(0:37 / 3.44Mb / просмотров видео: 49)

Коршиносон дар Реюнон пораи дарёфтшудаи ҳавопайморо таҳқиқ доранд

4
(Таҷдидшуда 15:56 30.07.2015)
Бозрасоне, ки дар ҷазираи Реюнон пораи ҳавопаймои эҳтимолан Boeing-и Малайзиягӣ, ки соле қабл нопадид шуда буд, пайдо кардаанд аз вуҷуди шумораи ҳавопаймо иттилоъ доданд.

Ҷузъҳои ҳавопаймои ношинос рӯзи чаҳоршанбе дар ҷазираи фаронсавии Реюнон дар уқёнуси Ҳинд пайдо шудаанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо коршиносони маҳаллӣ се ҳолати пайдо шудани ин ҷузъи ҳавопайморо матраҳ кардаанд. Ба эътиқоди онҳо қисмати пайдошуда метавонад ҷузъи ҳавопаймои думуҳаррика, ки соли 2006 дар соҳили ҷазира суқут карда буд, метавонад ҷузъи Boeing-и Малайзия бошад, ки соли 2014 нопадид шудааст ва ё ҳавопаймои ямании А310 бошад, ки дар моҳи июни соли 2009 дар наздики ҷазоири Комор суқут карда буд.

Ин ҷузъи ҳавопайморо мақомоти Австралия ва Фаронса таҳқиқ мекунанд ва Малайзия ба ин минтақа гурӯҳи коршиносонро эъзом кардааст. Коршиносони ИМА дар умури амнияти парвозҳо иддаъо доранд, ки ҷузъи пайдо шуда ба ҳавопаймои Boeing 777 шабеҳ аст, вале то ҳол ин мушкил дақиқан собит нашудааст.

Шаби 8 марти соли 2014 Boeing 777-200, ки бо хатсайри МН370 аз Куала-Лумпур ба Пекин бо 227 нафар мусофиру 17 узви ҳайъати халабонҳо парвоз мекард, аз назари назоратчиён нопадид шуд. Ҳадс зада мешавад, ки ин ҳавопаймо дар қисмати ҷанубии уқёнуси Ҳинд суқут кардааст.

4

Лавров Ғарбро барои истифодаи пандемияи коронавирус бо мақсадҳои худ интиқод кард - навор

89
(Таҷдидшуда 01:13 30.05.2020)
Ба гуфтаи Сергей Лавров, кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд аз вазъ истифода баранд, то ки кишварҳои ба худ номувофиқро ҷазо диҳанд

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров муносибати кишварҳои Ғарбро ба пандемияи коронавирус маҳкум кард.

Тавре вазири корҳои хориҷӣ дар мақолае барои рӯзномаи чинии Global Times навишт, онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ин вазъ истифода баранд, то ҳукуматҳоеро, ки ба ӯ беэътиноӣ мекунанд, ҷазо диҳанд ва ба кишварҳои ба эпидемия гирифторшуда гирифтани кӯмаки башардӯстона аз Русияро манъ кунанд.

Дар айни замон, худи Ғарб барои шитоб накардани принсипҳои гуманизм дар масъалаи мубориза бо COVID-19 шитоб намекунад. Дар видеои мо дар бораи стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ бештар хонед.  

89
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, ИМА, нав

Хуросоне, ки ғарқи об шуд: навори кӯмак ба сокинони ҷабрдидаи ноҳия

346
Наҷотдиҳандагон то ҳол оқибатҳои сел дар Хуросонро бартараф мекунанд. Мақомот ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба сокинони ҷабрдида дасти ёрӣ дароз кардаанд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори вазъ дар Хуросон баъди як ҳафтаи омадани сели калон дар ноҳия пайдо шуд.

Дар наворе, ки аз баландӣ гирифтаанд, дида мешавад, ки садҳо манзили сокинон то ҳол зери об мондааст.
Дарахтон, биноҳо ва манзилҳо ҳама зери лойқаанд.

Наҷотдиҳандагон то ҳол оқибатҳои сел дар ноҳияро бартараф мекунанд.  Бештар аз 260 хона дар ноҳия пурра корношоям шудаанд. 

Сокинон дар навор нақл мекунанд, ки аз ҷониби мақомот ба онҳо кӯмак мерасад.

Хаймаҳои муваққатӣ рост карда шуда, озуқаворӣ - орд, равған, гӯшт, оби ошомиданӣ,  либос, дору ва дигар лавозимоти эҳтиёҷи аввал дастрас карда мешаванд.

Раиси Хатлон ба мардуми Хуросон барои тақсимоти одилонаи кумакҳо ваъда дод

Пештар барои сокинон қитъаи замин низ тақсим карда шуда буд. Афзун бар ин, ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ низ дастрас карда мешавад.

346
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон тасвиб кард: то 2021 дар тамоми шаҳру навоҳӣ беморхонаи сироятӣ бунёд мешавад

0
(Таҷдидшуда 14:31 30.05.2020)
Тибқи нақшае, ки онро раисҷумҳур ба тасвиб расонидааст, то 1 сентябри соли 2021 дар тамоми шаҳру навоҳиҳои Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорон беморхонаҳои сироятӣ бунёд мекунанд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Дар робита бо муборизаи коронавирус дар Тоҷикистон, то 1 сентябри соли 2021 дар марказҳои ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ бунёд карда мешаванд.

Дар ин бора оҷонсии иттилооти давлатии "Ховар" гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳанӯз 20 май ҳангоми боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ чунин супориш додааст.

Мувофиқи он, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои президент 20 май аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст.

"То 1 сентябри соли 2021 бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гарданд", - омадааст дар яке аз бандҳои нақшаи мазкур.

Тибқи ҳамин нақша, вазорати тандурустӣ ва ҳукуматҳои вилояту шаҳру навоҳиҳо то 15 июн бояд беморхонаҳои муваққатӣ ташкил кунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро мунтазам зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ва онҳоро бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ таъмин намуда, сатҳи сифати хизматрасониро ба беморон боз ҳам беҳтар кунанд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бояд солҳои 2020-2021 лоиҳаи сохтмони маҷмааи беморхонаи сироятӣ дар пойтахт барои 1500 катро омода карда, аз моҳи сентябри соли 2020 корҳои сохтмонӣ барои 650 катро шурӯъ намоянд.

То 5 июни соли 2020 бо мақсади муайян кардани сабабу оқибатҳои бемории коронавирус бояд бо ҷалби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд ва барои амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешда шавад.

Бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ то 10 июли соли равон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегардад.

Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Инчунин мутобиқи ин санад, вазорату идораҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки то 1 август барнмоаи давлатии миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, махсусан мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизат бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

 

0