(2:05 / 14.92Mb / просмотров видео: 146)

Путин дар бораи қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон: Русия наметавонад бетараф бошад

53
Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонанд дар мубориза бо тероризм дар Афғонистон муттаҳид шаванд, гуфт раисҷумҳури Русия дар нишасти матбуотӣ

Дар рафти нишасти матбуотии солона раисҷумҳури русия мавзуи амният дар Афғонистонро низ баррасӣ кард.

"Афғонистон — яке аз самтҳои корест, ки мо дар ҳақиқат метавонем дар ин ҷода қувваҳои худро ба Амрико муттаҳид кунем. Агар мо дар ин роҳ якҷоя кор карда тавонем, натиҷаҳо самараноктар хоҳанд буд",- гуфт Владимир Путин.

Изҳороти пурраи раисҷумҳури Русияро дар ин қазия дар навор тамошо кунед.

53
Барчаспҳо:
маводи мухаддир, терроризм, Владимир Путин, раисҷумҳур, Русия