(1:34 / 9.91Mb / просмотров видео: 26)

Ҳунармандони театри Маяковский аз тахриби бино нигаронанд

24
(Таҷдидшуда 13:29 16.10.2015)
Гурӯҳи эҷодии театр бар ин назар аст, ки бино набояд тахриб шавад, зеро он арзиши таърихӣ дорад.

Ин бино соли 1924, маҳз дар соли таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар соли 1929 бошад, дар ин бино Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ дар ҳайати ИҶШС (СССР) эълом гардид.

Гурӯҳи эҷодӣ ва кормандони театр даҳҳо мисолеро оварда метавонанд, ки таърихӣ будани биноро собит месозад.

 

24
Барчаспҳо:
таърих, театр, сохтмон, фарҳанг, Театри русии драмавии ба номи Маяковский, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Тахриби биноҳо дар Душанбе: сокинон муқобиланд (7)

Таҳдиди навбатии Амрико ба Русия: Помпео ваъда дод, Маскав ҷазоӣ сахт мегирад

300
(Таҷдидшуда 18:53 14.08.2020)
Котиби давлатии Амрико ҳушдор дод, ки агар “созиши Маскав ва Толибон” тасдиқ ёбад, Русияро рӯзҳои сахт интизор аст

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико таъкид кард, ки агар тасдиқ шавад, ки русҳо барои қатли сарбозони Амрико пул пешниҳод мекардааанд, Русияро ҷазоӣ сахт интизор аст.

“Агар русҳо барои қатли сарбозони Амрико ва мардуми Ғарб пул пешниҳод кунанд, онҳо арзиши гаронеро хоҳанд супорид. Инро ман ба вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров расондам. Ман хабар дорам, ки низомиёни мо бо роҳбарияти низоимии Русия низ дар ин бора гуфтугӯ доштанд. Мо таҳаммули инро надорем”, - гуфт Майк Помпео.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия таҳдидҳои Амрикоро ба вазъи сиёсии дохилии ин кишвар рабт дод.

Вай гуфт, дар арафаи интихобот ҳукумати Трамп дар баробари демократҳо мехоҳад аз “корти Русия” истифода кунад

Ёдрас мешаҷвем, ки нашрияи “The New York Times” бо такя ба манобеи дар хадамоти махсуси Амрико рӯзи 26-уми июн хабар дода буд, ки мақомоти Русия ба гурӯҳи Толибон барои куштани сарбозони нерӯҳои эътилоф таҳти сарварии Амрико дар Афғонистон пул пешниҳод мекардааст.

Нашрияи “The Times” навиштааст, ки Толибон ва ё “гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноии алоқаманд ба онҳо” як қисми пулро дастрас кардаанд. Аммо дар гузориш гуфта мешавад, ки рӯшан нест, ки ин пардохтҳо ба 20 сарбози кушташудаи амрикоӣ дар соли гузашта дар Афғонистон рабт дорад, ё не.

Иддао Амрико дар ҳолест, ки ин кишвар пас аз имзои созишномаи сулҳ бо Толибон дар моҳи феврал тасмим гирифтааст, ки соли оянда сарбозонашро аз хоки Афғонистон берун кунад.

Нашрияи “The Times” навиштааст, ки мақомоти Амрико намедонистанд, ки то чӣ андоза амалиёти пинҳонии ҳукумати Русия тасдиқ шудааст ва он чӣ ҳадафро дунбол мекунад.

Мақомоти Русия ин иттиҳоми навбатиро “бепояву беасос” хонд.

300
Барчаспҳо:
Толибон, Маскав, таҳдид, Русия, Амрико
(134:22 / 2102.22Mb / просмотров видео: 3)

Дар бораи касбу нақшаҳои оянда: нишасти хабарии Ҳабиб Нурмуҳаммадов - пахши мустақим

373
(Таҷдидшуда 16:13 14.08.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук оиди нақшаҳои ояндаи худ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав изҳор дошт

Дар шаҳри Маскав бо иштироки Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов нишасти хабарӣ ҷараён дорад.

Размикори маваффақ тасмим гирифт ба хабарнигорон дар мавриди касб ва нақшаҳои ояндаи худ ибрози назар кунад.

Қобили зикр аст, ки дар ояндаи наздик муҳорибаи ӯ бо Ҷастин Гэйтжи баргузор мегардад. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар фаъолияти касбии худ 28 муҳориба баргузор кардаст ва то ҳол боре ҳам мағлуб нашудааст.

373
Здание парламента Республики Таджикистан

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ: мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагон бо сафири Ҳинд

0
(Таҷдидшуда 01:31 15.08.2020)
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дар Душанбе дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik.  Ба нақл дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, бо Вироҷ Синг сафири Ҳиндустон дар Душнбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳаммадато Султонов сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот ду тараф дурнмои ҳамкориҳои байни парлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баҳс ва баррасӣ шуд. 

Вай афзуд, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба тавсеа ва густариши муносибот бо Ҳинд таваҷҷӯҳи  вижа кунад. 

Бояд қайд кард, ки мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1991 то кунун 70 тавофуқнома барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бо якдигар имзо карданд.

Ҳудуди 80 ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикстон фаъолият мекунанд.

0
Барчаспҳо:
Душанбе, маҷлис, парлумон, ҳамкорӣ, Ҳинд, Тоҷикистон