Дастнавис сураҳои аз 18 то 20-умр дар бар мегирад. Матни дарёфтшуда миёни дигар китобҳои китобхона ҳудуди як аср маҳфуз будааст. Пораҳои "Қуръон" дар пӯсти буз ва ё гӯсфанд ҳаккокӣ шудаанд. Муҳаққиқи донишгоҳ Алба Федели қарор кард, ки барои муайян кардани синну соли дастхатҳо ташхиси радиоуглеродӣ анҷом диҳад. Бино ба натиҷаи муқаддимотии таҳқиқу ташхис, соли иншо шудани он байни солҳои 568 ва 645 (бо 95%-и дурустӣ) тахмин карда мешавад.
Нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар постгоҳҳои долони Лачин ба сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ гул тақдим карданд.
"Хушбахтӣ, саломатӣ ба шумо!" - таманно мекарданд низомиён ба занони арман. Дар посух, бонувон изҳори сипос мекарданд, бархе аз онҳо ки калонсол буданд, низомиёнро ба оғуш мегирифтанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия, хизматчиёни ҳарбӣ ҷинси латифро бо Рӯзи дарпешистодаи занон табрик гуфтанд.
Қайд карда мешавад, ки посдорони сулҳи Русия иҷрои вазифаҳоро оид ба таъмини бехатарии мошинҳои шаҳрвандӣ дар тӯли долони Лачин идома медиҳад.
Сарони Русия, Арманистон ва Озарбойҷон - Владимир Путин, Никол Пашинян ва Илҳом Алиев изҳороти муштарак дар бораи оташбас дар Қарабоғро қабул карданд. Тибқи ин изҳорот, оташбаси комил дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз 10 ноябр эътибор пайдо кардааст. Ҷониби Арманистон ба як қатор имтиёзҳои ҳудудӣ розӣ шуд.
Пас аз шикаст дар Қарабоғ Пашинян тасмим гирифтааст дар артиш ислоҳот кунад
Барои назорати оташбас ва амалиёти ҷангӣ, дар минтақаи низои Қарабоғи Кӯҳӣ як контингенти посдори сулҳи Федератсияи Русия ба миқдори 1960 низомӣ, 90 бронетранспортер, 380 адад мошин ва техникаи махсус ҷойгир карда шуд.
Дар Русия дарёе оташ гирифт: наворе аз шоҳидони ҳодиса дар саросари интернет паҳн шуд.
Тавре ки маълум шуд, дар ин сӯхтар омехтаи пропан-бутан дар ҳудуди тақрибан аз 120 то 200 метр оташ гирифтааст. Он маҳлул аз лӯлаи об, ки аз қаъри дарё мегузарад, хориҷ шудааст.
Бино бар маълумоти пешакӣ, сабаби оташ гирифтани маҳлул шарораи мошини барфи яке аз моҳидорон будааст.
Хаӣбар дода мегавад, ки дар натиҷаи ҳодиса як мард ҷароҳат бардоштааст.
Сӯхтор дар Бозори "Султони Кабир" - видео
Сӯхор бартараф карда шуда, худи ҳамон шаб маҷрои лӯлуро муваққатан бозистонданд.
Соли 1759 Парлумони Порис "Энсиклопедия"-и Дени Дидроро маҳкум намуд.
Соли 1873 дар самти шимолу ғарби Канада фурӯши маҳсулоти спиртӣ манъ карда шуд.
Соли 1920 конгресси миллии Сурия истиқлолияти мамлакатро эълон намуд.
Соли 1950 Иттиҳоди Шӯравӣ расман дар бораи мавҷуд будани бомбаи атомии худ хабар дод.
Соли 1973 дар раъйпурсии Ирландияи Шимолӣ 59% овоздиҳандагон барои нигоҳдории ин қисм дар ҳайати Британияи Кабир овоз доданд.
Соли 1914 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи "Работнитса" нашр шуд.
Соли 2013 расонаҳо хабар доданд, ки роҳбарияти осорхонаи Британия ба Осохонаи миллии Тоҷикистон нусхаи 6 нигораи коллексияи ганчинаи Амударёро туҳфа намуданд.
Соли 2011 дар мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири вақти Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардиданд.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки дипломатии Исломобод дар маросими гузоштани санги асоси таҳкурсии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон иштирок намуд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.
Соли 1944 - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҳмондусти Қурбониён.
Соли 1948 - раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зикиров.
Соли 1950 - шоира Хосият Вализода.
Соли 1956 - собиқ фармондеҳи Горди Президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев.
Соли1960 - овозхон Латофат Давлатова.
Соли 1961 - сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода.
Соли 1978 - устоди варзиши байналмилалӣ Рауф Ҳикматов.
Соли 1981 - сароянда Баҳриддин Бегов.