Ҳавопаймо аз Яман бо мусофиронаш ба Русия расид

Обуна шудан
Ҳавопаймои дуввуми русӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ-ро аз Яман ба Русия овард

Ҳавопаймо дар фурудгоҳи Чкаловски вилояти Маскав пас аз чанд соати фурудоии ҳавопаймои аввал аз Яман ба замин нишаст.Дар он 150 мусофир қарор дошт. Онҳо асосан шаҳрвандони Русия, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Яман, Беларус, Озарбойҷон, Лаҳистон, Қирғизистону Украина мебошанд.

Берун овардани шаҳрвандони ИДМ, инчунин мисриҳо, ӯрдуниҳо ва либиёгиҳо аз Яман шаби гузашта сурат гирифт. Як ҳавопаймо тариқи Қоҳира ва дуввуми тариқи Ҷибутӣ ба Маскав омаданд. Қаблан иттилоъ дода буданд, ки дар ҳавопаймои аввал 167 нафар ва дар дуввум 170 мусофир қарор доштанд.

Ҳафтаи гузашта дар Яман амалиёти байналмилалии низомӣ шурӯъ гардид, ки дар он кишварҳои минтақа аз қабили Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, АМА ва Қатар ширкат доранд.

Гуфтанист, амалиёт баъд аз пахши изҳороти Шӯрои ҳамкории давлатҳои Халиҷи Форс шурӯъ гардид. Дар он аз ҷумла омадааст, ки Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт ва Баҳрайну АМА "омодаи пазириши даъвати президенти Яман Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ҳастанд ва ҳукумати қонуниро аз шӯришиёни ҳусӣ ҳимоят хоҳанд кард".

Арабистони Саудӣ тасмим дорад дар амалиёти низомӣ аз 100 ҳавопаймои қиркунанда ва беш аз 150 ҳазор афсару сарбоз истифода кунад.  

Лентаи хабарҳо
0