(0:41 / 4.13Mb / просмотров видео: 11)

Паланги навтаваллудшудаи Маугли дар ҳузури мардум шир нӯшид

15
Бачаи тираранги паланг, бо лақаби Мауглиро бори аввал дар боғи ҳайвоноти Лоури Флорида ба тамошобинон намоиш доданд. Дар ин навор бубинед, ки бачаи паланг чӣ гуна шир менӯшад.

Паланг шаш ҳафта муқаддам дар боғи ҳайвоноти Лоури, ки дар шаҳри Тампи иёлоти Флоридаи Амрико воқеъ аст, таваллуд кард, рӯзи душанбе бошад вайро барои тамошобинон ба намоиш гузоштанд. Миёни онҳо кӯдакони зиёде буданд.

Ин бачаи палангро ба ифтихори "Китоби бешазор" Маугли ном гузоштанд. Падараш Тим ва модараш Мали дар боғи ҳайвоноти Лоури ба сар мебаранд, таваллуди ин бачаи паланг бошад дар доираи барномаи ҳифзи палангҳои тираранг мувофиқ уфтодааст. 

Чанд навъи палангҳои тираранг мавҷуд аст, ватани онҳо Осиёси Ҷанубу-Шарқӣ аз ҷануби Чин то Малакки ва аз шарқи Ҳимолой то Ветнам ба ҳисоб меравад. Ин навъи палангҳо ба далели буридашудани дарахтзорон зери хатари нобудшавӣ қарор доранд.

15
Барчаспҳо:
паланги тираранг, хатари нобудшавӣ, ширнӯшӣ, тамошобинон, намоиш, паланг, таваллуд, Боғи вуҳуш, Маугли, Амрико, Флорида

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

244
Дар Амрико рӯзи панҷум аст, ки мавҷи эътирозҳо дар роибта ба куштори Ҷорҷ Флойд марди африқо - амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис хотима намеёбад

Мавҷи эътирозҳо анқариб 20 штати Амрикоро дарбар гирифт. Шаҳрвандони амрикоӣ пас аз қатли як марди африқо- амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис даст ба эътирозҳо заданд.

Ҳодиса рӯзи 25 - уми май рух дод. Муштарии як мағозаи хӯрокворӣ мехост бо асъори қалбакӣ харидро анҷом диҳад, вале хазиначии мағоза фавран пулисро даъват кардааст.

Дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошт Флойд муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ дар нисбати боздоштшуда  аз қувва ва дастбанд истифода буда шуд.

Тазоҳурот дар Тбилисӣ, ё иғво сари муносибатҳои Русияву Гурҷистон

Аз ҷумла, яке аз кормандони пулис усули буғикуниро истифода намудаст, ки дар натиҷа Флойд бар асари нарасидани ҳаво дар бемористон ба ҳалокат расид.

Пас аз фавти Флойд дар Миннеаполис тазоҳурот сар зад. Одамон ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, дӯкону мошинҳои қанори роҳро оташ мезананд.

Иштирокчиёни тазоҳурот талаб мекунанд, ки мақомот гунаҳкорони марги Флойдро ҷазо дода, бо нобаробарии нажодӣ дар Амрико нуқта гузоранд.

244
Барчаспҳо:
навор, тазоҳурот, Амрико

Лавров Ғарбро барои истифодаи пандемияи коронавирус бо мақсадҳои худ интиқод кард - навор

252
(Таҷдидшуда 01:13 30.05.2020)
Ба гуфтаи Сергей Лавров, кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд аз вазъ истифода баранд, то ки кишварҳои ба худ номувофиқро ҷазо диҳанд

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров муносибати кишварҳои Ғарбро ба пандемияи коронавирус маҳкум кард.

Тавре вазири корҳои хориҷӣ дар мақолае барои рӯзномаи чинии Global Times навишт, онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ин вазъ истифода баранд, то ҳукуматҳоеро, ки ба ӯ беэътиноӣ мекунанд, ҷазо диҳанд ва ба кишварҳои ба эпидемия гирифторшуда гирифтани кӯмаки башардӯстона аз Русияро манъ кунанд.

Дар айни замон, худи Ғарб барои шитоб накардани принсипҳои гуманизм дар масъалаи мубориза бо COVID-19 шитоб намекунад. Дар видеои мо дар бораи стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ бештар хонед.  

252
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, ИМА, нав
Кобилчон Гиёев

Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд

1046
(Таҷдидшуда 13:28 01.06.2020)
Қобилҷон Гиёев, сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, ки бо табобати ғайримаъмули “вируси корона” маъруф шуда буд, аз вазифа барканор шудааст

ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Мавсуф дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин барканорӣ дар пайи як мактуби шикоятии Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифтааст.

Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
пресс-служба Минздрава Таджикистана
“Муҳтавои ин мактуб ҳанӯз бароям рӯшан нест, аммо ин субҳ аз Ғарм занг заданд, ки зуд ба ноҳия баргардам, зеро фармони сабукдӯш шуданам аз сӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо шудааст. Ҳоло меравам, ки дафтару калидро ба сардухтури нав таслим диҳад”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Мавсуф аз ин ки ба ҷои ӯ чӣ касе ба курсии ӯ такя хоҳад зад, изҳори беиттилоотӣ кард. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ба ҷои ӯ Насриддин Солиев, сардухтури ноҳияи Рашт таъин шудааст. Мавсуф қаблан низ дар ин ноҳия сардухтур будааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

1046