(1:12 / 8.58Mb / просмотров видео: 1072)

Ҳазорон мусулмон ба нишони эътироз дар Ҳарами шарифи Қудс намоз нахонданд

162
(Таҷдидшуда 13:41 27.07.2017)
Чанд ҳазор мусулмон дар Байтулмуқаддас ба нишони эътироз ба бастани даромадгоҳҳо ба масҷидҳои Кӯҳи Маъбад ё Ҳарами шарифи Қудс дар кӯчаҳо намоз гузоштанд

Чанде пеш давлати Исроил дарвозаҳои оҳанёбу дурбинҳоеро, ки дар атрофи Масҷид ул-Ақсо гузошта буд, бардошт, вале раҳбарони руҳонии мусулмонон ин иқдомро кофӣ надониста тақозо доранд, ки дарҳои Масҷид ул-Ақсоро ба рӯи намозгузорони фаластинӣ боз кунанд.

Низомиёни Исроил аз 14 июл то 17 июл дарҳои Масҷид ул-Ақсоро бастанд ва пас аз бозгушоии он низ дарвозаҳои оҳанёберо барои бозрасии намозгузорон дар даромадгоҳҳои он масҷид насб карданд. Ин иқдом эътирози шадиди фаластиниён ва мақомоти бисёре аз кишварҳои исломиро дар пай дошт.

162
Барчаспҳо:
Масҷиду-л-Ақсо, мусулмонон, эътироз, Исроил

Чӣ гуна духтараки 7 - сола кӯҳҳои барфпӯшро фатҳ мекунад - видео

141
(Таҷдидшуда 20:11 24.01.2021)
Комёбиҳои ин духтарак ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ӯ ҳамагӣ 7 сол дорад, вале аллакай чандин нишон ба даст овардаасту қуллаҳои баландро фатҳ намудааст

Василиса Ермакова ҳамагӣ ҳафт сол дорад, аммо аллакай бо ҳунари худ дар Русия се рекорд гузоштааст: ҷаҳидан аз трамплин ба сноуборд бо гардиши 540 дараҷа аз миёни хурдсолон, ҷаҳиш бо гардиши 360 дараҷа ба сноуборд ва ҷаҳиш аз баландӣ бо суръати ( 48 км / соат) дар скейтборд.

Дар баробари ин ӯ дар мусобиқот аз рӯи сноуборд ҳафт нишони тиллоӣ ба даст овардааст. 

Василиса аз сесолагӣ ба ин навъи варзиш шавқ пайдо кард. Ҳамааш замоне оғоз шуд, ки волидонаш ӯро бо худ ба истироҳатгоҳи лижаронӣ бурданд.

"Вақте ман либос мепӯшидам ӯ, тахтаро гирифта бо ду пояш болои он баромад ва аз баландӣ худро ҳаво дод. Дар пеш монеа буд, вале ӯ наафтид, рост лағжида рафт. Мо ҳамаи инро ба навор гирифтем", - нақл кард падари духтарак Антон.

Се лижарони тоҷик барои Ҷоми Қароқурум дар Покистон зӯрозмоӣ мекунанд

Волидон аввал қарор карданд, ки ба духтарак лижабозиро меомӯзанд, вале пас аз як сол Василиса сноубордро низ аз худ кард. Тренери Василиса падараш мебошад, ки пеш ба ҳамин навъи варзиш машғул будааст.

141
Барчаспҳо:
Русия, варзишкор, духтарак, комёбӣ

Омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон-видео

159
(Таҷдидшуда 18:25 24.01.2021)
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус ва дигар монеаҳо Ӯзбекистон омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаиро идома дода истодааст

Дар Ӯзбекистон, дар вилояти Ҷиззах, дар наздикии кӯли Тузкан ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ омодагӣ дида истодаанд.

Дар бораи сохтмони нерӯгоҳ Ҳукумати Ӯзбекистон бо Русия созиш карда буд.

Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон нахустин дар Осиёи Миёна хоҳад буд ва бар асоси нақша метавонад соли 2028  мавриди истифода қарор дода шавад.

Дар бораи омодагиҳо ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ сардори Раёсати илму навовариҳои “Ӯзатом”, Шавкат Абдукомилов нақл кард.

Ба гуфтаи ӯ, кор дар ин лоиҳа сарфи назар аз пандемия идома дорад ва равобит бо ҷониби Русия дар бораи ин тарҳ тариқи онлайн сурат мегирад.

Феълан, мутахассисон таҳқиқоти муҳандисиро барои таҳияи лоиҳаи техникии нерӯгоҳи ҳастаӣ бурда истодаанд. Тамоми додаҳо ба Кумитаи давлатии амнияти саноатии Ӯзбекистон пешниҳод хоҳанд шуд ва он гоҳ ин ниҳод барои истифодаи ҳудуд иҷозат хоҳад дод.

159
Барчаспҳо:
ҳастаӣ, нерӯгоҳ, Ӯзбекистон
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик

Боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона

0
(Таҷдидшуда 11:43 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  ҷавони мазкур дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил карда, аз марду зане, ки ба хонаи ӯ барои алоқаи ҷинсӣ меомаданд 150 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст. 

Тибқи иттилои манбаъ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Сино ба ҷавони 24 ва зани 35-соли сокинони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодиса мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қонуни нави Тоҷикистон шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

0
Барчаспҳо:
ҷавон, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздошт, фоҳишахона, Тоҷикистон