(1:50 / 12.43Mb / просмотров видео: 1027)

Сабиқ вазир ба 8 соли зиндон маҳкум шуд (НАВОР)

108
(Таҷдидшуда 13:20 16.12.2017)
Собиқ вазири рушди иқтисоди Русия ба 8 соли зиндан дар маҳбасҳои низомаш сангин маҳкум гардид

Алексей Улюкаев соле пеш аз ҷониби мақомоти Русия ҳангоми гирифтани 2миллион доллар ришва боздошт шуда буд. Ҳангоми тафтишот амволи собиқ вазир мусодира шуд.Билохира имрӯз додгоҳ Алексей Улюкаевро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

108
Барчаспҳо:
ҳукм, зиндон, Алексей Улюкаев, Русия

Навори пурраи маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

169
(Таҷдидшуда 19:16 30.10.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон маросими савгандёдкунии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд

Маросим чун анъана дар Қасри миллат оғоз шуд ва дар Қасри Сомон ва майдони Дӯстӣ идома ёфт.

Ин маросим одатан бо супурдани шаҳодатномаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Нишони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.

Ба халқ содиқона хизмат мекунам: Президент савганд ёд кард

Раисҷумҳур дасти рост ба болои Сарқануни Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад.

Ёдрас мешавем, интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд ва боз барои 7 соли дигар президент интихоб гардид.

169
Барчаспҳо:
маросими савгандёдкунӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 8)

Маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон - анҷоми пахши мустақим

2169
(Таҷдидшуда 12:43 30.10.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад

Маросими савгандёдкунии президент - расман ба иҷрои вазифаи президенти Тоҷикистон шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон аст.

Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Он чун анъана дар Қасри миллат сар мешавад ва дар Қасри Сомон ва майдони Дӯстӣ идома меёбад.

Ин маросим одатан бо супурдани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.

Раисҷумҳур дасти рост ба болои Сарқануни Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад.

Ёдрас мешавем, интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

Роҳбандиҳо ҳангоми савганди Раҳмон дар Душанбе: эълони ВКД

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд ва боз барои 7 соли дигар президент интихоб гардид.

2169
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон