Интихоботи президентӣ - 2020

Рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин шашумин интихоботи президентӣ дар таърихи қариб сисолаи Тоҷикистони мустақил мебошад.

Имсол барои баргузории интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ омода мешаванд. 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар дар Тоҷикистон шаҳрвандоне мебошанд, ки ҳуқуқи овоз доданро доранд.

Ҳамин тавр, то имрӯз чаҳор ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро ба маснади президенти Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд.