(1:51 / 13.35Mb / просмотров видео: 287)

Шабнам Сурайё ва афсонаи Шарқ: тоҷикони Амрико Наврӯзро бо рақсу суруд пешвоз гирифтанд

218
(Таҷдидшуда 17:55 23.03.2017)
Дар пойтахти ИМА консерти Шабнам Сурайё ва гурӯҳи рақсии Silk Road (Роҳи абрешим) баргузор шуд

Барномаи консертии овозхони шинохтаи Тоҷикистон Шабнам дар ИМА ба ҷашни Наврӯз бахшида шуда, аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар ИМА ва бонки "Ориёнбонк" дастгирӣ гардид.

Тоҷикони Амрико ҳофизаи тоҷикро хело гарм ва самимона истиқбол гирифтанд ва баробари Шабнам суруд мехонданд. Қариб ҳама либоси миллӣ ба бар ба саҳна баромада, рақс карданд.

218
Барчаспҳо:
консерт, Наврӯз, Шабнами Сурайё, Тоҷикистон-ИМА
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)

Русия ба кишварҳои ИДМ ваксинаи тайёр медиҳаду ба дигарон истеҳсолашро меомӯзад-видео

303
(Таҷдидшуда 18:22 25.09.2020)
Русия гуфтааст, воксинаи тайёрро барои кишварҳо намефиристад, аммо омодааст таҷрибаи истеҳсоли доруро бо давлатҳои тавонманд тақсим кунад

Русия ваксинаи омодашударо ба таври зиёд ба хориҷи кишвар намефиристад.

Ба ҷойи ин, олимони Русия омодаанд, ки технологияи истеҳсоли доруро бо дигар кишварҳо тақсим кунанд.

Дар ин бора директори Пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалея Александр Гунзбург гуфтааст.  Аммо ин равишро дар кишварҳои ИДМ наметавон татбиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ду ваксинаи дигар дар Русия озмоиш мешавад.

22 сентябри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Русия барои озмоишҳои клиникии доруи нав, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Русия сохта шудааст, иҷозат дод.

Озмоишҳои ваксина, ки онро Маркази илмии “Вектор” таҳия кардааст, дар ҳоли анҷомёбист.

Чӣ гуна кишварҳои ҳамсоя метавонанд ваксинаи Русияро ба даст оранд ва чаро Русия омода аст таҳаввулоти худро ошкор кунад – дар навор бубинед.

303
Барчаспҳо:
содирот, истеҳсол, дору, Русия

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

130
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

130
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия
Футболист на поле, архивное фото

Пирӯзии “Навбаҳор” бар “Равшан” и Кӯлоб: ҳисоби бозӣ 5:0

0
(Таҷдидшуда 19:15 26.09.2020)
Бозии даври чаҳоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни ҷавондухтарон U-17 бо пирӯзии “Навбаҳор” и ноҳияи Мастчоҳ бар “Равшан” и шаҳри Кӯлоб ба охир расидааст. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Тавре Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар доираи даври чаҳоруми чемпионати футбол инчунин бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Мактаби махсуси футбол, чавгон ва асп” ё “ММФЧВА” и Суғд доир шуда, бо ҳисоби 3: 2 бо ғалабаи мизбонон тамом шудааст.мяч

Бино ба иттилоъи манбаъ дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон шаш даста ба ҳисоби “Навбаҳор” у “Равшан” ва “ММФЧВА” у “Хатлон” барои ба даст овардани Ҷом рақобат мекунанд.

Қарор аст, дар доираи давраи панҷуми бозиҳо “Навбаҳор” дар сафар бо дастаи “Ҳосилот” и Фархор бозӣ анҷом диҳанд.

 “Ҳоло дастаи “Хатлон” дар ҷои аввал ва дастаи “ММФЧВА” дар ҷои дуюм қарор дорад”, - гуфт Юнусов.

Соли гузашта дастаи “ММФЧВА” чемпион шуда буд. Зимнан соли сеюм аст, ки чемпионати футбол миёни бонувон мунтазам доир мегардад.

 Баъзеҳо аз баргузории футболи занона интиқод мекунанд, аммо бисёриҳо бо муҳимияти тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии ин намуди варзиш миёни бонувонро тасмими саривақтӣ медонанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии чемпионати футбол миёни бонувонро роҳандозӣ намуда, аз сӯи ин ниҳод сафархарҷ, туб ва либоси варзишии дастаҳо таъмин карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
Кӯлоб, пирӯзӣ, Мастчоҳ, Футбол, Суғд, Тоҷикистон