Андӣ: омодаи хидмат ба тамоми ҳамватанони эрониву афғониву тоҷик ҳастам

Обуна шудан
Андӣ рӯзи 6-уми сентябр дар Маскав ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Пеш аз консерт ҳунарманд бо сабти як навор тамоми ҳамзабонон ва ҳаммеҳанонашро ба барнома даъват кардааст

"Салом ба ҳамаи Шумо, ман Андӣ ҳастам, аз Лос-Анҷелос сухан мекунам. Ба зуддӣ 6-уми сентябр дар Масков хоҳам буд  ва омодаи хидмат ба тамоми дӯстону ҳамватанони иронӣ, афғонӣ, тоҷику узбак, рус ҳастам",- мегӯяд дар муроҷиати худ ин ҳунарманди машҳур.

Ба гуфтаи Андӣ, ин нахустин корнсерти вай дар Маскав аст.

"Пеш аз консерт хело ҳаяҷонзанда ҳастам",- меафзояд вай.

Масъулини консерт ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, нархи билет ба консерт аз 1000 рубл то 10000 рубл аст.

Лентаи хабарҳо
0