Сафари расмии дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия

Эмомалӣ Раҳмон 16 апрел бо сафари расмӣ вориди Русия шуд. Худи ҳамон рӯз, кишвардор бо раиси Думаи давлатии Русия - Вячеслав Володин, сарвазири кишвар Дмитрий Медведев ва намояндагони диаспораи тоҷикони Маскав мулоқт аст.

Имрӯз мулоқоти сатҳи олии кишварҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар назар аст.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳӣ мекунанд.