Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ: аз ҷанг то ҳамлаҳои хакерӣ

Тезу тунд шудани муносиботи Арманистону Озарбойҷон аз қабили муноқишаҳоест, ки ба қатори баҳсҳои "яхшуда" ё ба таъхир уфтода дохил мешавад. Ва чунин муноқишаҳо метавонанд тезу тунд гарданд ва дар ҳар замон тарканд. Чизе, ки айни замон ба вуқӯъ пайваст, чанд сабаб дорад, аз азъияти бади иқтисодӣ ва сиёсии ин кишварҳо то нооромии авзоъи дунёи мусоир.