(1:02 / 6.35Mb / просмотров видео: 6)

Ҳосили камсобиқаи ангур дар Тоҷикистон

23
(Таҷдидшуда 07:51 02.09.2015)
Ба фарқ аз солҳои қаблӣ, мавсими имсолаи ангур серҳосил омадааст. Тавре Пирмуҳаммад Султонов, раҳбари хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Пирмуҳаммад”-и ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ҳавои мусоид боис шуд, ки ангур ҳосили хуб бидиҳад. Вай дар хоҷагиаш навъи ангури “тоифӣ” мепарварад.

Аз баски маълумоти олии агрономӣ дорад, ин маълумоташ дар парвариши ангур кӯмак мекунад. Вай медонад, ки барои аз гармӣ ҳифз кардани токи ангур бояд чӣ навъи нерӯи минералиро истифода кард, барои вазн гирифтани дони ангур бошад, кадом доруро ба кор бурд. Хоҷагии деҳқонии "Пирмуҳаммад" аз 1,7 га иборат аст, ки ин ангурзорро вай ҳамроҳи хонаводааш парвариш мекунад.

23