(0:47 / 4.96Mb / просмотров видео: 78)

Хабарнигорон аз Сурия бо ҳимояи зиреҳпӯш берун шуданд

25
Гуруҳи рӯзноманигорони рус ва хориҷӣ дар минтақаи Лотақияи Сурия мавриди гулӯлаборон қарор гирифта, бо мушкил аз он ҷо берун рафтанд.Навор дар ин бора аст.

Гуруҳе аз хабарнигорони Русия ва ҳамтоёни хориҷии онҳо аз минтақаи ҷангзадаи Латақияи Сурия бо ҳимоя аз зиреҳпӯшҳо берун шуданд. Дар ин бора хабарнигори РИА Новости Евгений Орел иттилоъ дод. Ба ғайр аз ӯ дар ин минтақа журналистон аз шабакаи телевизионии RT: Борис Кузнетсов, Ҳасан Наср, Холид Элдера ва Александр Тихомиров.

Ҳодиса рӯзи сешанбе дар минтақаи наздимарзии шаҳри Кенсаб ба вуқӯъ пайваст. Дар маҷмӯъ ҷониби хабарнигорон 8 гулӯла партоб шудааст.

Дар аснои тирпарронӣ чанд шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла атбоъи Чин, Канада ва Булғористон захм бардоштаанд.

 

 

25