(1:23 / 10.90Mb / просмотров видео: 11279)

Нафақахӯри 63-сола дар бахтозмоиш 506 миллион рубл бурд кард (НАВОР)

334
Бурди 506 миллон рубл дар Русия бори аввал ба як нафақахӯр даст дод. Пеш аз ин касе ин миқдор маблағро ба даст наоварда буд

Наталя Власова ном бознишастае аз вилояти Воронеж дар бозии лотерея бурди бесобиқа-506 миллион рубл ба даст овард.

"Ман нафақахӯр ҳастам. Пештар пирожки пухта мефурӯхтам. Зеро бо як нафақа зиндагӣ кардан ғайримкон аст",- мегӯяд вай.

Ба гуфтаи вай,  дар аввал худ нафаҳмидааст, ки толеъ ба рӯяш хандидааст. Пас аз ҳафтае, ки ҳама ин бурди калонро баҳс мекарданд, нафақахӯр мефаҳмад, ки ин миқдор маблағро вай бурд кардааст.

Ҳоло ин зан худ намедонад, ки ин маблағи калонро чӣ кор мекунад.

334
Барчаспҳо:
бурд, бахтозмоиш, нафақахӯр, Дар ҷаҳон

Рустами Эмомалӣ аз интиқоли донишҷӯёну парвозҳо: шарҳи пурраи гуфтушунид - видео

1740
(Таҷдидшуда 16:12 25.11.2020)
Расонаҳои Тоҷикистон мулоқоти пурраи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия шарҳ доданд. Бино бар иттилои манобеъ, дар ин гуфтушунид маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳамкорӣ, аз муҳоҷират то фарҳанг баррасӣ шуданд

Бино бар гузориши телевизиони "Тоҷикистон", ҳайъатҳои расмии Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Русия дар ҳайъати васеъ мулоқот карданд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба раиси Шӯрои Русия Валентина Матвиенко изҳори сипос кард.

Ҷонибҳо муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо муттасил рушд ёфта, робитаҳои байни парламентӣ мунтазам ба самти сифатан нав мегузаранд.

Бо арзи адаб: Рустами Эмомалӣ Валентина Матвиенкоро ба Тоҷикистон даъват кард

Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи масъалаҳои иқтисодии ҳамкориҳои дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷӯҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, баррасӣ гардид.

Иқтисод: таъсиси корхонаҳои Русия дар Тоҷикистон ва ҷалби технологияи русӣ

Дар ин ҷода зарурати бештари нуфузи механизми комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсиси муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пештарафтаи русиягӣ дар бахшҳои гуногуни саноати Тоҷикистон ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр қайд гардид.

Зимни мулоқоти дуҷониба инчунин масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муҳоҷират: соддагардонии гирифтани патент, афви такрорӣ ва барқарор кардани хатсайрҳои мунтазам

Зимнан, аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи муҳоҷирон, аз ҷумла соддагардонии тартиби бақайдгирифтан ва гирифтани патент, баррасӣ намудани имконияти афви такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат ишора гардид.

"Маскав бароят шаҳри бегона нест": пазироии Матвиенко аз Рустами Эмомалӣ- навор

Ҳамкориҳои ҳарбӣ, фарҳангӣ ва башардӯстӣ

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи минтақа ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои самаранокро дар бахши амният, инчунин амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ афзалиятнок шумориданд. 

Ҳамзамон ба ҳамкориҳои самти фарҳангиву башардӯстӣ, аз ҷумла соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.

Қобили зикр аст, ки алҳол дар муассисаҳои олии федератсияи Русия қариб 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мегиранд. Зимни мулоқоти ҳамтоён, масъалаи ҷиҳати идома додани таҳсил ба федератсияи Русия  бозгаштани донишҷӯёни тоҷик, ки бино бар маҳдудиятҳои пандемия ба машғулиятҳо ҳозир нашуданд, баррасӣ карда шуд. 

Рустами Эмомалӣ: Тоҷикистону Русия иқтидори иқтисодиро ба таври кофӣ истифода намекунанд

1740
Барчаспҳо:
навор, гуфтушунид, Рустами Эмомалӣ

ИМА аз шартномаи фазои кушод даст кашид - навор

114
(Таҷдидшуда 14:46 25.11.2020)
Дар бораи баромадан аз созишномаи ҳавоӣ амрикоиҳо ҳанӯз моҳи май эълон карда буданд ва далели ин қарорашонро аз ҷониби Русия иҷро нашудани бандҳои созишнома гуфта буданд

Иёлоти Муттаҳида расман аз Паймони фазои кушод (DON) хориҷ шуд. Созишнома соли 1992 бо мақсади таҳкими амният дар Урупо пас аз Ҷанги Сард ба имзо расидааст.

Ин созишнома соли 2002 эътибор пайдо кард ва барои таъмини амнияти кишварҳои иштирокчӣ таҳия шуда буд. Тибқи созишнома ҷонибҳо метавонистанд ошкоро дар бораи нерӯҳои мусаллаҳ ва фаъолияти якдигар маълумот ҷамъоварӣ кунанд.

Дар Маскав қайд карданд, ки ин иқдом ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ зарар мерасонад.

Гузашта аз ин, коршиносон низ ба бемантиқии ин қадам таъқид мекунанд: ба эҳтимоли зиёд хуруҷи ИМА аз ДОН ба амнияти шариконаш низ зарба занад.

Мишустин: Русия равобити ҳавоиро боз мекунад, аммо на бо ҳамаи кишварҳо - навор

Ягона умед ба президенти ояндаи Иёлоти Муттаҳида: Байден борҳо эълом дошт, ки ба узвияти ИМА дар созишномаҳои сулҳ пойбанд хоҳад буд.

Русия хоҳиши ИМА-ро дар бораи даст кашидан аз Шартномаи фазои кушода маҳкум мекунад

Аҳдномаи "Фазои кушод" соли 1992 имзо шуда, пас аз ҷанги сард ба яке аз чораҳои таҳкими эътимод дар Урупо табдил ёфтааст.

114
Барчаспҳо:
ИМА, навор
Микрофон, архивное фото

Интишори албоми сурудҳои ошиқона бар ашъори Камоли Хуҷандӣ дар Теҳрон

0
(Таҷдидшуда 02:59 26.11.2020)
Ба муносибати 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ – шоири маъруфи ғазалсарои тоҷик Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон лавҳи фишурда (CD) - и сурудҳо бар ашъори Камоли Хуҷандиро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба пойгоҳи итилоърасонии Муассисаи фарҳангии ЭКО, дар ин албоми навоҳову сурудҳои устодони мусиқии тоҷик ҳамчун Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯра‎бек Муродов, Абдуллоҳ Султон, Муродбек Насриддин, Ҷӯра‎бек Набиев, Ҷамшед Эргашов, Абдувалӣ Ҷалолов, Баҳрулло Абдуллоев, Маҳмадулло Қурбон, Маҳмадсаид Аҳмадов, Субҳони Саид ва Ғуломҷон Мирдадоев ба сурати савтӣ фароҳам омадаанд.

Ёдовар мешавем Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ифтихори ҷашни 700 - солагии Хоҷа Камол чанде пеш китобҳои "Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ", асари доктор Бадриддин Мақсудзода ва "Чиҳил дарси Камол" - 40 мухаммаси Сурайё Ҳасансултон - шоири тоҷик бар ғазалиёти Камолро бо хати форсӣ чоп намуд.

Нашри 50 ашъори Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ

Камоли Хуҷандӣ, шоири баландовозаи форсизабони тоҷикистонӣ, ки бо ғазалҳои шӯрангезаш шуҳраи офоқ аст, дар Хуҷанд мутаваллид ва дар Табрез ба хок супурда шудааст.

0
Барчаспҳо:
Теҳрон, суруд, Тоҷикистон, сафорат, "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, Эрон