(1:08 / 8.69Mb / просмотров видео: 907)

Рақси зебои ҷавонони тоҷик назди парчами Тоҷикистон дар ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон дар Сочи

434
(Таҷдидшуда 10:52 19.10.2017)
Дар Ҷашнвораи ҷаҳони ҷавонон ва донишҷӯён, ки дар Сочи идома дорад, ҷавонони тоҷик рақси тоҷикиро муаррифӣ карданд

Ҷавонон дар тан либоси миллӣ дар назди парчами Тоҷикистон зери мусуқии марғуби тоҷикӣ ба рақс баромада, диққати ширкаткунандагони ҷашнвораро ҷалб мекарданд.
Тамошабинон ин раққосаҳо ва раққосонро ба навор мегирифтанд.

434
Барчаспҳо:
рақс, ҷавонон, Тоҷикистон, Русия

Набарди Ҳабиб бо Гетҷи: кӣ ғолиб меояд

2541
(Таҷдидшуда 02:26 25.10.2020)
Муҳорибаи калидии UFC 254 дар шаҳри Абу - Дабӣ ин набарди Ҳабиби Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гетҷи мебошад

Ҳамакнун Қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар доираи муҳорибаи UFC 254 дар Абу-Дабӣ бо рақибаш Ҷастин Гетҷи вориди октагон гардиданд.

Муҳорибаи мазкур  рақобати калидии ин шом хоҳад буд.

Ҳар ду размикор аллакай аз маросими вазнкашӣ гузаштанд ва вазни онҳо баробар ба 70 килограмму 300 грамм мебошад.

Зимнан, маросими вохӯрии "чашм ба чашм" хеле оромона баргузор шуда буд. Варзишгарон бидуни ягон нағмакорӣ дасти ҳамдигарро сахт фишурданд.

Барои размикори доғистонӣ ин аллакай 29 - умин рақобат ба ҳисоб меравад. Ҳабиб то ҳол дар ягон муҳорибаи худ ба бохт дучор нашудааст.

Рақиби ӯ Ҷастин Гейҷӣ бошад, танҳо ду маротиба аз 22 рақобати доиргардида, мағлуб шудааст.

2541
Барчаспҳо:
навор, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ҳабиб урён ва Гейҷӣ бо ниқоб: навори вазнченкунии размикорон

1454
(Таҷдидшуда 17:51 24.10.2020)
Қабл аз муҳорибаи дарпешистодаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов а Ҷастин Гейҷӣ, маросими вазнченкунии онҳо баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов имрӯз бори саввум барои ҳифз намудани камрбанди қаҳрамонияш талош мекунад. Қабл аз муҳориба, ҳар ду размикорро болои тарозу бароварда, вазнашонро санҷиданд.

Бар тибқи натиҷаи маросими вазнченкунӣ, Ҳабиб ва Гейҷи вазни баробар доштанд. Ҳар ду варзишгар 70 килограмму 300 грам вазн доранд.

Ҳабиб тамоман урён  болои тарозу баромад ва каме ҳаяҷонзада ҳам буд. Гейҷӣ бошад, бо ниқоби тиббӣ ва табассумкунон вазнашро санҷид.

Муҳорибаи онҳо шоми имрӯз соати 21:00 ба вақти Маскав ва 23:00 ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳабиб ҳоло ҳамаи муҳорибаҳояшро бидуни мағлубият анҷом додааст. Рақиби ӯ бошад ҳамагӣ ду маротиба рақобатро бохт.

1454
Барчаспҳо:
вазн, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Гейҷӣ ҳангоми гиряи Ҳабиб дар майдон ба ӯ чӣ гуфт?

0
(Таҷдидшуда 15:18 25.10.2020)
Ҷастин Гейҷӣ, размикори амрикоӣ нақл кард, ки ҳангоми гиряи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар майдон бо кадом суханҳо ӯро дилбардорӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik.  Гейҷӣ гуфт, баъди анҷоми сабқт ҳангоми гиряи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ӯ ба қаҳрамони UFC дар вазни сабук изҳори ҳамдардӣ кард.

Гейҷӣ ба Нурмуҳаммадов гуфтааст, ки қаблан имкони муроҷиат кардан ба ӯро надоштаст ва илова намудааст, хеле мутаассиф аст, ки Ҳабиб падарашро аз даст дод.

"Коратро ман давом медиҳам": Макгрегор муҳорибаи Ҳабиб бо Гедҷиро баҳогузорӣ кард

“Ту дар ҳамин лаҳзаҳо падарро водор кардӣ, ки бо ту ифтихор дошта бошад”, - тавзеҳ дод Гейҷӣ суханҳои гуфтааш дар майдонро ба BT Sport.

Шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда бошад.  Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.

Лаззат бар: Ҷонс ҷои аввалро дар рейтинги UFC ба Нурмуҳаммадов дод

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

Pound-for-pound – нисбати размикоре кор бурда мешавад, ки новобаста аз вазн беҳтарини беҳтаринҳо эътироф шудааст.

0
Барчаспҳо:
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, сабқат, Русия