Дидори Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Анқара

58
(Таҷдидшуда 10:39 01.10.2017)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Анқара рафт

Зимни дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар барқарории сулҳ дар Сурия иброз доштанд.

"Мо қарордодҳои Остонаро бо қаноатмандӣ пешвоз гирифтем. Ҳукумати мо ҳамкориро дар ин ҷода одома хоҳад дод", — гуфт Эрдуғон.

Навори дидору мулоқоти кишвардорони Русия ва Туркияро Sputnik Туркия мунташир кардааст.

58
Барчаспҳо:
мулоқот, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Туркия

Ҳузури садҳо нафар дар маросими видоъ бо Ҷорҷ Флойд - видео

637
Дар Миннеаполис маросими видоъ бо Ҷорҷ Флойд сиёҳпӯсти амрикоӣ, ки аз ҷониби се корманди пулис кушта шуд, баргузор гардид

Садҳо нафар ба хотири гусел намудани Флойд ба манзили охираташ назди бинои донишгоҳи North Central ҷамъ омаданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷорҷ Флойд бо як бераҳмӣ аз ҷониби кормандони пулиси Амрико кушта шуд. Се пулиси тануманд Флойдро ба замин хобонда, яке аз онҳо бо ҳар ду пой гарданашро зер мекард. Флойд ҳарчанд ба душворӣ изҳор медошт, ки нафасгир шуда истодааст, аммо ба сухани ӯ ҳеҷ тан аз кормандони пулис гӯш надод. 

"Нафасам мегирад": тазоҳурот дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис - видео

Танҳо пас аз беҳуш шудан, се корманди пулис аз болои ӯ бархостанд.

Зимнан, пас аз хабари даргузашти Флойд садҳо ҳазор одамони норизо даст ба эътироз заданд. Дар бисёр кишварҳо амалҳои зидди нажодпарастӣ ва бераҳмии полис баргузор мешаванд.

Садҳо нафар бо шиорҳои "Ман нафас гирифта наметавонам" ва "Адолат нест, сулҳ нест" ба кӯчаҳо дар Нидерландия, Испания, Аргентина, Британияи Кабир ва Олмон баромаданд. Дар Юнон эътирозгарон дар назди консулгарии Амрико парчами ИМА-ро оташ заданд.

637
Барчаспҳо:
навор, Амрико, маросими видоъ

Кохи сафед дар паси деворҳои оҳанин: Трампро аз эътирозгарон паноҳ мекунанд - видео

294
(Таҷдидшуда 13:03 06.06.2020)
Таъмини амнияти Трамп дар Кохи сафед пас аз эътирозоти сартосарӣ дар Амрико пурзӯр гардидааст. Садҳо ҳазор шаҳрвандони Амрико ва муҳоҷирон пас аз қатли як сиёҳпӯсти амрикоӣ даст ба эътироз заданд

Дар робита ба нооромиҳо дар Амрико чанде қабл гирдогирди Кохи сафедро оҳанпеч намуданд. Ҳамаи ин корҳо ба хотири таъмини амнияти кишвардори Амрико Доналд Трамп рӯи даст гирифта шудааст.

Дар Амрико пас аз қатли сиёҳпӯсти амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис эътирозоти сартосарӣ сар зад.

Одамон аз чунин бархӯрди пулис бо сиёҳпӯстҳо, ки солҳо боз идома дорад, якбора ба ғазаб омада ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва даст ба вайронкориҳо заданд.

Панҷ рӯз аст, ки эътирозҳову бетартибиҳо дар Амрико идома дорад

Эътирозгарон бинову мағозаҳоро нахуст ғорат мекунанд ва сипас оташ мезанад.

Дар Вашингтон Гвардияи миллии ИМА ҳузури худро тақвият дод. Наворҳои шаҳр аз он шаҳодат медиҳанд, ки чӣ гуна низомиён дар кӯчаҳо ва объектҳои пойтахт, аз ҷумла Ёдгории Линколн, посбонӣ мекунанд.

Тафсилоти бештарро аз навори боло тамошо кунед.

294
Барчаспҳо:
Доналд Трамп, таъмини амният, Кохи сафед, Амрико
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

292
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

292