(2:22 / 16.16Mb / просмотров видео: 17291)

Навори шоҳидон: сӯхтори шадид дар бозори калонтарини Бишкек

290
Сӯхтор дар яке аз марказҳои савдои бозор сар задааст, то ҳол дар бораи ҷабрдидагон маълумоте нарасидааст

Субҳи 30 январ дар яке аз бозорҳои бузургтарини шаҳри Бишкек-Бозори Ӯш сӯхтор сар зад. Барои сӯхторхомӯшкунӣ 5 мошини оташсӯзӣ ҳозир шуданд.

Сӯхтор дар яке аз марказҳои савдои бозор сар задааст, то ҳол дар бораи ҷабрдидагон маълумоте нарасидааст

290
Барчаспҳо:
сӯхтор, бозор, Бишкек, Қирғизистон, Осиё

Сӯхтор дар калисои қадимии асри XIX дар Томск- видео аз ҷои ҳодиса

50
(Таҷдидшуда 17:53 04.07.2020)
Калисои чӯбии қадимае дар шаҳри Томски Русия дар паи сӯхтор қариб пурра хокистар шуд. Оташнишонон тавонистанд гузаштани оташ ба дигар манотиқро пешгирӣ кунанд

Дар Русия яке аз қадимтарин калисоҳои кишвар нобуд шуд. Дар шаҳри Томск калисое, ки тақрибан 145 сол дошт пурра хокистар шуд. 

Бино ба гуфти шоҳидони ҳол сӯхтор дар паи раъду барқ оташ гирифтааст.

Ин калисо, ки яке аз қадимтарин бинои чӯбии ин минтақа буд, дар давоми як соат ба хок яксон шуд.

Ба вокуниши саривақтии оташнишонон нигоҳ накарда, калисо пурра ба коми оташ рафт. Наҷотдиҳандагон натавонистанд, ин бинои асри XIX - ро наҷот диҳанд.

Дар баробари ин хатари гузариши оташ ба дигар биноҳо низ вуҷуд дошт, ки бо қувваи оташнишонон ин хатар пурра бартараф карда шуд.

Дар паи сӯхтор, хушбахтона касе осеб надид.

50
Барчаспҳо:
сӯхтор, Томск

Аз меваю сабзавот то нону асал: Раҳмон аз ҳосили фаровони деҳқонон дидан кард - навор

153
(Таҷдидшуда 16:10 03.07.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз вилояти Суғд, аз натоиҷи заҳмати деҳқонони ин минтақа дидан намуд

Навор аз лаҳзаи боздиди кишвардори Тоҷикистон аз заминҳои кишт ва боғзорҳои Суғд дар сафҳаи Президент дар Фейсбук нашр шудааст.

Аз навор бар меояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дидан намудан аз кори заҳматталаби деҳқонон ба заминҳои кишт ва боғзорҳо ташриф  овард.

Оғози сафари раисҷумҳур ба Суғд: Раҳмон дар Хистеварз беморхонаи “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ кард

Сарвари давлат дар ин навор бо деҳқонон сӯҳбатҳо ороста аз нақшаву ниятҳо ва ҳамзамон мушкилоти онҳо пурсон шудааст.

Дар навор заминҳои кишти помидор, ғаллаву ҷуворимакка нишон дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминҳое боздиди намуд, ки маҳсулоти он ба кишварҳои хориҷ содирот мешавад.

153
Барчаспҳо:
деҳқон, навор, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд
День 5 июль

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:10 04.07.2020)
Рӯзи панҷуми июл дар Венесуэла – Рӯзи Истиқлолият, дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон, дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия ва дар Украина – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ мебошад

Рӯзи 5 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1841  Томас Кук  аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон агентии сайёҳӣ кушод.

День 4 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1865 дар Лондон Созмони хайрияи «Артиши наҷот» ташкил карда шуд.

Соли 1918 Ҳизби коммунистии Украина таъсис дода шуд.

Соли 1924 дар Порис маросими ботантанаи ифтитоҳи Бозиҳои ҳафтуми тобистонаи олимпӣ баргузор гардид.

Соли 1954 аввалин маротиба пахши барномаҳои хабарии телевизиони Би-Би-Сӣ ба роҳ монда шуд.

Соли 1994 дар Чин истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда шуд.

Рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2000 дар шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳои СҲШ (Панҷгонаи Шанхай: Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон) баргузор гардид.

День 3 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2001 дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Украина 10 созишномаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расид.

Соли 2004 дар шаҳри Душанбе Аввалин бонки молиявии хурд ба истифода дода шуд.

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуданд.

Соли 2013 Президент дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар корхонаи нави пахтатозакуниро, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода дод. Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад.

Соли соли 2013 дар бӯстонсарои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 279 нафар мактаббачагону донишҷӯёне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, вохӯрии самимӣ анҷом доданд.

Соли 2019 хабар дода шуд, ки паҳлавони тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нурсултон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл

  • Дар Венесуэла – Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон.
  • Дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Украина – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.

Рӯзи 5 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 182 — Сун Тсюан (соли даргузашт - 252), аввалин шоҳи қарни Се салтанат дар Чин.

Соли 1802 — Павел Нахимов (даргузашт 1855), адмирали рус.

Соли 1857 - Клара Тсеткин (даргузашт 1933), фаъоли ҳаракати коммунистӣ ва олмонӣ.

Рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1914 – журналист Ноёбшо Бодурбеков.

Соли 1930 – журналист Мадориф Шарифзода.

Соли 1931-1990 – олим - адабиётшинос Абдуллоҷон Ғаффорзода.

Соли 1933 – журналист Нусратшо Таваллоев.

Соли 1936 – доктор, профессор Муқаддама Ашрафӣ.

Рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон кӣ вафот кард

Соли 1971 — Муҳаммадҷон Қосимов (соли таваллуд 1907), ҳунарманди тоҷик.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 29 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон