Ба Маскав омадӣ, патент гир

113
Барои кор ва зиндагии қонунӣ дар Маскав ҳар як шаҳрванди хориҷӣ бояд патент гирад

Чиро бояд донист то дар қаламрави Русия қонунан зиндагӣ ва кор кард. Дар навори зер роҳҳои қонунии дарёфти муҷаввизи кор ва пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ нишон дода шудааст.

113
Барчаспҳо:
муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муҳоҷират, Маркази бисёрфуксионалӣ, Русия
Мавзуъ
Се роҳи бозгашт ба Русия: кадом гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ афв хоҳад шуд

Чашмҷангу вазнченкунии Тайсон ва Ҷонс пеш аз муштзании таърихӣ-видео

221
(Таҷдидшуда 15:32 28.11.2020)
Қабл аз сабқати таърихии ду чеҳраи шинохтаи олами варзиш - Майк Тайсон ва Рой Ҷонси хурдӣ маросими баркашидани вазн ва чашмҷанги рақибон баргузор шуд

Сабқати Тайсон ва Ҷонси хурдӣ субҳи 29 ноябр тақрибан соати 7:30 бо вақти Душанбе баргузор хоҳад шуд. Тибқи қавоиди маъмул, як шабонарӯз пеш аз рақобат муштзанҳо вазнашонро чен карданд.

Рой Ҷонс бо вуҷуди талошаш барои расидан ба вазни Тайсон дар ниҳоят 5 кило сабуктар аз ӯ баромад. Маълум шуд, ки вазни Тайсон 99,8 кило ва аз Рой Ҷонс 95,2 килоро ташкил медиҳад.

Баъдан чашмҷанги рақибон баргузор шуд, ки зимни он миёни ду муштзан шиша гузошта шуда буд.

То ҳол Тайсон - 58 сабқат гузарондааст, ки дар 50 адад, аз ҷумла дар 44 сабқат бо накаут пирӯз шудааст. Рой Ҷонси хурдӣ 75 сабқат, 66 пирӯзӣ ва 47 нокаут дорад.

Ин нахустин майдондории Тайсон баъди соли 2005 ва Рой Ҷонс баъди соли 2018 мебошад. Рой Ҷонс инчунин шаҳрвандии Русияро низ дорад.

221
Барчаспҳо:
Майк Тайсон, вазн, муштзанӣ, сабқат, Ҷаҳон

Роҳ ба сӯи сулҳ: Русия чӣ гуна ба сокинони Қарабоғ кумак мерасонад

51
(Таҷдидшуда 13:38 28.11.2020)
Нерӯҳои муҳандисӣ барои тоза кардани роҳҳо ва барқарор кардани нақлиёт кӯмак мерасонанд, минрубҳо тоза кардани минтақаи пешинаи ҷангро идома медиҳанд

Сокинони Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳаёти осоишта бармегарданд. Дар ин кор ба онҳо посдорони сулҳи Русия ва мутахассисони Вазорати ҳолатҳои фавқулода кӯмак мекунанд.

Сапёрҳо минагузории минтакаи собиқи ҷангро бо метрҳо идома медиҳанд: алакай зиёда аз 2 гектар замин ва 3 километри роҳ азназаргузаронӣ карда шуда, бисёр иншооти шаҳрвандӣ ва иҷтимоӣ тафтиш карда шуданд.
Инчунин, барои кӯмак ба посдорони сулҳ ва сокинони маҳаллӣ аз Русия ба Қарабоғи Кӯҳӣ як гурӯҳи иловагии тиббӣ фиристода шуд.

Мардум артиши Русияро истиқбол мекунанд ва барои кумакашон ташаккур мегӯянд.

Зери назорати Русия: чигуна Қарабоғи Кӯҳӣ ба зиндагии орому осуда бармегардад

Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия якҷоя бо низомиён дар минтақа кор мекунанд. Онҳо ба Қарабоғи Кӯҳӣ таҷҳизоти махсус, масолеҳи сохтмонӣ ва кӯмаки башардӯстона мерасонанд.

Инчунин, мутахассисони шуъба барои барқарор кардани алоқа ва инфрасохтор кӯмак мерасонанд.
Инак, ба шарофати кӯмаки посдорони сулҳи Русия ва наҷотдиҳандагон нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳаракат даромад. 

Дар Степанакерт бошад, таъминоти об, газ ва барқ ​​тақрибан пурра ба роҳ монда шудааст.

Сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ боварӣ доранд, ки бо кӯмаки посдорони сулҳ ва наҷотбахшони Русия онҳо ба зудӣ метавонанд ба зиндагии оддии осоишта баргарданд.

51

Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 20:57 28.11.2020)
Дар вилояти Хатлон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 941 иншооти тандурустӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, то ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

“Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, дар деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ идома дорад.

Нашрия зикр намудааст, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 115 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ фаъолият менамоянд.

0
Барчаспҳо:
сохтмон, Тоҷикистон