Оё метавон пас аз истеъмоли қаламфури тез овозхонӣ кард?

113
(Таҷдидшуда 09:43 20.12.2017)
Оҳангсоз ва ҳаҷвнигор Chili Klaus ба сарояндагони наврас қаламфур дод ва пасон озмоиш кард, ки оё метавон пас аз истеъмоли қаламфури тез сароид

Оҳангсоз ва ҳаҷвнигор Клаус Пилгор, ки дар интернет чун Chiki Klaus машҳур аст, чанд сол мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ блогнависӣ мекунад. Қаламфур аллакай қаҳрамони барномаҳояш шудааст. Ӯ боре озмоиш карда буд, ки оё пас аз истеъмоли қаламфури тез суруд хондан мешавад.

Ин бор ҳаҷвнигор қарор дода, ки чунин озмоишро бо кӯдакон гузаронад.

Оё метавон пас аз истеъмоли қаламфури тезовозхонӣ кард? Ҷавоби ин саволро аз навор дарёбед.

 

113

Рекорди нав: дар Тошканд 7 ошпаз шашлики 10 метра тайёр намуданд - видео

1149
(Таҷдидшуда 17:34 20.10.2020)
Ошпазҳои Ӯзбекистон дар ҷараёни як ҷашнвора дар боғи "Наврӯз" - и шаҳри Тошканд шашлики рекордӣ омода намуданд

Барои омода намудани сихкабоб 38 килограм гӯшти қимма масраф шуд. Барои ба сих печондани гӯшти қима вақти зиёд масрав шудааст.

Суруд ва намоҳанги ошпазҳои Узбакистон бо панҷ забон - видео

Дар омода намудани шашлики рекордӣ, дасти кам 7 ошпаз талош намуданд. Онҳо дастаҷамъона гӯшти қиммаро ба сихи 10 метра печонда, онро болои мангал гузоштанд.

Сихкабоби омодашударо ба ҳамаи меҳмонони хоҳишманд барои чашидан пешниҳод намуданд.

1149
Барчаспҳо:
навор, ошпазӣ, Тошканд

Сӯхтори бузург дар маъдани тилло дар Қирғизистон - навор

188
(Таҷдидшуда 18:22 19.10.2020)
Дар интернет навори шоҳидон аз оташсӯзии шадид дар маъдани тилло дар ҷумҳурии Қирғизистон нашр шудааст

Ҳодиса субҳи душанбе дар кони Иштамбердӣ, дар дар ноҳияи Алабуки вилояти Ҷалилобод рух додааст.

Бино бар иттилои раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳия, маълумот дар бораи сӯхтор ба навбатдор соати 10:15 расидааст. Сӯхтор дар биное сар задааст, ки ба ширкати Full Gold Mining тааллуқ дорад.

Барои бартараф кардани сӯхтор ду воҳидҳои сӯхторхомӯшкунӣ ирсол гардид.

Бино бар иттилои пешакӣ оташсӯзӣ дар натиҷаи корҳои кафшергарӣ сар задааст.

Шоҳидон дар Фейсбук навори сӯхтори мудҳишро нашр кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, оташ аз қисми истеҳсолии маҷмаа, ки дар он сианид истифода мешавад, забона задааст. Раёсати ВКД ин маълумотҳоро рад мекунад.

188
День 21 октября

Ҷашнҳои рӯзи 21 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:50 20.10.2020)
Рӯзи 21 октябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун рӯзи ширинӣ ва дар Бритониёи Кабир рӯзи себ таҷлли мешавад

Рӯзи 21 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1969 дар  Тошканд аввалин Кинофестивали байналмилалии давлатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ доир шуд.

Город Ташкент, архивное фото
Город Ташкент, архивное фото

Соли 1994 Академияи телевизионии Русия ҷоизаи ҳамасолаи "ТЭФИ"-ро таъсис дод.

Вручение телевизионной премии ТЭФИ 2017
© Sputnik / Владимир Астапкович
Вручение телевизионной премии "ТЭФИ 2017"

Рӯзи 21 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар Душанбе созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки рушди УрОсиё (БРАО) дар бораи фаъолият ва кушодани дафтари Бонк дар Тоҷикистон ба имзо расид

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Кумита оид ба ҳимояи ҳуқуқи журналистон зери номи “Кумитаи 29 сентябр” таъсис ёфт.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе татбиқи "Барномаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои солҳои 2006-2010" муҳокима карда шуд.

Соли 2014 Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи "Сока" — и  Ҷопон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Здание Российско-Таджикского (славянского) университета, архивное фото
© Sputnik Амир Исаев
Здание Российско-Таджикского (славянского) университета, архивное фото

Соли 2015 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши "Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир" оғоз гардида, 20 ноябр ба анҷом расид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2016 масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуданд.

Соли 2016 вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барномаи ҳамкории мутақобила барои солҳои 2017-2020 –ро ба имзо расониданд.

Соли 2015 дар чойхонаи миллии қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дворец Арбоб в Худжанде
© Sputnik / Стас Этвеш
Дворец Арбоб в Худжанде

Соли 2016 дар Қасри миллат дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлют Човушоғлу масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ду давлат ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 октябр

  • Дар ИМА — Рӯзи ширинӣ.
  • Дар Британияи Кабир —  Рӯзи себ.
  • Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ дар Гондурас.
  • Рӯзи инқилоб дар Сомалӣ ва Судон.

Рӯзи 21 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Нарзулло Азимов (1934)- адабиётшинос, профессор.

Зинаида Захарова (1929) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон.

Маҳмуд Исмоилов (1929-2011) – доктори илми биологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Солеҳҷон Фармонов (1922) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Марианна Фофанова (1921) – шоира, мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Григорий Ясвоин (1884 – 1963) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон