Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамойиши 7-уми ҷаҳонӣ дар Куриёи Ҷанубӣ

Обуна шудан
Оқои Раҳмон 12-уми апрел дар ҳамоиши ҳафтуми ҷаҳонӣ дар Куриё Ҷанубӣ дар масъалаи об пешниҳод намудааст, боз як даҳсолаи дигари байнулмилалии об эълон шавад.

Эмомалӣ Раҳмон низ дар форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Куриёи Ҷанубӣ гуфтааст, агарчӣ дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҳастанд, аммо "инфрасохтори начандон мутараққӣ ва манбаъҳои маҳдуди молӣ имкон намедиҳанд, захираҳои мавҷудаи об ба андозаи пурра ба манфиати рушди иқтисоди кишвар истифода карда шаванд."

Вай илова кардааст, дастрасии сокинони деҳот ба оби тоза ё бехатари ошомиданӣ боз ҳам мушкилтар буда, ҳамагӣ ба 40 дарсад баробар аст. Ба қавли раисиҷумҳур, на зиёда аз 10 дарсади сокинони деҳот ба хадамоти беҳдоштӣ дастрасӣ доштаанд.

Маврид ба ёдоварсит, даҳсолаи аввал, ки "Об барои ҳаёт" унвон дошт, соли 2005 аз сӯи Созмони Милал эълон шуда, дар пайи он дар Тоҷикистон Соли оби тоза ва ҳамоиши байнулмилалӣ ҳам баргузор шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, даҳсолаи дуюми байнулмилалиро "Об ба хотири рушди устувор" номидан ба асли мақсад мувофиқ аст.

Лентаи хабарҳо
0