Квота нест: дар Русия ОМОН анбӯҳи муҳоҷиронро пароканда кард (НАВОР)

Обуна шудан
Дар шаҳри Томск кормандони ОМОН гурӯҳе муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро, ки дар назди дари Маркази муҳоҷиратӣ ҷамъ омада буданд, пароканда кард

Гап сари он буд, ки ин муҳоҷирон барои пешниҳоди дархост барои гирифтани иҷозатномаи истиқоматӣ ё шаҳрвандии Русия ҷамъ омада буданд. Аммо шумораи онҳо бо шумораи квотае, ки Ҳукумати Русия дар ин минтақаъ барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудо кардааст, рост намеомад.

Дар соли 2018 барои ин вилоят ҳамагӣ 1000 квота ҷудо  шудааст. Шаҳрвандони хориҷие, ки натавонистанд то имрӯз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд, бояд як соли дигар интизор шаванд.

Лентаи хабарҳо
0