Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Тармаю маҳдудиятҳо дар роҳи Душанбе Чаноқ: шарҳи IRS

925
(Таҷдидшуда 17:19 23.02.2021)
Ширкати роҳбони IRS аз тармафароиҳо ва ҷорӣ шудани маҳдудияти ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ хабар дод

ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Ба иттилои IRS, бинобар шадид ва давомдор будани бориши барф, бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар намуди воситаҳои нақлиёт, барои гузариши автомобилҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.  

Инчунин зуҳри имрӯз ширкати мазкур иттилоъ дод, ки дар километри 80-уми роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ тармаи калонҳаҷм фаромад, ки баландии он 10 ва паҳноияш 80 метр аст. Дар ин  замина ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуд.

“Аз беобӣ ба Сибир кӯч бастанд”: тафсилоти ҷолиби Фарҳод Раҳимӣ дар бораи гармшавии иқлим

Аммо баъди чанде ширкат дигарбора эълон намуд, ки кормандон дар муддати кутоҳ тармаро бартараф намуданд ва гузариши автомобилҳо имконпазир гардид. Айни замон корҳо баҳри пурра рафъ намудани пайомади тармафароӣ идома дорад, омадааст дар иттилоияи ширкат.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз номусоидии боду ҳаво хабар дода аз шаҳрвандон даъват намуда буданд, ки бидуни зарурати сахт сафар накунанду аз эҳтиёт кор бигиранд.

925
Барчаспҳо:
тарма, Душанбе-Чаноқ, Тоҷикистон
Маршрутное такси в Худжанде

Роҳкирои мусофирбарӣ дар шаҳрҳои Суғд баланд шуд - шарҳи мақомот

581
(Таҷдидшуда 12:05 06.03.2021)
Дар пайи гарон шудани қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ, нархи роҳкирои мусофирбарии дохилишаҳрӣ дар вилояти Суғд ба 1 сомониву 50 дирам баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. То ин вақт арзиши роҳкиро дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 1, 3 сомонӣ буд ва бар асоси нархномаи нав бештар аз 15% баланд шудааст.

Олимҷон Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби тағйир ёфтани нархи роҳкиро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, фармоиши вазорати нақлиёт "Оид ба тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ" ҳанӯз соли 2018 ба тасвиб расида буд, вале ширкатҳои мусофирбарӣ то ин вақт, тибқи нархномаи пештара, яъне бо 1 сомонию 30 дирам ба мардум хизмат мерасониданд.

Аммо баланд рафтани қиммати маводи сӯхт аз ҷумлаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба ин ҳол ба тағйир ёфтани нархи роҳкиро ногузир шуд.

"Шумори бештари мусофирбарҳо тавасути сӯзишвории дизелӣ фаъолият мекунанд. Ҳоло нархи як литр дизел аз 5, 8 сомонии соли қаблӣ ба 7, 5 - 8 сомонӣ ва қимати бензин аз 6 то 8 сомонӣ дакка хурдааст. Нархномаи қаблии роҳкиро, барои ронандаҳо хароҷотбор гардид ва аз ин лиҳоз тибқи иҷрои фармоиши вазорати нақлиёт ва дар мувофиқа ба ҳукумати вилоят арзиши роҳкирои дохилишаҳрӣ аз санаи 4 уми марти соли ҷорӣ 1, 5 сомонӣ муқаррар карда шуд", - гуфт Очилзода.

Ин масъули идораи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд ҳамчунин таъкид намуд, ки роҳкиро танҳо дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ тағйир ёфта, нарх дар хатсайрҳои байнишаҳриву байниноҳиявӣ бетағйир боқӣ мондааст.

Зимнан ба иттилои масъулин дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Истаравшан, шаҳракҳои Ғафуров, Шайдон, Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ ва Навкати ноҳияи Спитамен хатсайрҳои дохилишаҳрӣ амал мекунанд.

Дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоби микроавтобусҳо, автобусҳо амал мекунанд.

Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон

Масъулини идораи нақлиёт гуфтанд, ки нархи мусофирбарии дохилишаҳрӣ, барои автобусҳо бетағйир буда, 1 сомонӣ муқаррар шудааст.

581
Барчаспҳо:
Суғд, мусофирбарӣ, гароншавӣ

Тоҷикистон бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

3124
(Таҷдидшуда 16:45 05.03.2021)
Сар аз 5 март тоҷикистониён имкони сафар намудан ба як давлати дигар тариқи ҳавопайморо дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Гурҷистон марзи худро ба рӯи Тоҷикистон боз кард ва акнун тоҷикистониён бо пешниҳод кардани ташхиси манфии коронавирус метавонанд тариқи ҳавопаймо ба ин кишвар сафар кунанд, менависад сомонаи ҳукумати Гурҷистон.

Гуфта мешавад, ташхиси коронавирус 72 соат қабл аз парвоз самти Гурҷистон гирифта шавад ва натиҷаи он албатта бояд манфӣ бошад.

Сарвазири Гурҷистон, Иракли Гарибашвили фармон дод, то рӯйхати кишварҳоеро васеъ кунад, ки шаҳрвандонашон дар сурати доштани натиҷаи манфии санҷиши коронавирус ба ҷумҳурӣ биоянд.

Ба ин рӯйхат чор давлати Осиёи Марказӣ шомил шуданд.

Ба ҳамин минвол, равобити ҳавоӣ миёни Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон расман боз шуд.

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

Қаблан, Гурҷистон аз 1 март парвозҳои мустақимро бо Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус ва Русия аз сар гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки чанде пеш парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Қазоқистон низ аз сар гирифта шуд.

3124
Барчаспҳо:
парвоз, Гурҷистон, Тоҷикистон
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Дар Бадахшони Афғонистон 15 нафар зери тарма ҷон доданд

0
Тарма дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромадаст, ки зери назорати толибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар Афғонистон 15 нафар бар асари фаромадани баҳман ва ё тарма ҷон аз даст доданд.

Ба иттилои мақомоти Афғонистон, тарма рӯзи 4 март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромад, ки он зери назорати толибон қарор дорад.

Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.

Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.

0
Барчаспҳо:
тарма, Афғонистон