Низомиён чаҳор ҷангчӯй дар Бишкекро маҳв карданд. Наворҳо аз ин амал

Обуна шудан
Низомиён чаҳор ҷангҷӯйи созмони байналмиллалии террористӣ дар маркази Бишкекро маҳв карданд. Наворҳои амалро бубинед.

Амали зиддитеррористӣ барои маҳви ҷангҷӯён рӯзи панҷшанбе дар маркази Бишкек рух дод. Ба иттилоъи маркази матбӯъотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ин амал муваффақона анҷом ёфт.

Намояндаи ниҳоди вижаи КДАМ қаблан хабар дода буд, ки дар ҷараёни ин амал ҷангҷӯён мухолифати шадид карданд.

Ба гуфтаи вай дар ҷараёни ин амал чаҳортан аз ҷангҷӯён кушта шуда чаҳор маъмури ниҳоди вижа ҷароҳатҳо бардоштаанд.

Шоҳидон мегӯянд, ки аз бинои дар пайи ин амал ғасбшуда маъмурони вижа чанд нафарро асир бароварданд.

Дар маҳалли ҳодиса оташсӯзӣ рух дод. Бинои дутабақа, ки эҳтимолан ҷангҷӯён дар он ҷо панаҳ бурда буданд, ба коми оташ рафтааст.

Дар миёни сокинони осоишта кушташудагон ва осебдидагон нестанд, хабар дод намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ. Дар маҳалли амали вижа интиқоли нерӯи барқ ва газ, ҳаракати васоили нақлия масдуд шуда буда. 

Лентаи хабарҳо
0