Ҳодиса дар пойтахти Белорус шоми шанбе ҳангоми баргузории тамрини режа ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Белорус, ки 3-уми июл ҷашн гирифта мешавад, рух додааст.
Танк ҳангоми гузаштан аз хиёбоне суръати ҳаракатро баланд мекунад, аммо ногаҳон лағжида ба чароғпоя бар мехӯрад.
Пирӣ ба бибии нафақахӯри 77-сола монеаи байни ҷавонон буданаш нашудааст.
Нафақахӯр фаъолона видеоҳои ҳаҷвиро ба навор мегирад ва дар TikTok мегузорад.
Ситораи Tik Tok, зодаи Тоҷикистон Дина Саева табобат мегирад
Ба корбарон чунин амалҳои бибӣ писанд омадааст ва ӯро блогери комил гуфтан мумкин аст.
Бибӣ феълан дар саҳифааш дар Тикток 500 ҳазор аъзо дорад, аммо ӯ ин шумораро боз ҳам бештар карданист.
Наворҳояшро то миллион бор тамошо кардаанд.
"Tik Tok" аз раисҷумҳури Амрико ба додгоҳ шикоят мебарад
Тафсилоти ҷолибро аз навори мо тамошо кунед.
Нишасти изтиророӣ ҳангоми посбонӣ дар қаламрави вилояти Ҳасеке рух додааст. Вазорати мудофиаи Русия қайд кард, ки ҳеҷ яке аз халабонҳо ҳангоми фуруди изтирорӣ осеб надидааст.
Ба иттилои Вазорати дифоъ, халабонҳо феълан дар фурудгоҳ ҳастанд.
"Рӯзи 28 феврали соли 2021, ҳангоми парвози нақшавӣ барои посбонӣ кардани қаламрави вилояти Хасеке дар ҷумҳурии Сурия, чархболи Ми-35 бо сабабҳои техникӣ ба таври изтирорӣ фуруд омад", - иттилоъ дод Вазорат.
Манбаъ бо такя ба гузориши халабонҳо илова намуд, ки чархбол ҳадафи тирпаронӣ қарор нагирифтааст.
Мавридд ба зикр аст, ки чархболи нақлиётии Ми-8АМТШ ва чархболи ҷангии зарбазани Ми-35 дар Хасеке корвони мошинҳои мулкиро аз ҳаво посбонӣ мекунанд, ки дар шоҳроҳи стратегии M4 ҳаракат мекунанд.
Гурӯҳи низомиён дар чархболи Mi-8AMTSh дар масофаи 5-10 километр пеш аз корвони мошинҳо парвоз мекунанд, то минтақаро посбонӣ намоянду аз пайдоиши эҳтимолии ҷангҷӯён дар наздикии масир ҷилавгирӣ кунанд. Чархболи зарбазани Ми-35 корвонро аз қафо аз таъсири техникаи ҳарбии хориҷӣ муҳофизат мекунад.
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Хурӯс тасодуфан дар хурӯсҷанге дар минтақаи Ҷагитали Ҳиндустон соҳиби худро куштааст, менависад Times of India.
Қабл аз оғози хурӯсҷанг парранда гурехтанӣ шуд ва соҳиби худ Танугул Сатишро бо корди дар панҷааш басташуда ба поёни шикамаш зад.
Мардро ба беморхона интиқол доданӣ мешаванд, аммо аз сабаби зиёд рафтани хун дар роҳ мефавтад.
Полис ҳолати мазкурро нохост хонда, парванда боз кардааст ва хурӯсро ба қисми навбатдорӣ овардааст.
Баъзе шабакаҳои хабарӣ аз боздошти хурӯс хабар доданд, аммо полис инро рад кардааст.
Онҳо илова карданд, ки хурӯс дар додгоҳ ҳамчун сабаби марги соҳиби он муаррифӣ хоҳад шуд ва тақдири минбаъдаи онро дар он ҷо ҳал хоҳанд кард.
Баъзе иштирокчиёни дигари хурӯсҷанг низ ба суд оварда мешаванд.
Хурӯсҷанг дар Ҳиндустон аз соли 1960 манъ карда шудааст, аммо он дар бисёр иёлатҳо пинҳонӣ сурат мегирад ва иштирокчиён ба он шарт мегузоранд.