(1:26 / 11.67Mb / просмотров видео: 2340)

Ба мухолифин чӣ назар доред?: Кӯдакон дар Кремл Путинро саволборон карданд

194
Ғолибони олипиадаҳо ва кӯдакони макбат-интернатҳо ҳангоми таҷлили Соли нав дар майдони Кремл ногаҳон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин во хӯрданд

Дар як лаҳза тамоми кӯдаконе, ки дар атрофи майдони Сурх буданд, дар гирди раисҷумҳур ҷамъ омдаанд. Онҳо, ки умедвор набуданд дар ин ҷо бо шахси аввали Русия рӯ ба рӯ мешаванд, Путинро саволборон карданд. Касе мепурсид, ки оё орзуҳои солинавии Путин амалӣ шудаанд. Касе мегуфт, ба мардуми Русия Путин чӣ орзу мекунад.

Ҳатто рӯзнаманигору сиёсатмадорони оянда ҳам пайдо шуданд ва аз Путин дар бораи мухолифин пурсон шуданд, ки ӯ нисбати онҳо чӣ назар дорад. Раисҷумҳур бошад, посух дод, ки назари мусбат дорад.

194
Барчаспҳо:
мухолифин, савол, кӯдакон, Владимир Путин, Русия
(128:04 / 611.79Mb / просмотров видео: 30)

Маросими "сангандозӣ сӯи шайтон" дар Макка

349
(Таҷдидшуда 19:31 02.08.2020)
Дар Арабистони Саудӣ феълан зиёрати Хонаи Худо идома дорад ва алъон зоирин маросими "сангандозӣ сӯи шайтон" - ро иҷро мекунанд

Имсол зиёрати Хонаи Худо 29 - уми июл шӯрӯъ шд ва то 2 - юми август идома кард.

Дар рӯзи охири зиёрат, мусалмонон маросимим "сангзании шайтон"- ро ба ҷо меоранд. Зоирин ба се девор, ки дар Мино дар шарқи Макка ҷойгир аст, санг меандозанд.

Сангсор кардан яке аз амалҳои ҳатмии маросимест, ки бояд ҳангоми ҳаҷ анҷом дода шавад. Ин маросим таҷдиди рамзии як воқеаест аз ҳаёти пайғамбар Иброҳим, ки сӯи шайтон санг мепартофт, чун шайтон васваса мекард, ки амри Худовандро иҷро накунад ва фарзандашро аз марг наҷот диҳад.

Ҳаҷ - 2020 лағв мешавад? Дар Арабистони Саудӣ теъдоди маризони COVID -19 рӯ ба афзоиш аст

Зоирин бояд ба ҳар девор 7 - тои санг ҳаво диҳанд. Пас аз сангсор кардани шайтон, зоирин бояд ё мӯйи сарашонро қайчӣ ва ё комилан кал кунанд. Давоми ду рӯзи оянда онҳо бояд ба ҳар се девор ҳафт маврид санг андозанд. Ҳар як зиёраткунанда бояд ҳадди аққал 49 санг партояд. 

Маъмулан сангҳоро дар Мино ва ё дар Муздалифа як рӯз қабл аз ин маросим ҷамъоварӣ мекунанд.

349

Намоз ва қурбонӣ онлайн: коронавирус чигуна Иди Қурбонро тағйир дод

122
Мусалмонон намози идро онлайн бо ҷамоат гузоштанд. Дар Қазоқистон бошад, хизматрасонии қурбонии онлайн роҳандозӣ гардид, ки хоҳишмандон фармоиш доданд

Қалби дини мубини Ислом Макка бори нахуст дар Иди Қурбон хело камодам аст. Атрофи Каъбаро ба ҷои 2,5 миллиони ҳарвақта 10 ҳазор нафар давр мезананд. Зеро бо далели пандемия танҳо шаҳрвандони подшоҳӣ метавонанд ҳаҷ кунанд.

Дар Маскав намози ид бо шумораи маҳдуди мусалмонон баргузор гардид, дар он танҳо ходимони дин иштирок доштанд.

Лекин мусалмонон тариқи онлайн ба намози ид пайваст гардиданд.

Дар Қазоқистон хизматрасонии нав қурбонии онлайн ташкил шуд. Гусфандро метавон фармоиш дод, онро ба се қисм тақсим карда, қисмашро ба манзили фармоишгар қисмашро тариқи муфтиёт ба эҳтиёҷмандон тақсим мекунанд.

Дар Ӯзбекистон бино бар мавҷи дувуми коронавирус вазъият мушкилтар аст: масҷиду қабристонҳо бастаанд, қурбониро танҳо дар ҳалқаи пайвандон метавон анҷом дод.

 

122
Рахимзода посетил семью Эмомовых

Ҳадяи хотиравии Аҳмадзода ба хонаводаи Эмомовҳо

0
(Таҷдидшуда 17:14 03.08.2020)
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аз хонаводаи аз хонаводаи Эмомовҳо боздид карда ба онҳо туҳфаи хотиравӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар деҳаи Тоҷикобод аз манзили истиқоматии шаҳрванд Муҳаммадшоҳ Эмомов боздид намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммадшоҳ Эмомов ва аҳли оилаи ӯ имрӯзҳо бо истифода аз мавсими ғуну чини ҳосил барои зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинанд.

Манбаъ афзуда, ки оилаи Эмомовҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистон ба таври кофӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гандум, равған, шолӣ, лӯбиё, мош, картошка, пиёз, сирпиёз, сабзиву гӯшти қоқро захира намудааст. Аъзои ин оила ҳамзамон аз дастранҷи деҳқонии худ маҳсулоти консервагӣ низ омода намуда истодаанд.

"Раиси вилоят аснои боздид таҷрибаи ин оиларо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, ба Муҳаммадшоҳ Эмомов туҳфаи хотиравӣ тақдим кард", - омадааст дар хабарнома.

Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бояд ҳар як оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор заруриро нигаҳдорӣ намояд.

0
Барчаспҳо:
ҳадя, кумак, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд