(2:01 / 14.20Mb / просмотров видео: 3746)

Сармуҳаррири Sputnik ба ғолибони озмуни "Ты спур! Танцы" тӯҳфаи солинавӣ дод

44
(Таҷдидшуда 13:06 24.12.2017)
Маргарита Симонян гуфт, кӯдаконе ки дар ин озмун ширкат кардаанд дар оянда низ таҳти сарпарастии созмондиҳандагони озмун қарор мегиранд

Ғолибони озмуни "Ты спур! Танцы" аз сармуҳаррири Sputnik Маргарита Симонян тӯҳфаи солинавӣ гирфтанд. Онҳо як ҳафта ба саёҳати шаҳри Санкт-Петербург мераванд. Ҳамчунин, Семонян афзуд ин кӯдакон дар оянда низ зери сарпарастии Sputnik қарор хоҳанд гирифт.

"Мо барои Шумо степендияи ҳармоҳа ташкил додем ва дар оянда барои дохил шудан ба донишгоҳ мусоидат мекунем",- гуфт вай.

44
Барчаспҳо:
тӯҳфа, Маргарита Симонян, Русия

Набарди Ҳабиб бо Гетҷи: кӣ ғолиб меояд

2679
(Таҷдидшуда 02:26 25.10.2020)
Муҳорибаи калидии UFC 254 дар шаҳри Абу - Дабӣ ин набарди Ҳабиби Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гетҷи мебошад

Ҳамакнун Қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар доираи муҳорибаи UFC 254 дар Абу-Дабӣ бо рақибаш Ҷастин Гетҷи вориди октагон гардиданд.

Муҳорибаи мазкур  рақобати калидии ин шом хоҳад буд.

Ҳар ду размикор аллакай аз маросими вазнкашӣ гузаштанд ва вазни онҳо баробар ба 70 килограмму 300 грамм мебошад.

Зимнан, маросими вохӯрии "чашм ба чашм" хеле оромона баргузор шуда буд. Варзишгарон бидуни ягон нағмакорӣ дасти ҳамдигарро сахт фишурданд.

Барои размикори доғистонӣ ин аллакай 29 - умин рақобат ба ҳисоб меравад. Ҳабиб то ҳол дар ягон муҳорибаи худ ба бохт дучор нашудааст.

Рақиби ӯ Ҷастин Гейҷӣ бошад, танҳо ду маротиба аз 22 рақобати доиргардида, мағлуб шудааст.

2679
Барчаспҳо:
навор, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ҳабиб урён ва Гейҷӣ бо ниқоб: навори вазнченкунии размикорон

1572
(Таҷдидшуда 17:51 24.10.2020)
Қабл аз муҳорибаи дарпешистодаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов а Ҷастин Гейҷӣ, маросими вазнченкунии онҳо баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов имрӯз бори саввум барои ҳифз намудани камрбанди қаҳрамонияш талош мекунад. Қабл аз муҳориба, ҳар ду размикорро болои тарозу бароварда, вазнашонро санҷиданд.

Бар тибқи натиҷаи маросими вазнченкунӣ, Ҳабиб ва Гейҷи вазни баробар доштанд. Ҳар ду варзишгар 70 килограмму 300 грам вазн доранд.

Ҳабиб тамоман урён  болои тарозу баромад ва каме ҳаяҷонзада ҳам буд. Гейҷӣ бошад, бо ниқоби тиббӣ ва табассумкунон вазнашро санҷид.

Муҳорибаи онҳо шоми имрӯз соати 21:00 ба вақти Маскав ва 23:00 ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳабиб ҳоло ҳамаи муҳорибаҳояшро бидуни мағлубият анҷом додааст. Рақиби ӯ бошад ҳамагӣ ду маротиба рақобатро бохт.

1572
Барчаспҳо:
вазн, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:20 25.10.2020)
Рӯзи 26 октябр рӯзи пайдоиши футбол (1863) буда, рӯзи миллии Озарбойҷон мебошад. Дар ин рӯз ҳунармандони халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва Мастона Эргашева ба дунё омадаанд

Рӯзи 26 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1861 олими немис Филипп Рейс дар Франкфурт ихтирои худро ба намоиш гузошт ва минбаъд онро телефон номид.

 

Телефон в центре управления остановленного третьего реактора на Чернобыльской атомной электростанции
© REUTERS / Gleb Garanich
Телефон в центре управления остановленного третьего реактора на Чернобыльской атомной электростанции

 

Соли 1863 дар шаҳри Лондон Ассотсиатсияи футболи Англия таъсис дода шуд.Соли 1900 дар Ню-Йорк аввалин хатти метрополитен кушода шуд.

 

Стадион Уэмбли в Лондоне
© Sputnik / Антон Денисов
Стадион "Уэмбли" в Лондоне

 

Соли 1932 Иосиф Сталин нависандагонро "муҳандисони қалби инсонҳо" унвон кард.Соли 1956 Агентии байналхалқӣ оид ба энергияи атомӣ таъсис ёфт.

 

Иосиф Виссарионович Сталин (Джугашвили), Генеральный секретарь ЦК ВКП (б)
© Sputnik / РИА Новости
Иосиф Виссарионович Сталин (Джугашвили), Генеральный секретарь ЦК ВКП (б)

 

Соли 1978 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон дошт, ки барангезандаи бемории нағзак (оспа) дар табиат маҳв карда шуд.

Соли 1990 Шон Шеннони канадагӣ барои дар 26 сония хондани монологи Гамлет «Будан ё набудан» рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 дар натиҷаи заминҷунбии 7,5-балла дар Афғонистон ва Покистон беш аз садҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи вақти Қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка  Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфт.

Соли 2011 Клуби футболи "Регар-ТадАЗ" — и шаҳри Турсунзада  барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали раисҷумҳури вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон масоили кунанӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 дар Қасри миллат Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқро ба ҳузур пазируфт.

Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр

Рӯзи пайдоиши футбол (1863).
Рӯзи миллии Озарбойҷон.

Рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1945 – доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Соли 1945 – Ҳунарпешаи шоистаи театри лӯхтаки Тоҷикистон Зафар Ҷаводов

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов.

Народный артист Таджикистана, исполнитель фалака Давлатманд Холов
Amir Isaev
Народный артист Таджикистана, исполнитель фалака Давлатманд Холов


Соли 1952 – Ҳунарманди халқии Мастона Эргашева.

Соли 1953 – композитор Борис Пиговат.

Соли 1978 – журналист Олга Тутубалина.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон