Табассумҳои Пирӯзӣ

© Sputnik / Георгий Зельма / Гузариш ба медиабонкХушҳолии сарбозон аз озодкунии Сталинград.
Хушҳолии сарбозон аз озодкунии Сталинград. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои мардуми шӯравӣ имтиҳони сангине буд. Аммо ҳатто дар ҳолатҳои даҳшатноки набардҳо ҳолатҳои оддии зиндагонӣ бо мардум, ки ҳар куҷое набошанд, рух медод.

Антеннаи ғайриоддӣ

Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷазираи Крестови Ленинград истгоҳи радиоӣ фаъол буд. Вай ба Финляндия ба забони тозаи финнӣ баробар бо радиои расмии Финляндия барномаҳо пахш мекард.

Барномаҳо ба шакли тавзеъот пахш мешуданд: муҷрии шӯравӣ вориди суханронии ҳамтои финниаш мешуду зарофати ҳазлгуии худро нишон медод.

Ба унвони мисол, ҳангоме, ки муҷрии финн эълом мекард:
— Ҳамакнун ахбори навинро бишнавед!
шӯравӣ зуд ба забони финнӣ изофа мекард:

— Яъне, на ахбор, балки дурӯғҳои тозаи Геббелсро!

Сипас вай латифаҳои ҷадид дар бораи Гитлерро ҳикоят мекарду ба он тавзеъи ҷониби шӯравиро изофа мекарду ғайра. Хуллас, барномаҳои хабарӣ бо тавзеъоти шӯравӣ дар Финляндия хеле шӯҳратманд шуданд.

Ин амр раҳбарияти Олмон ва Финляндияро зиёд нигарон месохт. Олмониҳо пайваста аз тӯпҳо ҷангале дар ин ҷазираро, ки ба эътиқоди онҳо дар он ҷо антеннаи мавҷпаҳнкунӣ воқеъ буд, гулӯлаборон мекарданд.

Вале онҳо натавонистанд дарк кунанд, ки вазифаи антеннаро як банди оҳании яке аз 15 аэростат иҷро мекард.

Хирсхонуми москавӣ

Вақте Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соли 41оғоз шуд олмониҳо бар фарози Москав ҳамалоти ҳавоӣ анҷом медоданд ва боғи ҳайвоноти Москав низ мавриди гулӯлаборон қарор мегирифт.

Дар чунин вазъ филҳо аз ҳама бештар шуҷоъат нишон медоданд. Вақте болои боғи вуҳуш бомбҳои оташфишон партоб карданд ва боми филҳо оташ гирифт, онҳо мустақилона аз он берун шуда ба назди обанбори боғ рафтанд ва обро ба хартумҳояшон гирифта чанд бомби оташфишонро хомӯш карданд.

Вақте олмониҳо ба Москав наздик шуданд, боғи вуҳушро ба дигар минтақа мунтақил карданд. Вале хирсхонумро фаромӯш карданд. Вай ба хоби зимистонӣ рафт ва дар саросемагӣ набудани ӯро касе пайхас накард. Хирсхонум зимистонро паси сар кард ва баҳорон аз хоб бедор шуд ва то авохири ҷанг дар ҷойи боғи ҳайвонот, то баргаштани он, зиндагӣ мекард.

Ҷоизаи аслӣ — спирт

Ин ҳодиса дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар набардҳои Белорус рух дод. Ҳамин хел шуд, ки гурӯҳе, ки дар он бобои низомии ман хидмат мекард, ба минтақаи дигари ин набард кӯч дода шуд.

Дастури фармондеҳон сангин буд — дар зудтарин фурсат ба он минтақа расида, дар он ҷо панаҳ бубаранд. Ақабмонӣ баробари марг буд. Ва баъд аз чанд соати гузари тӯлониву сангин онҳо дар наздикӣ, дар болои теппае роҳи оҳан ва дар болояш як вагони фаромушшуда, аниқтараш вагони моеъкашонро мебинанд…

Фармондеҳ ба назди роҳи оҳан маъмурони иктишофӣ ё ҷосусиро равон мекунад, то бифаҳманд, ки он ҷо чӣ чиз аст. Онҳо хеле хушҳол бармегарданд — спирт! Як вагони моеъкашони пури спирт! Ва ҳама зуд ба назди он вагон шитобиданд. Вале, эҳтимолан замоне, ки ҷосусони мо дар бораи спирт гузориш медоданд, як гурӯҳи олмониҳо аз муҳосира аз тарафи дигари теппа берун мешуданд ва вагонро дар баландӣ дида ҷосусони худро равон карданд. Ва вақте ҷосусони олмонӣ ба фармондеҳони худ дар бораи натоиҷи таҳқиқашон гузориш медоданд, сарбозони мо ба назди вагон аз самти худ бирасиданд — набарди ҷиддие сурат гирифт! "Касе намехост аз ин тӯҳфа даст бикашад!.

Вале кӣ метавонад бар сарбози рус пирӯз шавад, агар ӯро чунин "ҷоиза" интизор бошад? Дуруст — ҳеҷ кас. Вале агар ба инобат бигирем, ки "ҷоиза" — як вагони комили меъкашон аст, пас сарбозони мо аз хушҳолӣ бештар талош карданд — ба ҷуз аз ҳифзи вагон онҳо куллияи олмониҳоро асир гирифтанд.

Сипас, дар ахбор аз набардҳо радио тавассути садои Левитан ба тамоми кишвар эълом мекард, ки гурӯҳи пуршараф дар набардҳои сангин барои Жмеринка (намедонам исмаш дақиқан чӣ буд) гурӯҳи боқимондаи душманро, ки аз муҳосира мебаромад, асир гирифт.

Кош медонистанд, ки агар вогуни моеъкашон намебуд…

Маводд аз манобеъи дастрас таҳия шудааст.

Лентаи хабарҳо
0