(5:07 / 32.44Mb / просмотров видео: 118)

Мусоҳиба бо Лавров: бӯҳрон дар Украина, равобити Русия ва ИМА, муқобала бо ДИ

10
Раҳбари ВКХ ФР Сергей Лавров ба суолоти радиошунавандагони шабакаҳои Sputnik, "Эхо Москви" ва "Говорит Москва" дар робита ба масоили умдаи сиёсӣ посух гуфт.

Суолоти зиёди радиошунавандагон ба 28 забон ироъа мешуданд. Ин мусоҳибаро Маргарита Симонян, Сергей Доренко ва Алексей Венедиктов анҷом доданд.

Дар мавқеъи аввал аз рӯйи миқдор ва таваҷҷӯҳи шунавандагон суолоти марбут ба вазъи Украина ва Донбас буданд. Аз Вена суол дода шуд, ки чаро Русия аз эътирофи Новороссия худдорӣ мекунад.

"Мавқеъи мо ин аст, ки Украина ҳамсояи наздиктарини мост. Мардуми он ба мо дӯст аст ва мо хеле мехоҳем, ки дар марзи мо ба мардуме, ки мо ба онҳо муносибати дӯстона дорем, зиндагии хубе дошта бошанд. Ва барои расидан ба ин ҳадаф Украина бояд кишвари воҳид боқӣ бимонад", — посух дод раҳбари ниҳоди умури хориҷии Русия.

Ҳамчунин шунавандагон мехостанд назари Сергей Лавров ба бораи равобити Русия бо Ғарбро бидонанд. Раҳбари ВКХ ФР гуфт, ки аз наҳваи ин равобит, бавижа бо Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА нигарон аст ва зикр кард, ки Русия манфиъатдор нест, ки дар равобит бо Ғарб "пайваста дар вазъи бӯҳронӣ қарор дошта бошад".

Дар робита ба таҳримот, ки дар ин бора низ ба вазир суолот дода шуданд, Лавров гуфт, ки аз ин амр вай нигарон нест, зеро Русияро зарур аст, ки тавлидоти худро тавсеъа бахшад.

Ба Сергей Лавров ҳамчунин суолоти хусусӣ низ ироъа шуданд. Ба унвони мисол, қасд дорад, ки ба симмати раиси ҷумҳури Русия номзад шавад. "Ман аз кори худ хушҳолам. Талош мекунам, ки дар ин вазифа ҳар коре, ки аз дастам меояд, анҷом бидиҳам", — посух дод раҳбари ВКХ Русия.

Ин мусоҳиба мустақиман тавассути шабакаҳои радиоии Sputnik, "Эхо Москви" ва "Говорит Москва" пахш шуданд.

10
Барчаспҳо:
мусоҳиба, ВКХ Русия, Сергей Лавров, Русия