Навори дидори шоҳзода Оқохони IV бо Сергей Лавров

1281
(Таҷдидшуда 15:53 20.04.2017)
Имрӯз шоҳзода Оқохони IV бо вазири умури хориҷаи Русия Лавров дидор ва мулоқот кард

Шоҳзода Карим Оқохони IV дар дидор бо вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳамкорӣ бо Русияро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр муҳим арзёбӣ кард.

"Ин боздид аз Маскав барои ман бисёр муҳим аст. Ҳамкорӣ бо Русия на танҳо барои ҷамоъати ман, балки барои кулли Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст. Мо дар онҷо ниҳодҳои муштараке бунёдгузорӣ мекунем, ки аҳамияти бузурге барои минтақа хоҳанд дошт", — фармуд шоҳзода Карим Оқохон.

1281

"Бадахшон": намоҳанги нави Меҳрнигор ба забони шуғнонӣ, ки пас аз сабт ӯ бемор шуд - видео

2013
(Таҷдидшуда 13:35 26.05.2020)
Меҳрнигори Рустам сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон намоҳанги нави худро таҳти унвони "Бадахшон" пешкаши мухлисон кард

Овозхони номдори тоҷик Меҳрнигори Рустам намоҳанги нави худро дар шабакаи Youtube нашр кард. Матни суруд ба қалами рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дошта қисми аввали он ба забони шуғнонӣ иҷро шуда ва баъд ба забони тоҷикӣ идома мекунаду дар охир бо мадҳиясароӣ ва талаби шифо аз Худованд анҷом мепазирад.

Намоҳанг дар манзараҳои зебои Данғара ба навор гирифта шшудааст. Ин клипро сарояндаи ҷавон Некрӯз Ниёзов тамзим карда ва он таҳти мудирияти Сафаров Бахтовар омода шудааст.

Меҳрнигори Рустам барои омода карани ин намоҳанг ба сарояндаи машҳур писари маэстро Далер Назаров - Аброр Назаров изҳори сипос кардааст.

Пироҳанҳои пӯшидаи Меҳрнигор дар ин намоҳанг маҳсули дасти тарроҳони номӣ Хуршед Сатторов ва Нафиса Имронова мебошад. Дар намоҳанг гурӯҳи рақсии "Парасту" Меҳрнигорро ҳамроӣ мекунанд.

Меҳрнигор пештар дар барномаи "Ногуфтаҳо"-и Орзу Исоев дар бораи сабти ин намоҳангаш гуфт, авохири моҳи апрел барои сабти намоҳанг ба Данғара сафар карда буд ва пас аз як рӯз вазъи саломатиаш ногувор шуд.

"Маззаро эҳсос намекардам, беҳолӣ буд, овозам гирифт, биниям маҳкам шуд ҳарорат ҳам доштам", - гуфт Меҳрнигор ва афзуд, ки пизишкон ба ӯ ташхиси аллергия гузоштанд.

Меҳрнигор намоҳанги нави худро рӯзи 24 май дар остонаи Иди Фитр ҳамчун армуғон барои мухлисонаш пешкаш кард. То имрӯз ин намоҳангро беш аз 20 ҳазор кас боздид карда ва зиёда аз ҳазор ккорбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки барои ҷамоати исмоилии Бадахшон рӯзи 24 май рӯзи вижа аст.

Дар ин рӯз мардуми Бадахшони Тоҷикистон Рӯзи Нур ё дидорро таҷлил мекунанд. Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоъилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд.

 

2013
Барчаспҳо:
Бадахшон, намоҳанги нав, Меҳрнигори Рустам

Коронавирус чӣ бӯй дорад? Эрониҳо барои дарёфти беморони COVID-19 сагҳоро меомӯзанд- видео

842
(Таҷдидшуда 14:36 25.05.2020)
Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад. Барои тафсилоти бештар наворро бубинед

Кормандони маркази таълимии сагҳо дар Теҳрон месанҷанд, ки оё сагҳо COVID-19-ро ёфта метавонанд.

Дар таҷриба сагҳои зотҳо ва ҷинсҳои гуногун иштирок мекунанд - аз ин рӯ олимон мекӯшанд муайян кунанд, ки кадом ҳайвонҳо самараноктар кор мекунанд.

Ба гуфтаи мураббиён, чорпоён метавонанд 65% сироятро муайян кунанд. Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад.

Барои тафсилоти бештар наворро бубинед.

842
Барчаспҳо:
навор, саг, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 27 мая

Ҷашнҳои рӯзи 27 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:52 26.05.2020)
Рӯзи бисту ҳафтуми май дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон буда дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона мебошад. Дар ин рӯз Душанбе Паллаев - ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ ба дунё омадааст

Рӯзи 27 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1997 дар Порис санади асосии муносиботи дуҷонибаи Русия ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.

День 26 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1999 Додгоҳи Гаага Президенти Югославия Слободан Милошевичро гунаҳкори ҳарбӣ эълон кард.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва  созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

Соли 2003 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин Фестивал-симпозиуми байналмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе мактаби олии сарҳадбонони САҲА (ОБСЕ) ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи  байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 27 май

  • Дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Бекназар Аҳмадов (1926) – китобшинос, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Григорий Воробоев (1925 – 1986) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ғаффор Каримов (1938)- актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Аҳмадбек Қушқоров (1936-1989)- педагог, профессор.

Бурҳон Маҳмадқулов (1945) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Неъмат Мирсаидов (1955)- публисист.

Зайниддин Наҷмиддинов (1938) – Устои халқии Тоҷикистон.

Марина Некрасова (1954) –шоира.

Нурулло Оқилов (1965) – нависанда.

Душанбе Паллаев (1950 - 2017) –Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.

Ғуфрон Раҳимбоев (1949) – мутриб, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Бурҳон Ризоев (1948) – доктори илми таърих, профессор.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон