(0:37 / 4.31Mb / просмотров видео: 8)

Собиқ овозхони Deep Purple аз консертҳо дар Қрим - шояд мамнӯъ шавам

6
(Таҷдидшуда 16:28 20.05.2015)
Собиқ овозхони гурӯҳи роки Deep Purple и Rainbow Ҷо Тернер дар сӯҳбат бо хабарнигорон қабл аз консерт дар Севастопол гуфт, ки ҳунарнамоӣ дар Қрим чӣ гуна метавонад барояш хатар дошта бошад.

Тернер изҳор дошт, ки ба таҳдидҳо мабнӣ ба эҳтимоли мамнӯъи ҳунармандиаш дар Аврупо баъд аз консерт дар Севастопол таваҷҷӯҳ надорад.

"Маро ҳушдор дода буданд, ки ин хатарнок аст, ҳушдор доданд, ки метавонанд маро дар Аврупо мамнӯъ созанд. Ҳеҷ замоне ман чунин зиндагие озодонае надоштам, ки дар ин ҷо дорам. Ман эътирозгарам, ҳамеша эътирозгар будам ва мемонам ва ба суханони мардум коре надорам. Ман барои мардум сафар мекунам, на барои сиёсат", — гуфт овозхони собиқи Deep Purple.

Зимни посух ба суолоти хабарнигорон Ҷо Линн Тернер зикр кард, ки "барои мусиқӣ набояд мавонеъ бошад" ва ӯ "барои ҳама овозхонӣ мекунад".

"Дуруст аст, ки ман ба масоили сиёсӣ ва ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳ дорам, вале мусиқӣ забони байналмиллалиест, ки барои ҳама яксон мебошад. Мусиқӣ бар сиёсат, мазҳаб, баҳсҳо ва ихтилофот авлавият дорад", — изофа кард овозхон.

Тернери 63 сола овозхониро қатъ накарда ба кишварҳои мухталиф сафар мекунад.

 

6
Барчаспҳо:
ҳунарнамоии овозхон дар Қрим, Deep Purple, Ҷо Линн Тернер, Қрим