(6:16 / 17.95Mb / просмотров видео: 81)

Абдулло Давлатов: ҳеҷ гоҳ мухолифи сиёсӣ набудам, аммо мушкилиҳоро гуфтам

320
(Таҷдидшуда 18:59 19.08.2017)
Абдулло Давлатов- коршинос, пизишк ва роҳбари пешини Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия мегӯяд, ҳеҷ гоҳ мухолифи сиёсӣ набуд, аммо камбудҳоро арз мекард

Абдулло Давлатов — собиқ роҳбари Иттиҳоди тоҷикистони Русия чанде пеш суҳбате дошт бо Sputnik Тоҷикистон.

Ҳини сӯҳбат пизишки маъруф аз ҳаёти хеш, мушкилиҳои муҳоҷирон ва Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия нақл кард.

Ба қавли Абдулло Давлатов далели мушкилоти муҳоҷирон кишвари муҳоҷирпазир набуда, бояд пеш аз ҳама камбуди худро ислоҳ кард.

"Ман дар Русия дар 25 соли зиндагониам ягон мушкилӣ надоштам. Вақте ки аз Тоҷикистон гуреза шуда омадам, авал аробакаш будам, баъд  савдогар шудам,  ёрдамчии депутат ва мудири шуъба ҳам кор кардам. Аммо ҳеҷ гоҳ мушкилоте аз паси миллатам  надидам. Ҳар ҷойе, ки камбуде буд, арз кардам, ва ҷавоб  гирифтам",- мегӯяд вай.

Абдулло Давлатов афзуд, мақсад аз созмони Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия ташаккул додани образи тоҷикон дар Русия буд. Вай мегӯяд, бархе  ӯро муттаҳам дар мухолифии сиёсӣ кардаанд. Ба гуфтаи Абдулло Давлатов, далели ин иттҳоми онҳо сухан кардани вай аз камбудиҳо, аз ҷумла мушкилиҳои муҳоҷирон будааст.

"Маро дар Тоҷикистон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан мегӯянд, ки ман мухолифи сиёсиам. Ман посух медиҳам, ки  мухолиф нестам ва аз ин ҳам бештар мухолифи сиёсӣ умуман нестам. Мухолифи сиёӣ нафарест, ки барои ҳукумат мубориза мебарад. Вале камбудиеро, ки мебнам ҳатман мегӯям, ба қавли Саъдӣ:

Агар бинам, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинам гуноҳ аст",- афзуд Абдулло Давлатов.

320
Барчаспҳо:
роҳбар, муҳоҷирон, Абдулло Давлатов, Русия