, хабар дода мешавад, ки парвозҳо миёни Русия ва Белорус низ афзоиш меёбанд.

Зимнан, Русия парвозҳоро бо Озарбойҷон ва Арманистон низ ба роҳ мемонад.

Ҳукумати Русия шарҳ додааст, ки парвозҳо байни кишварҳо аз 15 феврал оғоз мешаванд.

Қарор дар бораи барқарор кардани парвозҳо бо сабаби беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ гирифта шудааст.

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Дар ҳоли ҳозир, сокинони Федератсияи Русия метавонанд ба зиёда аз 15 кишвар аз қабили Белорус, Миср, Қазоқистон, Куба, Қирғизистон, АМА, Сербия, Туркия, Танзания, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра парвоз кунанд.

Равобит миёни Тоҷикистону Русия дар самти роҳи оҳан ҳамоно баста аст. Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия Иммомуддин Сатторов гуфт, ки дар бораи кушодани роҳи оҳан дар вазъи мусоиди эпидемологӣ фикр доранд ва пешниҳодҳо низ ба ҳукумат ва Ситоди фаврӣ ирсол шудааст.

3448
Барчаспҳо:
роҳи оҳан, марз, Русия
Маршрутное такси в Худжанде

Роҳкирои мусофирбарӣ дар шаҳрҳои Суғд баланд шуд - шарҳи мақомот

440
(Таҷдидшуда 12:05 06.03.2021)
Дар пайи гарон шудани қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ, нархи роҳкирои мусофирбарии дохилишаҳрӣ дар вилояти Суғд ба 1 сомониву 50 дирам баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. То ин вақт арзиши роҳкиро дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 1, 3 сомонӣ буд ва бар асоси нархномаи нав бештар аз 15% баланд шудааст.

Олимҷон Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби тағйир ёфтани нархи роҳкиро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, фармоиши вазорати нақлиёт "Оид ба тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ" ҳанӯз соли 2018 ба тасвиб расида буд, вале ширкатҳои мусофирбарӣ то ин вақт, тибқи нархномаи пештара, яъне бо 1 сомонию 30 дирам ба мардум хизмат мерасониданд.

Аммо баланд рафтани қиммати маводи сӯхт аз ҷумлаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба ин ҳол ба тағйир ёфтани нархи роҳкиро ногузир шуд.

"Шумори бештари мусофирбарҳо тавасути сӯзишвории дизелӣ фаъолият мекунанд. Ҳоло нархи як литр дизел аз 5, 8 сомонии соли қаблӣ ба 7, 5 - 8 сомонӣ ва қимати бензин аз 6 то 8 сомонӣ дакка хурдааст. Нархномаи қаблии роҳкиро, барои ронандаҳо хароҷотбор гардид ва аз ин лиҳоз тибқи иҷрои фармоиши вазорати нақлиёт ва дар мувофиқа ба ҳукумати вилоят арзиши роҳкирои дохилишаҳрӣ аз санаи 4 уми марти соли ҷорӣ 1, 5 сомонӣ муқаррар карда шуд", - гуфт Очилзода.

Ин масъули идораи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд ҳамчунин таъкид намуд, ки роҳкиро танҳо дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ тағйир ёфта, нарх дар хатсайрҳои байнишаҳриву байниноҳиявӣ бетағйир боқӣ мондааст.

Зимнан ба иттилои масъулин дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Истаравшан, шаҳракҳои Ғафуров, Шайдон, Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ ва Навкати ноҳияи Спитамен хатсайрҳои дохилишаҳрӣ амал мекунанд.

Дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоби микроавтобусҳо, автобусҳо амал мекунанд.

Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон

Масъулини идораи нақлиёт гуфтанд, ки нархи мусофирбарии дохилишаҳрӣ, барои автобусҳо бетағйир буда, 1 сомонӣ муқаррар шудааст.

440
Барчаспҳо:
Суғд, мусофирбарӣ, гароншавӣ

Тоҷикистон бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

2839
(Таҷдидшуда 16:45 05.03.2021)
Сар аз 5 март тоҷикистониён имкони сафар намудан ба як давлати дигар тариқи ҳавопайморо дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Гурҷистон марзи худро ба рӯи Тоҷикистон боз кард ва акнун тоҷикистониён бо пешниҳод кардани ташхиси манфии коронавирус метавонанд тариқи ҳавопаймо ба ин кишвар сафар кунанд, менависад сомонаи ҳукумати Гурҷистон.

Гуфта мешавад, ташхиси коронавирус 72 соат қабл аз парвоз самти Гурҷистон гирифта шавад ва натиҷаи он албатта бояд манфӣ бошад.

Сарвазири Гурҷистон, Иракли Гарибашвили фармон дод, то рӯйхати кишварҳоеро васеъ кунад, ки шаҳрвандонашон дар сурати доштани натиҷаи манфии санҷиши коронавирус ба ҷумҳурӣ биоянд.

Ба ин рӯйхат чор давлати Осиёи Марказӣ шомил шуданд.

Ба ҳамин минвол, равобити ҳавоӣ миёни Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон расман боз шуд.

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

Қаблан, Гурҷистон аз 1 март парвозҳои мустақимро бо Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус ва Русия аз сар гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки чанде пеш парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Қазоқистон низ аз сар гирифта шуд.

2839
Барчаспҳо:
парвоз, Гурҷистон, Тоҷикистон
Молоток судьи, архивное фото

Ҳукми марде, ки ноболиғро наздикии истгоҳи Душанбе - Ваҳдат таҷовуз карду кушт, эълон шуд

153
Барои ин амали даҳшатбор, сокини 37 - солаи шаҳри Ваҳдат ба ҷазои як умр маҳрум шудан аз озодӣ маҳкум шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Додгоҳи олӣ ҳукми сокини 37 - солаи шаҳри Ваҳдатро эълон кард, ки дар куштор ва таҷовуз ба номуси ноболиғ айбдор дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Прокуратураи Тоҷикистон, Раҷабов Зафар Сафархоҷаевич акнун як умр аз озодӣ маҳрум шуд ва дар колонияи ислоҳии низомаш махсус нигаҳдорӣ мешавад.

Номбурда моҳи августи соли гузашта аз назди бозорчаи 9 - уми шаҳри Душанбе, ноболиғ Сафарова Зулоларо бо мақсади қонеъ намудани талаботи шаҳвонии худ ба истгоҳи шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат ба ҷойи хилваттар бурда, хост ба номуси ӯ дастдарозӣ кунад.

Манбаъ меафзояд, чун ноболиғи 10 - сола муқобилият нишон дод, маҳкумшуда ба рӯи ӯ як зарбаи сахт зад, ки дар натиҷа хурдсол ба замин афтода, сараш ба санг сахт бархӯрд.

Гуфта мешавад, аз ҷароҳати вазнини бардошта, Зулолаи 10 - сола дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Аз вазъи оҷизонаи духтар истифода намуда, Раҷабов ба номуси ӯ таҷовуз кард ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тафсилоти куштори як зан дар Ҳисор: аввал ӯро маст ва сипас таҷовуз карда, кушт - навор

Ба ҳамин минвол, бо ҳукми Додгоҳи Олӣ,  Раҷабов  дар асоси моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои "в, л" ва 138 қисми 3 банди "а"- и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 4 Кодекси ҷиноӣ ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш махсус, таъйин карда шуд.

Дар робита ба таҷовузи ноболиғон дар Тоҷикистон,  Раиси Кумитаи занон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотии ахир гуфта буд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ давоми як соли гузашта ба номуси 9 ноболиғ дастдарозӣ шудааст.

153
Барчаспҳо:
таҷовуз, ноболиғ, ҳукм, Додгоҳи олӣ