Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Тасмими Ҳукумати Русия баъди дархости Расулзода барои оғози парвозҳо

9508
(Таҷдидшуда 15:26 10.02.2021)
Ҳукумати Русия дар пайи дархости Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон барои оғозои парвозҳо тасмим гирифтааст, як ҳайати коршиносони “Роспотребнадзор” - ро Тоҷикистон фиристад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Мутахассисони “Роспотребнадзор” вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистонро баҳогузорӣ хоҳанд кард, иттилоъ дод котиботи Ҳукумати Русия.

Созиш дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” зимни ҷаласаи комссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, ноиби раиси ҳукумати Русия ҳосил шудааст.

Ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки ин ҳайат эҳтимолияти вуруд ва паҳни коронавирусро баҳогузорӣ хоҳад намуд.

“Ҷонибҳо созиш карданд, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва накӯаҳволии инсон аз Тоҷикистон боздид карда, вазъи эпидемиологиро баҳогузорӣ кунанд. Ин ҳайат дар пайи омӯзиш ба Ситоди пешгирии вуруду паҳншавии коронавирус дар Русия гузориш хоҳад дод”, - таъкид кардааст Ҳукумати Русия.

Замимаи телефон: Оверчук ба Қоҳир Расулзода роҳи русияравиро гуфт

Дар баробари ин Оверчук ба Қоҳир Расулзода кори замимаи телефонии “Сайёҳат бе COVID-19" – ро нишон дода, пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон ба ин барнома пайваст шавад. Оверчук ҳадафи ин пешниҳодро таъмини вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия гуфтааст.

Гуфта мешавад, ки замимаи мобилии “Сайёҳати бе COVID-19" барои ҳаракати озоду бехатари шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё дар замони пандемия таҳия шудааст. Қаблан сарвазири Русия, Михаил Мишустин гуфт, ки аз 1 феврал ин замимаро метавонанд шаҳрвандони Русия, Арманистон ва Белорус истифода намоянд. Ӯ тавзеҳ дод, ки барои ин бояд замимаи мобилӣ боргирӣ шавад, дар он ташхисгоҳ барои гузаштан аз санҷиши тиббӣ интихоб гардад ва дар сурати набудани коронавирус, шахс метавонад ба Русия сафар кунад.

Ин пешниҳодҳои Русия дар ҳолеянд, ахиран Душанбеи расмӣ бо таъкиди беҳбуди вазъи эпидемиологӣ аз Маскав оғози парвозҳои мунтазамро дархост карда буд, ки дар замони пандемия мутаваққиф шуда буданд.

9508
Барчаспҳо:
парвоз, сафар, Русия, Тоҷикистон
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек

Cуҳбати Худоёрзода дар мақоми нав: бехатарӣ дар ҷои аввал меистад - видео

531
(Таҷдидшуда 09:49 27.02.2021)
Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки ба мақоми мудири техникии ширкати роҳбони IRS таъйин шудааст, вазъият дар роҳи Душанбе – Чаноқро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Худоёр Худоёрзода мегӯяд, рӯзи гузашта аз километри 47 то 73-юм боришоти сахт ба амал омад ва барои бехатарӣ, ки дар ҷои аввал меистад, ҳаракат барои то 6 соат манъ карда шуд.

Ӯ афзуд, тамоми техникаи ширкат ба кор дароварда шуда, роҳ аз ҳар ду тараф тоза карда шуд ва феълан монеае мавҷуд надорад.

Вазири нақлиёт пулакӣ кардани роҳро муфид гуфт

Худоёрзода мушкили ҷиддиро дар он гуфт, ки бисёри ронандаҳои воситаҳои нақлиёт бидуни чархҳои зимистона ба роҳ мебароянд, ки ин мушкилӣ эҷод мекунад.  

Мудири техникии ширкат, ки сари роҳ суҳбат мекард, таъкид намуд, ки феълан роҳ аз ҳарду тараф тоза мебошад.

Худоёр Худоёрзода моҳи августи соли гузашта бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ба нафақа фиристода шуд, дар ширкати роҳбони IRS вазифаи нав гирифт

Ин ширкат масъули нигоҳдории ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ Душанбе – Чаноқ мебошад.

531
Барчаспҳо:
нақлиёт, роҳ, бехатарӣ, Тоҷикистон
Пассажиры в зале ожидания аэропорта в городе Худжанде

Аз рухсатии бемузди кормандон то қарзи маош: зарбаи ҷиддии пандемия ба Фурудгоҳи Хуҷанд

495
(Таҷдидшуда 17:36 25.02.2021)
Парвоз нест, даромад ҳам нест: гуфта шуд, ки COVID-19, чи қадар ба хазинаи Фурудгоҳи Хуҷанд зарба задааст

ДУШАНБЕ, 25 фев – Sputnik. Бино ба маълумоте, ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ироа гардид, дар қиёс ба соли 2019, сатҳи даромади Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд соли гузашта 122 милиону 848 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Соли 2019 ин корхонаи вилояти Суғд ба андозаи 81 миллиону 660 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст оварда буд.

Юсуф Маюсуфов, котиби матбуотии Фурудгоҳи Хуҷанд иброз намуд, ки ба дунболи коҳиш ёфтани сатҳи даромад ҳаҷми хароҷот ҳам дар ин давра ба маблағи 34 милиону 819 ҳазор сомонӣ кам гардид.

“Фурудгоҳ натиҷаҳои молиявии худро дар соли 2020 ба маблағи 6 милиону 368 ҳазор сомонӣ зарар ҷамбаст намудааст”, гуфт Маюсуфов.

Масъулин дар нишасти матбуотӣ иброз намуданд, ки соли 2020, аз 2592 адад ҷамъи хатсайрҳои банақшагирифташуда, танҳо 619 парвоз сурат гирифта, бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19, 1979 парвози ҳавопаймоӣ иҷро нашудааст.

Фурудгоҳи Хуҷанд дар давраи ҳисоботӣ ба 152 621 мусофир хизмат расонидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 77 % коҳиш ёфтааст.

“Соли гузашта 94 ҳазору 528 мусофир гусел карда шуда ва ҳамагӣ 58 ҳазору 93 мусофир қабул карда шудааст. Ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса ба соли 2019, 510 ҳазору 814 мусофир кам гуфта мешавад”, гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз ҷониби ширкати ватании “Somon Air” ва ширкатҳои байналмиллалии “Сибир”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии”, “Рус Аэро”, “Tianjin Airnines” ва “Bon Air Havacilik” анҷом дода шудааст.

Роҳбарони Фурудгоҳи Хуҷанд ҳамчунин гуфтанд, ки бинобар қатъ гардидани парвозҳои мунтазами ҳавопаймоӣ ва коҳиш ёфтани ҳаҷми кору хизматрасонӣ, шурӯъ аз моҳи марти соли 2020, 70 % ё ҳудуди 600 нафар аз 824 кормандро ба рухсатии бемузд фиристодаанд.

Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?

Айни ҳол маблағи қарзи музди меҳнати кормандони ин корхона ба 1 миллиону 90 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон низ гуфта буд, солҳои қаблӣ бо фурудгоҳҳо мушкил дар андозсупорӣ надошт, аммо имсол Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 31 миллион сомонӣ қарздор шудааст.

Масъулин таъкид меварзанд, ки Фурудгоҳи Хуҷанд барои қабул ва гусели парвозҳои байналмилалӣ омода аст.

495
Барчаспҳо:
парвоз, фурудгоҳ, Суғд, Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Суҳбати вазир: аз гуфтушунид бо Маскав то нақшаи фиристодани муҳоҷирон ба дигар давлатҳо

181
(Таҷдидшуда 11:52 27.02.2021)
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, 95 дарсади муҳоҷирони меҳнатии кишвар ба Русия рост меоянд. Ӯ аз нияти Ҳукумат барои диверсификатсияи муҳоҷират ва фиристодани корҷӯёни тоҷик ба Корея, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб гуфт

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширин Амонзода мавзӯъҳои музокирот миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди муҳоҷирони меҳнатиро баён дошт.

Амонзода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки вазорат дар асоси дархости корфармоёни Русия, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, барои гирифтани иҷозаи вуруд ба ин кишвар тавассути хатсайрҳои чартерӣ гуфтушунид дорад.

Содагардонии ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасии авфи навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлат, дар бораи бо нафақа таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар Федератсияи Русия кор мекунанд, аз мавзӯъҳои дигари музокирот бо мақомоти рус мебошанд, хабар додааст Амонзода.

Вазири меҳнат ва муҳоҷират илова намудааст, ки солҳои охир бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.

Ӯ зикр намуд, ки аз ҷумла, соли 2018 бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва соли 2019 бо Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расид.

“Айни замон бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум бо Давлати Қатар гурӯҳи кории ҷонибҳо таъсис ёфта, 2 декабри соли 2020 ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ (тавассути муоширати визуалӣ) доир шуд, ки дар он масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд”, - изҳор доштаст вазир.

Амонзода таъкид кардааст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и назди вазорат бо ширкати “Роял фелком секюрити”-и Амороти Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ омода гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор дорад. Бо Ҷумҳурии Корея низ корҳо дар ин самт ҷараён доранд, изҳор доштаст вазир.

Ин талошҳо дар ҳолеянд, ки феълан масири асосии муҳоҷират Русия боқӣ монда, марзбандиҳо боис гардидааст, ки бисёре аз корҷӯён натавонистаанд ба ин кишвар сафар намоянд.

181
Барчаспҳо:
Русия, муҳоҷират, Тоҷикистон