Дар остонаи 9 май раҳбарони кишварҳои ИДМ дидори ғайрирасмӣ мекунанд

© МПА СНГПарчами кишварҳои ИДМ
Парчами кишварҳои ИДМ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко 7 ва 8 май бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ дар Москав мулоқот мекунад ва 9 май дар гузари низомӣ дар Минск ширкат мекунад. Вай иддаъо дорад, ки чунин тавофуқ қаблан бо раҳбарияти Русия ҳосил шуда буд.

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Ҳамоиши ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ дар Москав дар остонаи ҷашни Рӯзи Пирӯзӣ баргузор мешавад, хабар дод раиси ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко дар мусоҳиба бо расонаҳои чинӣ, менависад шабакаи телевизионии белорусии ОНТ.

Тибқи маъмул раҳбарони кишварҳо, ки барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Москав ташриф меоранд, масоили ҳамкориро баррасӣ мекунанд ва дар миёни онҳо Александр Лукашенко низ хоҳад буд.

Бо раиси ҷумҳури Белорус ду расонаи чинӣ — Шабакаи телевизони марказии Чин ва хабаргузории бузурги "Синхуа" мусоҳиба анҷом додаанд.

"7 ва 8 май ман дар Москав хоҳам буд, вале 9 май ман бояд дар Минск бошам. Мутаъассифона, дар Аврупо танҳо ду кишваре боқӣ мондаанд — ин Белорус ва Русия, ки ба чунин сурати густурда ёди гузаштагоне, ки сулҳ ва истиқлоли Аврупоро ҳифз карда марази қаҳварангро нобуд сохтанд, гиромӣ медоранд. Ба ин далел Путин дар кишвари худ ва ман дар ватанам бояд ин маросимро дар сатҳи баланд анҷом бидиҳем. Мо бо раҳбарияти Русия дар ин замина аз муддатҳо қабл тавофуқ карда будем ва дар ин замина ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад", — гуфт Лукашенко.

Собиқадорони ҶБВ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 849 собиқадори ҶБВ зинда мондаанд

Гузари низомӣ дар майдони Сурх дар Москав 9 май дар Рӯзи Пирӯзӣ ба муносибати 70-мин солгарди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад. Оғози ин маросим дар соати 10 ба вақти Москав (12.00 дшб) дар назар аст.

Дар ин гузар беш аз 15 ҳазор низомиён ширкат мекунанд ва аз он ҷумла 1,3 ҳазор нафар низомиёни кишварҳои хориҷӣ. То ҳол даҳ кишвар ширкати худро дар ин маросим таъйид кардаанд.

Беш аз 78,5 ҳазор нафар ин гузари низомиро тамошо мекунанд. Барои ширкаткунандагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамроҳонашон сафар тавассути ҳар навъи нақлиёт дар кишвар аз 3 то 12 май ройгон аст.

Дар маросими ҷашнӣ раҳбарони тақрибан куллияи кишварҳои ИДМ ширкат мекунанд, ки дар миёни онҳо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0