Панҷ сол аз "ҳаёт"-и Офтоб

65
(Таҷдидшуда 14:07 17.02.2015)
Лаҳзаҳои аз ҳама шавқовари панҷ соли "ҳаёт"-и равшанӣ ва гармидиҳандаи зиндагии мо дар навори омодакардаи ситорашиносони амрикоӣ гирдоварӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ширкати миллии шиноварӣ ва таҳқиқоти коиноти NASA (ИМА) навореро нашр кард, ки он аз қисматҳои алоҳидаи "ҳаёти Офтоб" нақл мекунад. Видео ба истиқболи панҷсолагии обсерваторияи Solar Dynamics Observatory омода гардидааст.

SDO ҷузъҳои нурафкании Офтобро тайи 24 соат дар як шабонарӯз дар панҷ сол фаро гирифта, тибқи иттилои NASA, дар ин муддат дар ҳаҷми 2600 терабайт маълумот гирдоварӣ шуда, 200 миллион акс бардошта шудааст. 

 

 

65