“Афсона”- Нигина Амоқулова ва Далер Хонзода дар интернет пайдо шуд

Обуна шудан
Ин клип ба суруди Нигина Амонқулова, овозхони тоҷик ва Далер Хонзода, овозхони саршиноси ӯзбек, ки соли гузашта сабт шуда буд, таҳия шудааст.

"Афсона" ба ваъдаи таҳияи клип зиёд тавзеъ нашуда буд. Ва дар ниҳоят 8-уми январ дар шабакаи интернетӣ ин клип расман муъаррифӣ шуд.
Вале худи овозхонҳо дар он наворбардорӣ нашудаанд.

Ин суруд ба ду забон — тоҷикӣ ва русӣ сабт шудааст.

Нигина Амонқулова овозхони саршиноси тоҷик аст, ки ба усули "ретро" суруд мехонад. Далер Хонзода (Хонов), ки дар Турсунзодаи Тоҷикистон таваллуд шуда ба Самарқанд кӯч бастааст, овозхони саршинос дар Ӯзбекистон аст.

Лентаи хабарҳо
0