Дар фурудгоҳи Сибир мусофирон “Ту-134” –ро ба “ҳаракат” дароварданд

4
(Таҷдидшуда 13:28 27.11.2014)
Шассии ҳавопаймои тамғаи “Ту-134” дар фурудгоҳи Сибир ях карда, аз ҳаракат бозмонда буд. Ҳатто нақлиёти махсус натавонист ҳавопайморо аз ҷояш ҷунбонад, аз ин рӯ мусофирон даст ба кор шуданд.

Алексей Вулф, муаллифи тасвири видеоӣ дар шабакаи YouTube мегӯяд, рӯзи 26-уми ноябр ҳаво шадидан сард буд (-50 дараҷа) ва мусофиронро зарур омад, ки ба "кӯмак" бишитобанд.

Тайи ду рӯз бештар аз 300 ҳазор ин наворро тамошо кардаанд.

4