Пассажирский самолет

Хатсайр аз Иркутск ба Тоҷикистон кушода шуд, вале парвоз номумкин аст: чаро?

593
(Таҷдидшуда 18:28 08.02.2021)
Аз ҷиҳати назариявӣ аз фурудгоҳи Иркутск ба кишварҳои Осиёи Марказӣ парвоз кардан мумкин аст, аммо амалан ин кор ғайри имкон аст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар Иркутск парвозҳои мунтазами байналмилалӣ расман иҷозат дода шудаанд, аммо ягон ҳавопаймо ба хориҷ парвоз намекунад, менависад рӯзномаи "Областная" бо истинод ба хадамоти матбуотии фурудгоҳи Иркутск.

Ин дар ҳолест, ки марзҳои аксари кишварҳои хориҷӣ ҳанӯз ҳам бастаанд.

Дар ҳоли ҳозир фурудгоҳи Иркутск метавонад ба мусофирон фақат нӯшидани чой дар терминали байналмилалиро пешниҳод кунад.

Русия парвозҳоро бо ду кишвари дигар ба роҳ монд

"Оҳиста-оҳиста вазъи ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ мӯътадил мешавад, аммо барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам вақт лозим аст", -  гуфтанд дар дафтари матбуоти фурудгоҳ.

Расулзода озими Маскав шуд: масъалаи парвозҳои мунтазам ҳал мешавад?

Намояндагони фурудгоҳ гуфтанд, омодаанд парвозҳо ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро анҷом диҳанд, аммо то ба ҳол ширкатҳои ҳавоиро ҷустуҷӯ доранд.

593
Барчаспҳо:
оғоз, парвоз, Иркутск, Тоҷикистон
Маршрутное такси в Худжанде

Роҳкирои мусофирбарӣ дар шаҳрҳои Суғд баланд шуд - шарҳи мақомот

420
(Таҷдидшуда 12:05 06.03.2021)
Дар пайи гарон шудани қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ, нархи роҳкирои мусофирбарии дохилишаҳрӣ дар вилояти Суғд ба 1 сомониву 50 дирам баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. То ин вақт арзиши роҳкиро дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 1, 3 сомонӣ буд ва бар асоси нархномаи нав бештар аз 15% баланд шудааст.

Олимҷон Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби тағйир ёфтани нархи роҳкиро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, фармоиши вазорати нақлиёт "Оид ба тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ" ҳанӯз соли 2018 ба тасвиб расида буд, вале ширкатҳои мусофирбарӣ то ин вақт, тибқи нархномаи пештара, яъне бо 1 сомонию 30 дирам ба мардум хизмат мерасониданд.

Аммо баланд рафтани қиммати маводи сӯхт аз ҷумлаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба ин ҳол ба тағйир ёфтани нархи роҳкиро ногузир шуд.

"Шумори бештари мусофирбарҳо тавасути сӯзишвории дизелӣ фаъолият мекунанд. Ҳоло нархи як литр дизел аз 5, 8 сомонии соли қаблӣ ба 7, 5 - 8 сомонӣ ва қимати бензин аз 6 то 8 сомонӣ дакка хурдааст. Нархномаи қаблии роҳкиро, барои ронандаҳо хароҷотбор гардид ва аз ин лиҳоз тибқи иҷрои фармоиши вазорати нақлиёт ва дар мувофиқа ба ҳукумати вилоят арзиши роҳкирои дохилишаҳрӣ аз санаи 4 уми марти соли ҷорӣ 1, 5 сомонӣ муқаррар карда шуд", - гуфт Очилзода.

Ин масъули идораи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд ҳамчунин таъкид намуд, ки роҳкиро танҳо дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ тағйир ёфта, нарх дар хатсайрҳои байнишаҳриву байниноҳиявӣ бетағйир боқӣ мондааст.

Зимнан ба иттилои масъулин дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Истаравшан, шаҳракҳои Ғафуров, Шайдон, Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ ва Навкати ноҳияи Спитамен хатсайрҳои дохилишаҳрӣ амал мекунанд.

Дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоби микроавтобусҳо, автобусҳо амал мекунанд.

Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон

Масъулини идораи нақлиёт гуфтанд, ки нархи мусофирбарии дохилишаҳрӣ, барои автобусҳо бетағйир буда, 1 сомонӣ муқаррар шудааст.

420
Барчаспҳо:
Суғд, мусофирбарӣ, гароншавӣ

Тоҷикистон бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

2834
(Таҷдидшуда 16:45 05.03.2021)
Сар аз 5 март тоҷикистониён имкони сафар намудан ба як давлати дигар тариқи ҳавопайморо дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Гурҷистон марзи худро ба рӯи Тоҷикистон боз кард ва акнун тоҷикистониён бо пешниҳод кардани ташхиси манфии коронавирус метавонанд тариқи ҳавопаймо ба ин кишвар сафар кунанд, менависад сомонаи ҳукумати Гурҷистон.

Гуфта мешавад, ташхиси коронавирус 72 соат қабл аз парвоз самти Гурҷистон гирифта шавад ва натиҷаи он албатта бояд манфӣ бошад.

Сарвазири Гурҷистон, Иракли Гарибашвили фармон дод, то рӯйхати кишварҳоеро васеъ кунад, ки шаҳрвандонашон дар сурати доштани натиҷаи манфии санҷиши коронавирус ба ҷумҳурӣ биоянд.

Ба ин рӯйхат чор давлати Осиёи Марказӣ шомил шуданд.

Ба ҳамин минвол, равобити ҳавоӣ миёни Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон расман боз шуд.

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

Қаблан, Гурҷистон аз 1 март парвозҳои мустақимро бо Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус ва Русия аз сар гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки чанде пеш парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Қазоқистон низ аз сар гирифта шуд.

2834
Барчаспҳо:
парвоз, Гурҷистон, Тоҷикистон
Рэп-исполнитель Иван Алексеев, известный под псевдонимом Noize MC, архивное фото

Рэпер Noize MC фавран бистарӣ карда шуд

0
(Таҷдидшуда 16:21 06.03.2021)
Мусиқачии рус Иван Алексеев, ки бо чун Noize MC миёни ҳаводорони ҳунараш машҳур аст, фавран бистарӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Ҳунарманди рэпсарои рус Иван Алексеев, маъруф бо номи Noize MC, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ҳунарманд дар ин бора дар саҳифааш дар Instagram - и худ хабар додааст.

"Дар ҳавзи хуни худам, лағжида пас аз шиноварӣ, базӯр ба по хеста, ман на як бори дигар носилкаи ёрии таъҷилиро олуда кардаам: табибон аб маънои чунин мумкин нест,  сар меҷунбонанд" - навиштааст Noize MC дар шаҳри акси худ.

Дар дида мешавад, чӣ гуна ду табиб бо истифода аз таҷҳизоти махсуси тиббӣ Алексеевро барои табобат мебаранд.

Тибқи иттилои "Российская газета", худи ҳунарманд ёрии таъҷилиро даъват кардааст.

Сабаби муроҷиати ӯ ба табибон дарди шадиди сутунмӯҳра будааст.

Ситораи Tik Tok, зодаи Тоҷикистон Дина Саева табобат мегирад

Табибон аллакай барои Алексеев муоинаи заруриро гузаронидаанд. Ташхис нишон дода, ки ӯ гирифтори люмбаго ва илтиҳоби асаб аст.

0
Барчаспҳо:
бемористон, бистарӣ, Русия