Навори шоҳидон: бархӯрди автобус бо истгоҳ дар Маскав

115
Дар шаҳри Маскав боз як автобус аз роҳ бероҳ шуда мусофиронеро, ки дар истгоҳ мунтазир буданд, пахш кард

Бино бар охирин додаҳо, дар ин пешомад 2 кас кушта шудааст.

Ин ҳодиса дар истгоҳе рух дода, ки наздик ба истгоҳи метрои "Сходненская" дар шимолу ғарби шаҳри Маскав ҷойгир аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанд рӯз пеш аз ин ҳам автобусе мусофиронро дар назди истгоҳи метрои "Славянский булвар" пахш кард. Чаҳор кас кушта ва 15 кас захмӣ шуда буданд.

115
Барчаспҳо:
автобус, фоҷиа, Русия