(2:05 / 12.85Mb / просмотров видео: 4)

Чеҳраҳои шаҳри мо: касби беназир - мусофирҷамъкунӣ дар нақлиёт

21
(Таҷдидшуда 19:19 11.02.2016)
Мусофирҷамъкунӣ - касби ғайриодие, ки на ҳама дар бораи он медонад.

Кишварҳои гуногун аз ҳамдигар бо чӣ фарқ мекунанд? Албатта, бо фарҳанг, дин, сиёсат, ҷуғрофиё ва боз бо касбу ҳунарҳои вижаи худ. Дар Тоҷикистони мо ҳам ҳунари ғайриодӣ — "мусофирҷамъкунӣ" вуҷуд дорад, ки шояд Шумо ҷойи дигаре нахоҳед дид.

Рӯзу шаб ин "мутахассисон" бо гуфтани масири нақлиёти худ мусофиронро даъват ё ба истилоҳи худашон "ҷамъ"мекунад.

Барои чӣ?— Шумо бипурсед.

Барои он ки шахсони аз кретинизми топогрофӣ азиятмедида ба мисли ман, афроде, ки ба нақлиёти мусофирбар сари вақ намерасанд ё масири онро дар иттилоияҳои насбшуда намехонанд, ба монанди Женя Лукашин аз филми "С лёгким паром"(Офият бошад) ба Лелинград нараванд.

Ҷамъкунии роҳона ҳам ба масъулияти ин "мусофирҷамъкунҳо" дохил мешавад.

Аксари вақт мусофирон аз онҳо шикоят мекунанд, чун ин мусофирҷамъкунҳо метавонанд, аз додани бақияпулӣ худдорӣ карда, ҳатто суханҳои қабеҳ ҳам дар ҳаққи одам раво бинанд. Вале ин пулчинакҳо ҳам дар навбати худ аз мусофирони хеш норозиянд, ки аз саҳари рӯз танҳо ба хотири боздоштани нақлиёт ҳамагӣ чанд метр дур аз ҷоий гуфташуда онҳоро меранҷонанд.

Дар ҳақиқат чизи тааҷҷубовари ин касб дар он аст, ки аксари мусофирҷамъкунҳо кӯдаконеанд, ки ба ҷойи рафтан ба мактаб математикаи олиро ҳамроҳ бо падар ё бародару амаку тағои худ дар амал меомӯзанд.

Хабарнигори Sputnik яке аз ин мусофирҷамъкунҳоро дар масири нақлиёти мусофирбаре дар шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ кард, то барои Шумо бифаҳмонад, ки имрӯзҳо метавонед, бо кӣ рабарӯ шаведу талош кунед, нодида бигиред.

21
Барчаспҳо:
Лукашин, Женя, Женя Лукашин, Ленинград, иттилоия, пулчинак, мусофирҷамъкун, мусофирбар, масир, нақлиёт, Душанбе, Женя Лукашин, Ленинград, Душанбе, Тоҷикистон