Навори озмоиши бомуваффақияти мушаки баллиситкии Эрон

Обуна шудан
Эрон мушаки балистики "Хуррамшаҳр"-ро бо муваффақият озмоиш кард

Фармондеҳи Нерӯҳои ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон сартип Амиралӣ Ҳоҷизода ин мушакро "дастоварди бузурги Вазорати дифоъ" хонда ва гуфта, ки он 2 ҳазор килуметр бурд дорад.

"Ин мушак ба ҷои як кулоҳаки ҷангӣ метавонад чанд кулоҳакро барои расондан ба чанд ҳадаф бибарад", — гуфтааст сартип Ҳоҷизода.

Чанде пеш Созмони саноеъи дифоъии Эрон бумбе бо вазни 10 тон тавлид кард, ки он "падари бумбҳо" ном гирифтааст. Ин бумб тавоноии бузурги тахриб дошта ва онро мешавад аз ҳавопаймои "Ил" партоб кард.

Лентаи хабарҳо
0