Чатрбозон (десантҳо) фуруд омаданд. Акс аз бойгонӣ

Нашри китоб дар бораи тоҷикистониёне, ки Украинаро озод кардаанд

36
(Таҷдидшуда 17:04 07.04.2015)
Дар Киев китоб дар бораи қаҳрамонии ҷанговарони Тоҷикистон, ки Украинаро аз асорати фашистони истилогар озод кардаанд, ба нашр мерасад. Он ба ҷашни Бузурги Пирӯзӣ бахшида мешавад

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон китоберо дар мавриди иштироки ҷанговарони Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои озодкунии Украина омодаи нашр кардаанд, омадааст дар хабари намояндагии дипломатӣ.

"Аснои ҷамъовари аснод ва ҷустуҷӯи сарбозони тоҷикистонӣ, ки дар ҷабаҳоти озодкунии Украина аз фашистони истилогар ширкат доштанд, чанд маълумоти дигар, аз ҷумла дар бораи онҳое, ки то ин замон беному нишон гум шуда буданд, пайдо гардид",- меафзояд манбаъ.

Ин китоб дар ҳамкорӣ бо Маҷмааи украинии "Осорхонаи миллӣ-таърихии ҶБВ дар солҳои 1941-1945" таҳия шуда, ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ОИ Авеста менависад, муаррифии асари мазкур 28 апрел сурат мегирад.

36
Барчаспҳо:
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Украина, Маҷмааи украинии “Осорхонаи миллӣ-таърихии ҶБВ дар солҳои 1941-1945, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Украина, Тоҷикистон

Путин санаи таҷлили Рӯзи Пирӯзиро эълом кард

975
(Таҷдидшуда 18:11 26.05.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия 24 июн таҷлил мешавад. Маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputniк. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи таҷлили 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзиро, 24 июн эълом кард.

"Фармон медиҳам, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз кунед", - гуфт ӯ зимни суҳбати видеоӣ бо вазири дифоъи кишвар.

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

Ҳам табобат мекарданд ва ҳам таъмин: саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм

Раҳбари кишвар ҳамчунин қайд кард, ки "Ҳанги ҷовидон" низ баргузор мешавад.

"Пешниҳод дорам, ки "Ҳанги ҷовидон" моҳе баъд 24 июл баргузор шавад. Ин Рӯзи қувваҳои обӣ мебошад". 

Вале, агар дар моҳҳои наздик хатари сироятшавӣ аз коронавирус чун имрӯз боқӣ монад, эҳтимол рӯзи баргузории "Ҳанги ҷовидон" ба таъхир меафтад.

975
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Рӯзи ғалаба, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳам табобат мекарданд ва ҳам таъмин: саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм

122
Саҳми бузурги Тоҷикистон дар пешрафти ғалаба на танкҳое, ки ба ёдгор монданд, балки деворҳои бемористонҳои эвакуатсионӣ, ки ёдгории зиндае аз фидокориҳои халқи тоҷик ба шумор мераванд

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокинони Тоҷикистон дар роҳи ғалаба саҳми бузург гузоштаанд. Дар байни онҳо на танҳо низомиён буданд, балки онҳое, ки кор мекарданд ва барои кӯмак ба сарбозони майдони ҷанг ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд.

Боз як саҳифаи қаҳрамононаи ҷумҳурӣ кори табибон ва ихтиёриён аст. Тоҷикистон воқеан хонаи дуввум барои даҳҳо ҳазор нафар аз муҳосирашудагони Ленинград, Маскав, Киев, Минск ва бисёр шаҳру деҳоти минтақаҳои ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ шуда буд.

Ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба, Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҷароҳатҳо, эвакуатсия ва муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумоти пешакӣ омода кард.

Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ-ро табрик кард: мо онҳоро фаромӯш нахоҳем кард

То соли 1942 дар Тоҷикистон 29 беморхонаи эвакуатсионӣ кушода шуд. Аксарияти онҳо дар Душанбе буданд, ҳамчунин дар Хуҷанд, Конибодом, Қӯрғонтеппа ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ бемористонҳо буданд.

Азбаски Тоҷикистон аз маҳали ҷанг дур буд, ба он ҷо аскарони ҷароҳати вазнин бардоштаро меоварданд. Онҳоро тавассути қаторҳои ёрии таъҷилӣ мерасониданд ва табибон дар он ҷо ҳолати онҳоро арзёбӣ карда ба бемористони махсус интиқол медоданд.

Ҳар як муассисаи тиббӣ тахасуси худро дошт: ҷарроҳии умумӣ, барои ҷароҳатҳои вазнин ва ҷароҳатбахшҳои неврологӣ, протезӣ ва ортопедӣ.

Аз сабаби набудани бинои тиббӣ, одамон бояд на танҳо дар беморхонаҳо, балки дар биноҳои маъмурӣ, мактабҳо, донишкадаҳо ҷойгир карда мешуданд. Ба ташкилотҳои хайриявӣ, ки ҷойгоҳҳо, катҳо, рӯйпӯшҳо, лавозимоти хоб ва асбобу анҷоми рӯзгорро таъмин мекарданд, кӯмак расонида мешуд.

Аксари маҷрӯҳон ба беморхонаҳо дар соли 1942 омада буданд. Инҳо муҳофизони Сталинград, Севастопол, Одесса ва Қафқоз буданд.

Табибон тавонистанд беш аз 50 ҳазор сарбози шӯравиро, ки тақрибан панҷ дивизияи пурраро ташкил мекарданд табобат кунанд. Тибқи омори солҳои ҷанг, ин рақам тақрибан 70% маҷрӯҳон ва 90% беморони ба ҷумҳурӣ овардашударо ташкил медиҳад.

Воқеан, кадрҳои нав барои эҳтиёҷоти беморхонаҳо дар маҳалҳо омода карда шуданд. Дар тӯли якуним сол, аз соли 1941 то 1942, ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯёнро аз донишгоҳҳоии тиббии Маскав, Ленинград, Киев, Одесса, ҳамагӣ 79 нафар интиқол доданд.

Русия ба Рӯзи ғалаба омодагӣ мебинад - акс

Табибоне, ки дар Тоҷикистон кор мекарданд, доруҳоеро ба соҳаи тибб пешниҳод карданд, ки имрӯз бомуваффақият дар дунё истифода мешаванд. Масалан, равғани арча - дар заминаи гиёҳҳои шифобахш, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон парвариш мешавад. Ин равған барои муолиҷаи беморони вазнин, ки сӯхтаҳои дараҷаи 1 ва 2 мебошанд, истифода мешуд.

Беморхонаҳои эвакуатсионӣ дар Тоҷикистон то аввали соли 1944 буданд. Вақте ки нерӯҳои шӯравӣ Украинаро озод карданд, як қисми госпиталҳо барои мустаҳкам намудани ёрии тиббӣ ба майдони ҷанг наздиктар карда шуданд. Якчанд постгоҳҳои тиббии дар Душанбе боқимонда ба беморхонаҳо табдил ёфтанд. Маъюбони ҷанг акнун дар он ҷо муолиҷа мешуданд.

Аскарон табобат шуда ба сафи пеш бармегаштанд. Онҳое, ки дигар аз сабаби саломатиашон ҷанг карда наметавонистанд касбҳои навро азхуд мекарданд. Дар аксар ҳолатҳо, онҳо барои кор ба фабрикаҳо мерафтанд.

Фарзандони сарбозони фронт дар лагерҳои кӯдакон ва хонаҳои истироҳатӣ ҷойгир карда мешуданд. Сокинони маҳаллӣ канор намонданд ва аксар вақт ятимонро ба оилаҳои худ мебурданд. Дар натиҷа, қариб 10 ҳазор кӯдакон дар хоки Тоҷикситон паноҳ ёфтанд ва як қисми кӯдакии худро дар он ҷое, ки аз даҳшати ҷанг дур буд, гузарониданд. Азбаски бисёриҳо аз он ҷо дигар ҷои баргаштан надоштанд дар ҷумҳурии меҳмондӯсти зиндагиашонро идома доданд.

122
Таджикская милиция объясняет душанбинцам как вести себя во время самоизаляции

Масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб: корҳои фаҳмондадиҳии милисаҳо дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 13:00 01.06.2020)
Милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи масофаи иҷтимоӣ, ниқоби тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нозирони минтақавии минлитсия пойтахт дар  минтақаҳои хизматии худ бо аҳолӣ ва сокинони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна, боғу гулгашт, дукону мағозаҳои ҳуроки умум ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Бино ба гузориши Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани Қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд.

"Дар ҷараёни ин чорабиниҳои профилактикӣ мушоҳида гардидаааст, ки дар баъзе аз боғу гулгашт ва маҳаллаҳои истиқоматӣ шаҳрвандон ба одитарин қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла масофаи иҷтимоиро риоя накарда, ҳамзамон аз ниқоби тиббӣ истифода намебаранд", - омадааст дар хбаранома.

Гуфта мешавад, ки ҳама муқаррарот ва тавсияи мутахассисони соҳа танҳо барои эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз ҳамагонро мебояд ин қоидаҳои пешбинишударо ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Тибқи иттилои манбаъ, нозирони минтақавии милитсия дар ҷараёни мулоқт бо шаҳрвандон иброз доштанд, дар ин марҳилаи басо муҳим ҳамагонро мебояд беш аз пеш аз тавсия ва маслиҳати мутахассисон кор гирифта, бетарфӣ ва бемасъулиятиро канор гузорем, зеро саломатӣ ин неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз ҳар як нафар вобастагии калон дорад.

"Дар ин марҳала саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан раисони маҳаллаву Дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар бари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд бисёр назаррас мебошад".

Бояд қайд намуд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби нозирони минтақавӣ ва Дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар тамоми боғу гулгаштҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои патрулӣ хизматбарӣ намуда, пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлубро мегиранд.

Ин аст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ махсусан боғу гулгаштҳои пойтахт ҳолатҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, поймол кардани сабзазору гулгаштҳо ва хароб сохтани дигар таҷҳизотҳои ороишӣ кам ба назар расида, бо гаштугузор намудани гурӯҳҳои патрулӣ чунин амалҳо пешгирӣ карда шуда, ободиву шукуфоии пойтахт нигоҳ дошта мешавад.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, қоидавайронкунӣ, Душанбе
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон