(1:02 / 6.44Mb / просмотров видео: 331)

Модари дарранда: тарбияти Нику дар боғи вуҳуш аз сӯйи пишаки хонагӣ

14
(Таҷдидшуда 14:56 31.07.2015)
Пишаки оддии хонагӣ дар боғи вуҳуши Новосибирск пишаки ваҳшии кӯчакеро духтархонд кард. Дар навори видеоӣ бубинед, ки чӣ гуна хонаводаи ҷадид вақтгузаронӣ карда модархонд аз фарзанди қабулкардааш ҷӣ гуна парасторӣ мекунад.

Модари пишаки ваҳшӣ аз кӯдаки худ, ки дар боғи вуҳуши Новосибирск таваллуд шуд, рӯй гардонид.

Никаи тоза таваллудшуда беҳолу кӯчак менамуд. Ба гуфтаи масъулони боғи вуҳуши Новосибирск мавориди рӯйгардонии волидайн аз кӯдаки худ дар табиъат зиёд рух медиҳанд. Ба ин кӯдак сареъан модар зарур буд ва яке аз кормандони боғ тасмими бигирифт ба ҷойи модархонд пишаки хонагии худро истифода кунад, ки низ тоза пишакчаеҳро ба дунё оварда буд.

Ин иқдом натиҷа дод: пишак даррандаи кӯчакро пазируфт ва ба ӯ ғизо медодагӣ шуд.

14
Барчаспҳо:
боғи вуҳуш, Русия, Новосибирск
Мавзуъ
“Парандабозор” дар Душанбе: боғи вуҳуш дар фазои озод

"Нафасам мегирад": тазоҳурот дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис - видео

169
(Таҷдидшуда 20:10 03.06.2020)
Даҳ рӯз мешавад, ки дар ИМА пас аз боздошт ва фавти Ҷорҷ Флойд тазоҳурот идома дорад. Тазоҳуроти назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис ба наовр афтод

Бетартибиҳо дар ИМА ҳанӯз 25 май сар шуд. Ҳамон рӯз Ҷорҷ Флойд дар яке аз мағозаҳои Миннеаполис бо пули қалбакӣ харидорӣ мекард ва кассир пулисро ҷеғ зад. 

Дар гузориши пулис навишта шуда, ки зимни боздошт гунаҳкор муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ нисбати ӯ қувва истифода шудааст. Аз ҷумла пулис ҳангоми бастани дастони ӯ бо зону ба гулӯяш такя кардааст. Флойд чанд маротиба гуфтааст, ки нафасам гирифт ва беҳуш шудааст. Пас аз чанде ӯ дар шуъбаи эҳёи беморхона ба ҳалокат расидааст.

Панҷ рӯз аст, ки эътирозҳову бетартибиҳо дар Амрико идома дорад

Пас аз ҳалокати Флойд дар Миннеаполис ва баъдан дигар шаҳрҳои ИМА тазоҳурот оғоз шуд. 

Тазоҳургарон мошинҳоро месӯзонанд, мағозаҳоро ғорат мекунанд ва бо мақомоти пулис даргир мешаванд.

Тазоҳургарон талаб доранд, ки гунаҳкорони марги Флойд шиканҷа шаванд ва нобаробарии нажодӣ нисбати сиёҳпӯстон аз байн бардошта шавад.

Имрӯзҳо тазоҳурот дар ИМА зери шиори Black lives matter ("Ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст") мегузарад.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Ҳамарӯза дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис садҳо нафар бо шиорҳои "Нафасам мегирад" ва "Адолат нест, оромӣ нест" ҷамъ мешаванд.

169
Барчаспҳо:
губернатор, тазоҳурот, ИМА

Эътирозу бетартибиҳо дар ИМА-навор

257
(Таҷдидшуда 01:36 03.06.2020)
Эътирозу бетартибиҳо дар ИМА, ки баъди марги Ҷорҷ Флойд, шаҳрванди африқо-амрикоӣ оғоз шуданд, бисёри минтақаҳои кишварро фаро гирифтанд

Теъдоди аёлоте, ки  дар он барои пахши эътирозҳо аз нерӯи горди миллӣ истифода мешавад, афзоиш ёфтанд, хабар доданд расонаҳои ИМА. Алайҳи дастандаркорони бетартибӣ нерӯҳои пулис аз норинҷакҳои садоӣ ва газҳои ашковар истифода мебаранд.

Эътирозҳо баъди он сар заданд, ки Флойд 25 май аз дасти маъмурини пулис кушта шуд. Cюзан Райс, собиқ мушовири амниятии Барак Обама, раисиҷумҳури пешини ИМА аз эҳтимоли даст доштани Русия дар таҳрики эътирозгарон тариқи шабакаҳои маблағгузорӣ суҳбат кард.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, ин иддаоро бепоя хонда, таъкид намуд, ки Русия ҳеч гоҳ ба умури дохилии ИМА дахолат накардааст ва чунин ният надорад.

Дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошт Флойд муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ дар нисбати боздоштшуда аз қувва ва дастбанд истифода буда шуд.

Аз ҷумла, яке аз кормандони пулис усули буғикуниро истифода намудаст, ки дар натиҷа Флойд бар асари нарасидани ҳаво ба ҳалокат расид.

Пас аз фавти Флойд дар Миннеаполис тазоҳурот сар зад. Одамон ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, дӯкону мошинҳои қанори роҳро оташ мезананд.

Иштирокчиёни тазоҳурот талаб мекунанд, ки мақомот гунаҳкорони марги Флойдро ҷазо дода, бо нобаробарии нажодӣ дар Амрико нуқта гузоранд.

257
Абдулло Рахнамо, политолог

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

0
(Таҷдидшуда 02:44 04.06.2020)
Сиёсатшиноси тоҷик пас аз 33 рӯзи дастбагиребонӣ бо “вируси корона” аз шифохона рухсат шуд ва ба хона баргашт

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди хушном ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз, 3 июн аз Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе рухсат шуд.

“Ҳафтае қабл таҳлилҳоямро барои вуҷуд доштан ё надоштани “вируси корона” гирифта буданд. Рӯзи 1 июн аз озмоишгоҳи “Диамед” – и шаҳри Душанбе санад фиристоданд, ки ҳамин гуна як маризӣ нест ва натиҷа манфӣ аст. Имрӯз духтури муолиҷ табрик гуфт, ки аз марҳилаи аслии беморӣ раҳо шудаам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Донишманди тоҷик 12 май пас аз душвор шудани нафаскашӣ ба корпуси 4 – уми Макази тиббии “Шифобахш”, ё Шифохонаи Қарияи Боло ва ду рӯз пас бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд.

“Хеле сахту ногувор буд. Чун дар гуруҳи осебпазир будам, сахту тӯлонӣ азиятам дод. Гоҳо нафас пурра мегирифт. Чанд шабонарӯз аслан нашуд мижа ба ҳам занам. Соатҳо бо оксигенератор - дастгоҳи нафасдиҳӣ кор мекардам. Ташхис ҳама узви баданро хуб нишон медод, аммо нафастангӣ раҳоям намекард. 33 рўз дар ин мушкила тапидам, ки бахше аз он, хоса миёнаи моҳ, дар тангии нафас ва марзи хатар гузашт. Шукр, ки инак, вориди марҳилаи барқарорӣ мешавам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Нигарониҳо аз вазъи сиҳии Абдуллоҳи Раҳнамо пас аз он ба вуҷуд омад, ки шаби 11 май дар як пости фейсбукиш навишт: “Ҳамин лаҳза бо хости Худованд зери дастгоҳи нафас меравам. Руҳ қавӣ аст, ҷисм номардӣ накунад. Агар баргаштам, бо Шумоям, бо ин Ватан, бо ин миллат, бо ҳар яки Шумо”.

Раҳнамо пас аз гирифтории ҳамсар, сипас, духтару ду писараш, ки аз дардҳои сабук ва мушобеҳ шикоят доштанд, мариз шуд. Ҳамсари худро дар шифохонаи “Якум Советски” бистарӣ карду худ низ ба Қарияи Боло интиқол ёфт.

Баъдтар ҳарду ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе гузаронда шуданд.

 “Ҳамсарам низ акнун ба хона омадаву фарзандонам низ пурра шифо ёфтаанд. Хулоса, Худованд иноят, давлат ҳимоят ва миллат табобат кард. Хонаводаи ман дигарбора сари як дастурхон ҷамъ омад”, - гуфт донишманди тоҷик.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар “таваллуди дубора” – и худ ба ҳукумат, роҳбарияти вазорати тандурустӣ, пизишкони шифохонаҳои Қарияи боло ва маризиҳои сироятӣ ва дар умум онҳоеро, ки барояш дуо карданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири кунунӣ ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон буда, яке аз коршиносони муътабар ва аршади умури дину сиёсат дар кишвару минтақа ба ҳисоб меравад.  Муаллифи китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе), “Ислом ва амнияти миллӣ” (2011), “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ” (2011), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2014) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ аст.

Ӯ поягузори литсейи хусусии “Раҳнамо” дар соли 2010 аст, ки ҳоло яке аз макотиби муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Соли равон се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо, ки шогирди ин мактаб мебошанд, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” пирӯз омада, писари бузургаш Бунёд Раҳнамо Шоҳҷоизаи ин озмунро ба даст овард.

Абдулло Раҳнамо ин дастоварди фарзандонашро натиҷаи заҳмати ҳамсараш хонда буд.

0
Барчаспҳо:
Абдулло Раҳнамо, рухсат, вирус, тоҷик, Тоҷикистон