Ордена и медали ветерана ВОВ, архивное фото

Мирзиёев ба иштирокчиёни ҶБВ 1000 долларӣ медиҳад

209
(Таҷдидшуда 20:55 30.03.2020)
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба муносибтаи Рӯзи Ғалаба барои ҳар собиқадор ва маъбони ҷанг 10 миллион сум (беш аз  ҳазор доллар)  ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон, фармони Мирзиёев дар ин бора имрӯз содир гаштааст.

ИҶБВ дар Тоҷикистон аз дасти намояндаи Русия мукофот мегирад
Саҳифаи Россотруничество Тоҷикистон

Дар Ӯзбекистон аз соли 1999 ин ҷониб, 9 май ҳамчун Рӯзи ёдбуд ва ифтихор қайд карда мешавад.

"Ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон мукофоти яквақтаи пулӣ ба маблағи 10 миллион сӯм муқаррар карда шавад", - омадааст дар фармони Мизиёев.

Ба итттилои манбаъ, Мирзиёев ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки пардохти муздро дар фазои тантанавӣ ва идона таъмин кунанд ва ҳама хароҷоти зарурӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳоло дар ҷумҳурӣ тақрибан ҳазор иштирокчиёни ҷанг ва зиёда аз 40 ҳазор коркунони ақибгоҳ, зиндагӣ мекунанд.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 1,4 миллион нафар сокинони Ӯзбекистон иштирок кардаанд, ки беш аз 400 ҳазор нафар кушта шуда, 130 ҳазор нафар бедарак шуданд.

209
Барчаспҳо:
ҶБВ, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон

Ҳам табобат мекарданд ва ҳам таъмин: саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм

111
Саҳми бузурги Тоҷикистон дар пешрафти ғалаба на танкҳое, ки ба ёдгор монданд, балки деворҳои бемористонҳои эвакуатсионӣ, ки ёдгории зиндае аз фидокориҳои халқи тоҷик ба шумор мераванд

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокинони Тоҷикистон дар роҳи ғалаба саҳми бузург гузоштаанд. Дар байни онҳо на танҳо низомиён буданд, балки онҳое, ки кор мекарданд ва барои кӯмак ба сарбозони майдони ҷанг ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд.

Боз як саҳифаи қаҳрамононаи ҷумҳурӣ кори табибон ва ихтиёриён аст. Тоҷикистон воқеан хонаи дуввум барои даҳҳо ҳазор нафар аз муҳосирашудагони Ленинград, Маскав, Киев, Минск ва бисёр шаҳру деҳоти минтақаҳои ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ шуда буд.

Ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба, Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҷароҳатҳо, эвакуатсия ва муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумоти пешакӣ омода кард.

Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ-ро табрик кард: мо онҳоро фаромӯш нахоҳем кард

То соли 1942 дар Тоҷикистон 29 беморхонаи эвакуатсионӣ кушода шуд. Аксарияти онҳо дар Душанбе буданд, ҳамчунин дар Хуҷанд, Конибодом, Қӯрғонтеппа ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ бемористонҳо буданд.

Азбаски Тоҷикистон аз маҳали ҷанг дур буд, ба он ҷо аскарони ҷароҳати вазнин бардоштаро меоварданд. Онҳоро тавассути қаторҳои ёрии таъҷилӣ мерасониданд ва табибон дар он ҷо ҳолати онҳоро арзёбӣ карда ба бемористони махсус интиқол медоданд.

Ҳар як муассисаи тиббӣ тахасуси худро дошт: ҷарроҳии умумӣ, барои ҷароҳатҳои вазнин ва ҷароҳатбахшҳои неврологӣ, протезӣ ва ортопедӣ.

Аз сабаби набудани бинои тиббӣ, одамон бояд на танҳо дар беморхонаҳо, балки дар биноҳои маъмурӣ, мактабҳо, донишкадаҳо ҷойгир карда мешуданд. Ба ташкилотҳои хайриявӣ, ки ҷойгоҳҳо, катҳо, рӯйпӯшҳо, лавозимоти хоб ва асбобу анҷоми рӯзгорро таъмин мекарданд, кӯмак расонида мешуд.

Аксари маҷрӯҳон ба беморхонаҳо дар соли 1942 омада буданд. Инҳо муҳофизони Сталинград, Севастопол, Одесса ва Қафқоз буданд.

Табибон тавонистанд беш аз 50 ҳазор сарбози шӯравиро, ки тақрибан панҷ дивизияи пурраро ташкил мекарданд табобат кунанд. Тибқи омори солҳои ҷанг, ин рақам тақрибан 70% маҷрӯҳон ва 90% беморони ба ҷумҳурӣ овардашударо ташкил медиҳад.

Воқеан, кадрҳои нав барои эҳтиёҷоти беморхонаҳо дар маҳалҳо омода карда шуданд. Дар тӯли якуним сол, аз соли 1941 то 1942, ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯёнро аз донишгоҳҳоии тиббии Маскав, Ленинград, Киев, Одесса, ҳамагӣ 79 нафар интиқол доданд.

Русия ба Рӯзи ғалаба омодагӣ мебинад - акс

Табибоне, ки дар Тоҷикистон кор мекарданд, доруҳоеро ба соҳаи тибб пешниҳод карданд, ки имрӯз бомуваффақият дар дунё истифода мешаванд. Масалан, равғани арча - дар заминаи гиёҳҳои шифобахш, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон парвариш мешавад. Ин равған барои муолиҷаи беморони вазнин, ки сӯхтаҳои дараҷаи 1 ва 2 мебошанд, истифода мешуд.

Беморхонаҳои эвакуатсионӣ дар Тоҷикистон то аввали соли 1944 буданд. Вақте ки нерӯҳои шӯравӣ Украинаро озод карданд, як қисми госпиталҳо барои мустаҳкам намудани ёрии тиббӣ ба майдони ҷанг наздиктар карда шуданд. Якчанд постгоҳҳои тиббии дар Душанбе боқимонда ба беморхонаҳо табдил ёфтанд. Маъюбони ҷанг акнун дар он ҷо муолиҷа мешуданд.

Аскарон табобат шуда ба сафи пеш бармегаштанд. Онҳое, ки дигар аз сабаби саломатиашон ҷанг карда наметавонистанд касбҳои навро азхуд мекарданд. Дар аксар ҳолатҳо, онҳо барои кор ба фабрикаҳо мерафтанд.

Фарзандони сарбозони фронт дар лагерҳои кӯдакон ва хонаҳои истироҳатӣ ҷойгир карда мешуданд. Сокинони маҳаллӣ канор намонданд ва аксар вақт ятимонро ба оилаҳои худ мебурданд. Дар натиҷа, қариб 10 ҳазор кӯдакон дар хоки Тоҷикситон паноҳ ёфтанд ва як қисми кӯдакии худро дар он ҷое, ки аз даҳшати ҷанг дур буд, гузарониданд. Азбаски бисёриҳо аз он ҷо дигар ҷои баргаштан надоштанд дар ҷумҳурии меҳмондӯсти зиндагиашонро идома доданд.

111
Награждение ветеранов с 75 летием победы

Медал барои падар! Сафорати Русия ба посдорони Ғалаба нишон дод

179
(Таҷдидшуда 20:25 23.04.2020)
Сафорати Русия дар Тоҷикистон иддае аз аъзои шӯрову кумитаҳои собиқадорони ҷангу меҳнатро бо нишони 75 – солагии Ғалаба қадрдонӣ кард. Ин маросим дар як муҳити хоксорона ва бидуни тантанаи хос баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дар оғози ин маросим, ки бо ширкати Сергей Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гузашт, гуфт, далели бидуни тантанаи хос баргузор шудани он ба шароити хос рабт дорад.

“Бо он вуҷуд ки дар саросари ҷаҳон алайҳи ин маризии бадбахт (“вируси корона”) мубориза идома дорад, мо бояд ба тамоми ҷомиа, бахусус собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бирасонем, ки чизе моро аз таҷлили Ғалабаи Бузург боздошта наметавонад. Он рӯз мерасад, ки ин ҳама хотима меёбад. Ин ҳама муваққатӣ аст. Хушбин бошӣ, ҳама хуш мешавад”, - гуфт Раҳмат Қудратов.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ба далоили қадрдонии чанде аз аъзои шӯрову кумитаҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон бо нишони 75 – солагии Ғалабаи Бузурги мардуми Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ пардохта гуфт, ин Шӯро як созмони ҷамъиятӣ, аммо мӯътабар пеши мардуму ҳукумат аст, ки аз манофеъи собиқадорони мазкур ҳимоят ва кори бузурге мекунад, то наврасону ҷавонон гузаштаи худ ва бобоҳои қаҳрамони худро фаромӯш накунанд ва ҳам инро, ки онҳо барои озодиву ободии ватан чӣ гуна талошҳо ва ҷонфишониҳо кардаанд.

“Ин пирӯзии бузург, муштарак ва азизест, ки ба ҳамаи мо – мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тааллуқ дорад ва онро намешавад тоҷикӣ, русӣ ё қафқозӣ гуфт, зеро аз ҳама аст ва кулли мардуми собиқ Шӯравӣ дар он саҳм гузоштаанд”, - гуфт Игор-Лякин-Фролов.

Награждение ветеранов с 75 летием победы
© Sputnik / Амир Исаев
Награждение ветеранов с 75 летием победы

Сафири Русия дар Тоҷикистон шахсан нишони “75-солаги Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” – ро рӯи синаи Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, муовини ӯ - Алишер Шарипов, - котиби иҷроияи Шӯро - Рано Акрамова, Абдуҳамид Назаров, муовини Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ва Суҳробшоҳ Олимов, раиси Кумитаи ҷанговарони интернатсионалист овехт.

Ҳарчанд ин маросим дар утоқи кории раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ва бо ширкати теъдоди каме аз собиқадорон ҷараён дошт, аз бардошту қиссаҳои омӯзанда орӣ набуд.

Алишер Шарипов, муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, гуфт, худ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат накардааст, аммо падару хусураш ҷанговар буданд.

Медаль 75 лет победы ВОВ
© Sputnik / Амир Исаев
Медаль 75 лет победы ВОВ

“Падарам дар фирқаи Панфилов, ки Маскавро ҳимоят мекард, меҷангид. Ӯ ба мо қиссаҳои Бузургроҳи Волоколамскро мекард. Тамоми деҳоти атрофи Маскавро азёд медонист, ҷойҳоеро, ки дар хандақҳо паноҳ бурда, меҷангиданд. Ӯ як дасташро ҳангоми озодии Рига аз даст дод. Вақте кишварҳои Назди Балтика аз Иттиҳоди Шӯравӣ хориҷ шуданд, хеле надомат кашид. Ин нишон, барои ман, хеле азиз аст ва хоки падари ман аз раҳбарияти Русияву сафораташ барои ин қадрдонӣ сипосгузор хоҳад буд”, - гуфт Алишер Шарипов.

Рано Акрамова, котиби иҷроияи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, хеле эҳсосӣ буд ва гуфт, намедонад чӣ бигӯяд: “Ман духтари ҷанговареам, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ вафот кардааст. Вақте ӯ рафта буд, ман ҳамагӣ шашрӯза будам. Хеле сипосгузорам. Зиёд намегӯям, зеро ҳаяҷонзадаам», - гуфт Рано Акрамова.

Абдуҳамид Назаров, муовини Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, гуфт, ин ҷашни муштараки мост ва мо дар канори ҳам бар фашизм пирӯз шудем. “Падари ман дар муҳорибаҳои Курск ҷангида, 11 захм бардоштааст. Ифтихор мекунам, писари чунин як инсонеам, ки дар ин пирӯзии бузурги таърихӣ саҳми худро гузоштааст. Мо бояд насл ба насл ин паёмро бирасонем, ки чӣ иттифоқ афтодаву ин пирӯзиро кӣ ба даст овардааст”, - гуфт Абдуҳамид Назаров.

Игор-Лякин-Фролов,  гуфт, ин танҳо иқдоме нахоҳад буд, ки дар остонаи Ғалабаи Бузург ва ҳам вазъи ногувори сиҳатӣ дар ҷаҳону минтақа аз сӯи сафорат дар Душанбе рӯи даст гирифта мешавад.

179
Барчаспҳо:
Шӯрои собиқадорони ҶБВ, Сафири Русия, медалҳо, ҶБВ, Русия, Тоҷикистон
Жители города Душанбе в медицинских масках на улице

Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 19:32 25.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон тозатарин маълумот дар мавриди теъдоди шифоёфтагон, гирифторон ва қурбониёни маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. То 25 майи соли равон дар мамлакат 2773 нафар зери назорати табибон қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ҳамзамон, манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки  то соати 19:00 дақиқаи 25 май дар кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Гузашта аз ин , то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

0
Барчаспҳо:
маризон, омор, Вазорати тандурустии ҶТ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон