Тоҷикистони сурх, апрели соли 1942

Саҳифагардонӣ: халқи тоҷик ба торумори душман ҷонашро нисор мекунад

37
(Таҷдидшуда 15:52 02.06.2015)
Sputnik ба бознашри матолиби солҳои ҷангӣ, ки дар матбуоти тоҷик дар он солҳои дури 1941 ба табъ расида буданд, идома медиҳад.

Барои ғалаба!

Дар мо фронту ақибгоҳ яканд. Дар фронт ҷанговарони Армияи амалкунанда мубориза мебаранду дар ин ҷо ватандӯстони ақибгоҳ. Ҳар як азму ирода ва як мақсад доранд:

— Дар зери байрақи Ленин-Станлин ба пеш, ба торумор карда шудани истилогарони неметс! Халқи тоҷик тайёр аст, ки фикр зикр, илму дониш, ғайрату қувваи худро ба торумор карда шудани душман нисор кунад. Вақто ки халқ барои ҷанговарони худ дибоси гарм ҷамъ мекард, меҳнаткашони тоҷик дар баробари додани инъмоҳои калон чунин гуфтанд: "Ҳоло ин кам аст. Барои ғалаба расад моламон, нарасад ҷонамонро медиҳем." Натиҷа чунин шуд: бо якҷоягии тамоми халқи советӣ Армияи Сурхи ҷононҷонро бо либоси гарм таъмин карданд.

Ҳукумати советӣ қарор дод, ки ба маблағи 10 миллиард сӯм зиёми ҳарбӣ бароварда шавад. Халқи советӣ, аз он ҷумла халқи тоҷик ин хаббаро бо хушнудӣ ва рӯҳбаландӣ пешвоз гирифт. Дар байни 10 рӯз маблағи муқаррар кардашуда 2 миллиарду 860 миллиону 831 ҳазор сӯм зиёд иҷро гардид. Тоҷикистон ҳам ба давлати худ зиёдтар аз 145 миллион сӯм қарз дод.

Вилояти Кӯлоб, районҳои Молотовобод, Регар, Кӯктош, Кировобод, Каргановичобод, Октябр, Ворошиловобод ва совхозҳои "Семенобод", ба номи Куйбешев, ба номи Киров, "Якуми май" ва дигарон ҳамчун тӯҳфа ба Якума май плани кишти пахтаро иҷро намуданд. Онҳо натанҳо пахтаро корида шуданд, балки коркарди байни қаторҳои пахтаро ҳам бо суръати тез сар карданд. Колхозчиёни пешқадами республика имсол ваъда додаанд ки ҳосилоти ҳарбӣ рӯёнанд. Онҳо барои ба ваъда вафо кардан саъю кӯшиши ҷиддӣ карда истодаанд.

Тоҷикистони сурх, апрели соли 1942
Sputnik
"Тоҷикистони сурх", апрели соли 1942

Дар заводи чармгарӣ мудири лаборатория рафиқ Бейгелдин ва инженер-электрик рафиқ Файзуллоев таклифҳои ратсионализаторӣ пешниҳод карда, ба афзоиши маҳсулот ва сарфакорӣ сабабчӣ шудаанд.

Коммунистон ва комсомолетсҳои узели роҳи оҳани Сталинобод ба шарафи 1-ми Май беҳтарин намунаҳои корро нишон доданд. Машинист рафиқ Ковалёв бо бригадаи худ паровозро ремонт карда, 3.734 сӯм пул ва 14.310 килограмм сӯзишвориро, машинисти паровози комсомолӣ рафиқ Патко дар ремонт 3.905 сӯм пул ва 14.961 килограмм сӯзишвориро сарфа намуданд. Садҳо стахановчиён аз қафои онҳо рафта, ба ғалабаи мо ёрӣ расонда истодаанд.

Меҳнаткашони республикаамон ба муносибати 1-ми Май барои ба ҷанговарони ватанамон тӯҳфа фиристодан 1.379.577 сӯм ҷамъ карданд. Аз боғҳои Ленинобод, аз корхонаҳои Сталинобод, аз колхозҳои Ғарму Кӯлоб, аз кӯҳҳои Бадахшон ба сӯи фронт садҳо, ҳазорҳо тӯҳфаҳо рафта истодаанд. Меҳнаткашон барои ҷанговарони Армияи Сурх беҳтарин нозу неъматҳоро фиристода, бо онҳо якдилу якҷон будани худро дар қафои онҳо тайёр истодани худро изҳор мекунанд.

Колхозчиёни колхози ба номи Крупскаяи кишвари Краснодар колхозчиён ва колхозчизанони мамлакатамонро даъват намуданд, ки барои мудофиа ва ёрдам ба колхозҳои аз зулми истилогарони неметс озод кардашуда кишти иловагӣ гузаронанд. Колхозчиёни Тоҷикистон ҳам ба ин даъвати гарму ҷӯшон ҳамовоз шуда, ҳозир ба ин фонд кишт гузаронида истодаанд..

Аз факт бисёртар чиз нест. Дар шаҳру қишлоқҳои мо, дар корхонаю колхозҳои мо, дар ҳама ҷо ватандӯстони советӣ — коргарон, колхозчиён ва интеллигентон барои зиёд ва беҳтар кардани сифати маҳсулот монда нашуда кор карда истодаанд. Ҳар яки онҳо корхонаи худро як участкаи фронт медонанд ва барои шаъну шарафи ватан, барои озодӣ, истиқлолият ва ғалабаи ӯ мубориза мебаранд. Чунин аст тӯҳфаи мо ба фронт.

С. Ғ.  ("Тоҷикистони сурх"). Апрли соли 1942.

Тоҷикистони сурх, апрели соли 1942
Sputnik
"Тоҷикистони сурх", апрели соли 1942
37
Барчаспҳо:
заём, тоҷикон, ҷанг, пирӯзӣ, кӯмак, тӯҳфа, ақбигоҳ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҶБВ, фронт, СССР, Тоҷикистон

Путин санаи таҷлили Рӯзи Пирӯзиро эълом кард

855
(Таҷдидшуда 18:11 26.05.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия 24 июн таҷлил мешавад. Маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputniк. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи таҷлили 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзиро, 24 июн эълом кард.

"Фармон медиҳам, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз кунед", - гуфт ӯ зимни суҳбати видеоӣ бо вазири дифоъи кишвар.

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

Ҳам табобат мекарданд ва ҳам таъмин: саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм

Раҳбари кишвар ҳамчунин қайд кард, ки "Ҳанги ҷовидон" низ баргузор мешавад.

"Пешниҳод дорам, ки "Ҳанги ҷовидон" моҳе баъд 24 июл баргузор шавад. Ин Рӯзи қувваҳои обӣ мебошад". 

Вале, агар дар моҳҳои наздик хатари сироятшавӣ аз коронавирус чун имрӯз боқӣ монад, эҳтимол рӯзи баргузории "Ҳанги ҷовидон" ба таъхир меафтад.

855
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Рӯзи ғалаба, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳам табобат мекарданд ва ҳам таъмин: саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм

121
Саҳми бузурги Тоҷикистон дар пешрафти ғалаба на танкҳое, ки ба ёдгор монданд, балки деворҳои бемористонҳои эвакуатсионӣ, ки ёдгории зиндае аз фидокориҳои халқи тоҷик ба шумор мераванд

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокинони Тоҷикистон дар роҳи ғалаба саҳми бузург гузоштаанд. Дар байни онҳо на танҳо низомиён буданд, балки онҳое, ки кор мекарданд ва барои кӯмак ба сарбозони майдони ҷанг ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд.

Боз як саҳифаи қаҳрамононаи ҷумҳурӣ кори табибон ва ихтиёриён аст. Тоҷикистон воқеан хонаи дуввум барои даҳҳо ҳазор нафар аз муҳосирашудагони Ленинград, Маскав, Киев, Минск ва бисёр шаҳру деҳоти минтақаҳои ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ шуда буд.

Ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба, Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҷароҳатҳо, эвакуатсия ва муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумоти пешакӣ омода кард.

Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ-ро табрик кард: мо онҳоро фаромӯш нахоҳем кард

То соли 1942 дар Тоҷикистон 29 беморхонаи эвакуатсионӣ кушода шуд. Аксарияти онҳо дар Душанбе буданд, ҳамчунин дар Хуҷанд, Конибодом, Қӯрғонтеппа ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ бемористонҳо буданд.

Азбаски Тоҷикистон аз маҳали ҷанг дур буд, ба он ҷо аскарони ҷароҳати вазнин бардоштаро меоварданд. Онҳоро тавассути қаторҳои ёрии таъҷилӣ мерасониданд ва табибон дар он ҷо ҳолати онҳоро арзёбӣ карда ба бемористони махсус интиқол медоданд.

Ҳар як муассисаи тиббӣ тахасуси худро дошт: ҷарроҳии умумӣ, барои ҷароҳатҳои вазнин ва ҷароҳатбахшҳои неврологӣ, протезӣ ва ортопедӣ.

Аз сабаби набудани бинои тиббӣ, одамон бояд на танҳо дар беморхонаҳо, балки дар биноҳои маъмурӣ, мактабҳо, донишкадаҳо ҷойгир карда мешуданд. Ба ташкилотҳои хайриявӣ, ки ҷойгоҳҳо, катҳо, рӯйпӯшҳо, лавозимоти хоб ва асбобу анҷоми рӯзгорро таъмин мекарданд, кӯмак расонида мешуд.

Аксари маҷрӯҳон ба беморхонаҳо дар соли 1942 омада буданд. Инҳо муҳофизони Сталинград, Севастопол, Одесса ва Қафқоз буданд.

Табибон тавонистанд беш аз 50 ҳазор сарбози шӯравиро, ки тақрибан панҷ дивизияи пурраро ташкил мекарданд табобат кунанд. Тибқи омори солҳои ҷанг, ин рақам тақрибан 70% маҷрӯҳон ва 90% беморони ба ҷумҳурӣ овардашударо ташкил медиҳад.

Воқеан, кадрҳои нав барои эҳтиёҷоти беморхонаҳо дар маҳалҳо омода карда шуданд. Дар тӯли якуним сол, аз соли 1941 то 1942, ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯёнро аз донишгоҳҳоии тиббии Маскав, Ленинград, Киев, Одесса, ҳамагӣ 79 нафар интиқол доданд.

Русия ба Рӯзи ғалаба омодагӣ мебинад - акс

Табибоне, ки дар Тоҷикистон кор мекарданд, доруҳоеро ба соҳаи тибб пешниҳод карданд, ки имрӯз бомуваффақият дар дунё истифода мешаванд. Масалан, равғани арча - дар заминаи гиёҳҳои шифобахш, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон парвариш мешавад. Ин равған барои муолиҷаи беморони вазнин, ки сӯхтаҳои дараҷаи 1 ва 2 мебошанд, истифода мешуд.

Беморхонаҳои эвакуатсионӣ дар Тоҷикистон то аввали соли 1944 буданд. Вақте ки нерӯҳои шӯравӣ Украинаро озод карданд, як қисми госпиталҳо барои мустаҳкам намудани ёрии тиббӣ ба майдони ҷанг наздиктар карда шуданд. Якчанд постгоҳҳои тиббии дар Душанбе боқимонда ба беморхонаҳо табдил ёфтанд. Маъюбони ҷанг акнун дар он ҷо муолиҷа мешуданд.

Аскарон табобат шуда ба сафи пеш бармегаштанд. Онҳое, ки дигар аз сабаби саломатиашон ҷанг карда наметавонистанд касбҳои навро азхуд мекарданд. Дар аксар ҳолатҳо, онҳо барои кор ба фабрикаҳо мерафтанд.

Фарзандони сарбозони фронт дар лагерҳои кӯдакон ва хонаҳои истироҳатӣ ҷойгир карда мешуданд. Сокинони маҳаллӣ канор намонданд ва аксар вақт ятимонро ба оилаҳои худ мебурданд. Дар натиҷа, қариб 10 ҳазор кӯдакон дар хоки Тоҷикситон паноҳ ёфтанд ва як қисми кӯдакии худро дар он ҷое, ки аз даҳшати ҷанг дур буд, гузарониданд. Азбаски бисёриҳо аз он ҷо дигар ҷои баргаштан надоштанд дар ҷумҳурии меҳмондӯсти зиндагиашонро идома доданд.

121
Свеча

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

2781
Шамсулло Сатторов, яке аз бародарон Сатторовҳо, ки ахиран барои хайрашон ба табибони Ҳисор дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск, аз марги Сатторов Шамсулло Ҳикматуллоевич, ки дар синни 47-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, изҳори андуҳ кардааст.

Садбарг Боқиева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ, дар бораи марги Сатторов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ҳамдардии ҷамъияти тоҷикони Иркутскро ба хонаводааш баён доштааст.

Ахиран бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ дар Ҳисор 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик, зодаҳои шаҳри Ҳисор мебошанд, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  дар пайи хайри охирашон изҳор дошта буд, ки  "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  Хосиятбону Азизова, рӯҳаш шод бод, бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".

2781
Барчаспҳо:
хайрхоҳӣ, Русия, Тоҷикистон