Навор: фурӯ рехтани гилшор дар рӯди Панҷ дар Хостав

217
(Таҷдидшуда 18:45 11.07.2017)
Дар паи фурӯ рехтани сел дар каронаи афғонистонии Дарвоз чанд рӯз пеш 14 кас ҷон бохтаву 20 кас захмӣ шудааст

Гилшор дар бахшҳои Нусай, Шикай ва Кӯфоб дар Афғонистон 143 хонаро куллан ва 55 хонаро қисман хароб карда ва 16 нерӯгоҳи барқобии хурд, 22 ҷӯйбор, 13 бунгоҳи обрасонӣ, 2,5 килуметр рох ва 11 пулро нобуд кардааст.

Ҳамин селу гилшорҳо дар каронаи тоҷикистонии Дарвоз низ вайрониҳое бар ҷой гузоштаанд. Чунончи, дар паи гилшоре, ки аз дараи Рованаки Шикай фурӯ рехта, дар рустои Хостав аз ҷамоати Нулванд 20 хона зери об монд ва рафту омад дар шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ баста шуд.

Дар ин навор шоҳидони айнӣ лаҳзаи фурӯ рехтани гилшор дар рӯди Панҷ дар рустои Хоставро сабт кардаанд.

217
Барчаспҳо:
гилшор, сел, Ширговад, Хостав, Тоҷикистон-Афғонистон, Дарвоз
Мавзуъ
Пайомадҳои сел дар Дарвоз: 14 куштаву 20 захмӣ дар Афғонистон
Селе дигар дар Дарвоз рустоҳоро вайрон кард
Ба сокинони Дарвоз хаймаҳо ва маводи озуқаворӣ доданд: хисорот номаълум

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

405
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

405
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия

Таркиши мудҳиш дар Бейрут монеи маросимҳои издивоҷ гардид - навор

661
Таркиши мудҳише, ки дар Бейрут ба вуқӯъ пайваст нақшаи чандин ҷавононро барбод дод. Ҷуфтҳои хушбахт, ба хотири издивоҷ ба калисо омаданд, аммо таркиши шадид онҳоро ба висоли ҳам нарасонд

Пас аз таркиши мудҳиш дар Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун аз лаҳзаи таркиш мунташир мешуданд.

Ду наворе, ки аз лаҳзаи омодагӣ ба маросими издивоҷ дар замони таркиш ба шабакаҳо роҳ ёфт, сербинандатаринҳо гардиданд.

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут

Дар навор маълум аст, ки меҳмонон барои қисмат кардани хурсандии ду ҷавон ба калисо омаданд ва баробари аз дар даромадани арӯс таркиши мудҳиш сар мезанад. Тирезаҳои  калиса аз шиддати таркиш пора гардиданд ва арӯсу меҳмонон зуд толорро тарк намуданд.

Ҳамчунин як навори дигар аз аксбардории арӯс дар берун аз калиса мунташир шудааст, ки нозу каришмаи духтарро таркиши мудҳиш ба ваҳму ҳарос мубадал намуд.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

661
Барчаспҳо:
навор, таркиш, Бейрут
Панорама города Худжанд, архивное фото

Дастури шаҳрдори Хуҷанд барои ошкорсозии "бениқобон": гигиенаву масофа риоя намешавад

0
(Таҷдидшуда 11:03 10.08.2020)
Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо баргузории ҷаласа манбаъи паҳншавӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории вируси коронаро мавриди баррасӣ қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни кори ҷаласа масъулини шаҳр мавридҳои сироятёбӣ ва мубориза бо бемории коронавируси навъи COVID-19 ро таҳқиқ намудаанд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси Хуҷанд гуфтааст, ки мушоҳида мешавад, ки аз ҷониби баъзе шаҳрвандон талаботҳои беҳдоштӣ риоя намегардад ва ин омил ба афзоиши хуруҷи беморӣ бе таъсир намемонад.

“Бозору ҷойҳои истироҳатӣ ва тўю маъракаҳо аз манбаъҳои паҳншавии беморӣ ба шумор мераванд. Бо вуҷуди муайян шудани талаботи беҳдоштӣ мутаасифона аз ҷониби шаҳрвандон гигиенаи ҷамъиятӣ бастани ниқол риояи масофаи иҷтимоӣ аслан риоя карда намешавад”, гуфтааст Нуруллозода.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд ва сардори Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар аъзоёни ҷаласа дастур додааст, ки дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рейд гузаронанд ва ҳолатҳои риоя нашудани тавсияҳои беҳдоштӣ аз сӯи сокинонро ошкор намоянд.
Ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ), моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ) ва 113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид намуда ҷавобгарӣ аз рӯи ин моддаҳои қонунро шадидтар намуд.

Аз ҷумла дар қисми қисми 1 и моддаи 113 бе ниқоб ҳузур доштанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шароити буруз ва густариши маризиҳои ба одам хатарнок ё замони иҷрои тадобири қарантинӣ ҷарима дар ҳаҷми аз ду то панҷ нишондиҳанда барои хисобҳо, мутаносибан 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегуянд, ҳоло ин моддаҳо тоза ба қонун ҳамроҳ шудаанд ва аз ин хотир корҳои тарғиботӣ мебаранд, то мардум моҳияти қонунро дуруст дарк кунанд, дар акси ҳол барои риоя накардани ин бандҳои қонун татбиқи ҷазо ногузир аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бегоҳии дирӯз 9 уми август омори тозаи сироятёбӣ, табобат ва фавт аз бемории COVID-19 ро ироа кард.

Ба иттилоъи ин ниҳод дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави беморӣ дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин маризӣ ба 7785 нафар баробар то ин сана 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, дар пайи хуруҷи он то имрӯз 62 нафар фавтидаанд.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон