Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сарвазири Узбакистон

162
(Таҷдидшуда 20:05 28.12.2016)
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини сарвазири Узбакистон Рустам Азимов баргузор гардид

Президенти Тоҷикистон нахуст намояндагони воломақоми Узбакистон бо баргузориии бомувафаққияти интихоботи презиентӣ табрик кард.

"Шавкат Мирзиёев-интихоби арзандаи халқи Узбакистон аст. Муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ба манфиати ду кишвар рушд хоҳанд кард",-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба қавли роҳбари ҶТ ҳамкорӣ  бо Узбакистон-яке аз самтҳои муҳимтарин муносбатҳои хориҷии кишвари мо аст.

Дар ҷавоб Азимов изҳор дошт, ки вохӯрии шахсии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро баҳои баланд медиҳад.

"Гамртарин салом Шавкат Мирзиёевро ба шумо мерасонам",-қайд кард муовини нахуствазири Узбакистон.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Узбакистон иштироки шахсии Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими гуселодинани собиқ президенти Узбакистон Ислом Каримов ба роҳи охират, баланд баҳогузорӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 27-28-уми декабр ҳайати воломақоми Узбакистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири кишвар Рустам Азимов ба Душанбе омад.

162
Барчаспҳо:
вохӯрӣ, Рустам Азимов, Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Омодагӣ машқҳои низомии “Қафқоз-2020”: Тоҷикистон ҳамчун нозир даъват шудааст

60
Низомиёни Белорус ва Чин барои иштирок дар машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” ба вилояти Астрахани Русия омаданд

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз хоҳанд шуд. Низомиён каме пештар барои иштирок дар машқҳо омодагӣ мегиранд. Низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои машқҳо омода месозанд.Қафқоз-2020. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида мешаванд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ҳамчун нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

60
Барчаспҳо:
Белоруссия, Чин, Русия, Астрахан, Қафқоз, машқҳои ҳарбӣ, машқҳо, Тоҷикистон

Нашри тоблуи таблиғотии Трамп бо автомату ҳавопаймои русӣ-видео

279
(Таҷдидшуда 20:56 17.09.2020)
Дар маъракаи таблиғоти пешазинтихоботии Доналд Трамп, раисиҷумҳури феълии ИМА ҳодисаи ғайричамдошт рух дод. Тарроҳ дар варақаи таблиғотии Трамп техникаи русиро ҷой кард

Ситоди пешазинтихоботии Доналд Трамп тоблуи пешазинтихоботиро нашр кардааст, ки дар ҳавопаймоҳои ҷангандаи МиГ-29 ва автомати Калашникова АК-74 инъикос ёфтааст.

Коршиносон тасдиқ кардаанд, ки техникаи тасвиршуда дар тоблуҳо силоҳи русиягӣ мебошад.

Инчунин манбаъ пайдо карда шудааст, ки дар заминаи он варақаи пешазинтихоботии Трамп таҳия гардидааст. Зоҳиран ба тарроҳ манзара писанд омад ва ӯ ба ҷузъиёти техникаи тасвиршуда дар он аҳамият надод.

Хабари омодасозии қассоси Эрон барои қатли Сулаймонӣ ва ҳушдори Трамп

Ростех бо нашри як муроҷиатнома аз роҳбарияти тарроҳ хостааст, ки ӯро муҷозот надиҳанд ва ваъда кардаанд, ки ба ӯ туҳфае тақдим хоҳанд намуд.

279
Парламентские выборы в Таджикистане

Мастчоҳ ба интихоботи президентӣ омодааст: ифтитоҳи 35 участкаи интихоботӣ дар ноҳия

0
(Таҷдидшуда 19:39 18.09.2020)
Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҷидди ба интихоботи президентӣ омодагӣ гирифтааст. Дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои​ Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ​ омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводи иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35​ участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
мақомот, таъсис, участкаҳо, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон